Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
No Result
View All Result
فارسی | English
Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
Zamaneh Tajik
No Result
View All Result

Ду кушта дар даргириҳои қавмӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

shahzoda by shahzoda
28 March 2019
in Human rights, Minorities, Матолиби баргузида, Сиёсат, Хабарҳо
Ду кушта дар даргириҳои қавмӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Дар даргириҳои марзӣ байни сокинони тоҷику қирғиз, ки рӯзҳои 13 ва 14-и март рух дод, ду табаъаи тоҷик кушта ва беш аз 20 тани дигар захмӣ шудаанд.

Рустоҳои Ворух ва Оқсой дар минтақае марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон воқеъанд, ки дар онҷо арозии мавриди баҳс байни ду кишвар вуҷуд дорад.

Ба гузориши шоҳидони айнӣ, ин даргириҳо ба дунболи иқдоми мақомоти қирғиз ба сохтани ҷоддае дар минтақаи марзии мавриди баҳс рух додааст.

Намояндагони Салиби Сурх дар минтақа то ҳол муваффақ нашудаанд аз маҳал боздид кунанд ва ба осебдидагон кумакҳои пизишкӣ расонанд. Гуфта мешавад, ки нерӯҳои марзбонии қирғиз аз ироаи кумакҳои башардӯстонаи ин созмони байналмилалӣ монеъ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон низ то ҳол натавонистаанд вориди маҳал шаванд ва бо сокинони Ворух ва шоҳидони айнӣ рӯдаррӯ гуфтугӯ кунанд. Ин дар ҳолест, ки мақомоти қирғиз бидуни ҳеҷ мамонеъате аз маҳали даргириҳо борҳо боздид ва ин масъаларо дар порлумони кишварашон баррасӣ кардаанд.

Роҳҳои заминӣ байни рустоҳои ин ду кишвар, аз ҷумла роҳ ба деҳаи Ворух, ки беш аз 30 ҳазор ҷамъият дорад, пас аз вуқӯъи даргирӣ баста шуда ва маълум нест чи вақте дубора боз хоҳад шуд. Пизишкони созмони башардӯстонаи Салиби Сурх, ки дар марзи Тоҷикистон мунтазири иҷозаи вуруд ба маҳалланд, иттилоъоти рӯшане аз вазъияти маҷрӯҳон ва дарёфти муҷаввизи вуруд ба маҳал надоранд.

Ин аввалин бор нест, ки дар марзҳои номушаххаси байни ин ду кишвари ҳамсоя пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ баҳсу даъвоҳои сокинон мунҷар ба даргириҳои хунини қавмӣ байни тоҷикону қирғизҳо мешавад.

Аз 970 килуметр марзи муштараки байни ду кишвар 470 килуметр ҳамчунон дақиқ ва нишонагузорӣ нашуда ва музокироти мақомҳои ду кишвар дар ин маврид борҳо бенатиҷа анҷом ёфта ва ҳар бор ҳалли ин мавзӯъро ба таълиқ андохтаанд.

Таълиқи ҳалли ин масъала тайи се даҳаи гузашта боъиси даргириҳои хунин ва талафоти ҷонӣ ва аз байн рафтани амволу дороиҳои хусусии шаҳрвандон дар ин минтақаи дорои марзҳои номушаххас шудааст.

Низоъҳои қавмӣ аз нуқоти заъфи ин кишварҳои тозатаъсиси пасошӯравӣ аст, ки барои мардуми Осиёи Миёна аз даврони “табартақсим”-и Истолин мерос расидааст.

Tags: Ворухдаргириҳои қавмӣҚирқизистонСалиби СурхТоҷикистон

Related Posts

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом
Сиёсат

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом

5 November 2019
Моҷарои хезиши септомбри Миср чи буд?
Сиёсат

Моҷарои хезиши септомбри Миср чи буд?

30 October 2019
Чиро диктотурҳо аз қиссагӯён метарсанд?
Minorities

Чиро диктотурҳо аз қиссагӯён метарсанд?

1 October 2019

This ad can be change in the Widget Section – Default Sidebar

“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

© 2018 Radio Zamaneh, Tajikistan

No Result
View All Result
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо