Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон, дар суханроние, ки имрӯз, 19-и март, аз тариқи шабакаи телвизиюнии ин кишвар пахш шуд, эълом кард, ки аз мақоми риёсати ҷумҳурӣ канорагирӣ кардааст. Бо ин ки ӯ далели канорагирии худро тавзеҳ надода, аммо шубҳае дар қатъӣ будани ин тасмими Назарбоев вуҷуд надорад.

Истеъфои оқои Назарбоев таҳаввулоти сиёсӣ дар кишвар ва минтақаро ба дунбол хоҳад дошт. Ҳарчанд ӯ дар мақомҳои раиси Шӯрои амнияти миллӣ ва раҳбари ҳизби ҳоким ва пурқудрати “Нур Отан” ба фаъолиятҳои сиёсии худ идома хоҳад дод.
Бисёре муътақиданд, ки мумкин аст оқои Назарбоев ба мисли Путин, раисҷумҳури Русия, пас аз канорагирӣ аз симати худ ҳамчунон дар пушти парда ба унвони фарди аввали тасмимгиранда боқӣ бимонад.
Далоили канорагирии Нурсултон Назарбоев равшан нест ва расонаҳои дохилӣ низ аз баёни эҳтимолот худдорӣ кардаанд ва ин иқдоми ӯро ба фоли нек гирифта ва шурӯъи навъе тағйироти мусбат дар кишвар арзёбӣ кардаанд.
Нурсултон Назарбоев дар замони Шӯравӣ дар мақоми раҳбарии Қазоқистон фаъолият дошт. Вай аз соли 1984 то 1989 раиси Шӯрои вазирон, аз 1989 то 1991 дабири аввали ҳизби кумунисти Қазоқистон ва аз баҳори 1990 то декабри 1991 раиси Ҷумҳурии Шӯравии Сӯсиёлистии Қазоқистон буд.
Пас аз истиқлоли Қазоқистон аз Иттиҳоди Шӯравӣ, Назарбоев дар нахустин интихоботи саросарӣ дар ин кишвари тоза ба истиқлол расида дар декабри соли 1991 ба унвони нахустин раиси ҷумҳурии ин кишвар интихоб шуд.
Ба ин тартиб, Назарбоев беш аз 35 сол аст, ки раҳбар ва шахси аввали Қазоқистон будааст.
Қазоқистон аз сарватмандтарин ҷамоҳири собиқ Иттиҳоди Шӯравист ва бо истифода аз он сарват дар 35 соли гузашта ва фурсате, ки оқои Назарбоев дошта, метавонист ба пешрафтҳо ва дастовардҳои назаррасе ноил шавад.
Аммо ҳоло ба назар намерасад, ки ӯ дар 79-солагӣ битавонад таҳаввуле дар вазъи кунунии кишвар эҷод кунад. Бо ин истидлол бисёре аз коршиносони маҳаллӣ ин тасмими ӯро “оқилона” ва “мусбат” унвон кардаанд.



