Амали ҷарроҳии Латифи Пидром, раҳбари ҳизби Кунгуреи миллии Афғонистон ва узви порлумони Афғонистон, бахубӣ ва бо муваффақият анҷом ёфтааст.
Ин хабарро наздикон ва сухангӯи ҳизби Кунгуреи миллии Афғонистон таъйид кардааст ва худи Латифи Пидром низ бо нашри видеуе дар сафҳаи фейсбукии худ ба тарафдорони худ пайғом дод, ки ҳоли ӯ мусоъид аст ва амали ҷарроҳӣ бидуни хатаре пушти сар шудааст.

Латифи Пидром яке аз номзадҳо дар интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистон аст, ки 6 рӯз пеш ҳангоми ҳузур дар маросими 24-умин солрӯзи кушта шудани Абдулъалии Мазорӣ, раҳбари пешини ҳизби Ваҳдати исломии Афғонистон, дар ҳамлае мусаллаҳона ва барномарезишуда бар асари гулӯла ва хумпора захмӣ шуда буд.



