Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
No Result
View All Result
فارسی | English
Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
Zamaneh Tajik
No Result
View All Result

Бозпас овардани кӯдакони хонаводаҳои узви Доъиш аз Ироқ

shahzoda by shahzoda
16 May 2019
in Матолиби баргузида, Хабарҳо
Бозпас овардани кӯдакони хонаводаҳои узви Доъиш аз Ироқ

Беш аз 80 кӯдаки тоҷик, рӯзи якуми май, аз Бағдод ба Душанбе бозпас оварда шуданд. Ин кӯдакон, ки ҳамроҳ бо волидайни худ ба Ироқ сафар кардаанд, ҳоло бидуни волидайни худ ва бо ризоияти модарони худ, ба зодгоҳашон оварда шуданд.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, ки падарони ин кӯдакон дар тайи солҳои гузашта ба гурӯҳи теруристии Доъиш пайваста ва ҳамсару фарзандони худро низ ба Ироқ, маҳалли фаъолияти ин гурӯҳи исломии ифротӣ бурдаанд.

Дар ъайни ҳол модарони ин кӯдакон дар зиндонҳои Ироқ бо ҷурми убури ғайриқонунӣ аз марз ба сар мебаранд ва равшан нест, ки барои озодии онҳо чӣ иқдомҳое сурат гирифтааст. Падарони ин кӯдакон ва ҳамсарони заноне, ки дар зиндонҳои Ироқ маҳбусанд, ё кушта шудаанд ё ба эҳтимоли зиёд аз артиши Доъиш фирор кардаанд ва ба таври ғайриқонунӣ дар марзҳои Ироқ фирорианд.

Бо вуҷуди ин ки мақомоти масъули тоҷик, ки то ҳол дар овардани ин 84 кӯдаки тоҷик муваффақ шуданд, гуфтаанд, аммо ҳанӯз кӯдакони дигаре низ дар зиндонҳои Ироқ ҳамроҳ бо модарони худ ба сар мебаранд ва ба хотири равшан набудани озмоиши жен (ДНА) ба Тоҷикистон оварда нашудаанд. Ин ба он маъност, ки падарони ин кӯдакон мумкин аст, ки тоҷик набошанд. Мавриди савол аст, ки чиро мақомоти Тоҷикистон тоҷик будани модари ин кӯдаконро дасти кам гирифтаанд.

Мақомоти тоҷик дар бораи овардани модарони ин кӯдакони тоҷик барномаи равшане эълом накардаанд ва маълум нест, ки теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон дар айни ҳол дар артиши Доъиш чанд нафар аст.

Бо ин ҳол амале, ки мақомоти Тоҷикистон дар бозпас овардани ин кӯдакон анҷом доданд, боъиси таҳсин ва истиқболи ҷомеъаи ҷаҳонӣ шудааст. Бархе аз кишварҳои Урупоӣ, ба вижа Ҳоланд, ҳанӯз барои овардани фарзандони шаҳрвандони Ҳоландиро, ки ба гурӯҳи Доъиш пайвастаанд, тасмими қатъӣ нагирифтаанд ва ин кӯдакон ҳамроҳ бо волидайни худ дар зиндонҳои Ироқ ба сар мебаранд.

Tags: ДоъишЗамона Тоҷикистон

Related Posts

PCOS чи навъ беморӣ аст?
Women

PCOS чи навъ беморӣ аст?

1 October 2019
“Ҷавонон барои волоияти қонун”
Multimedia

“Ҷавонон барои волоияти қонун”

1 November 2019
Режаи Ифтихори Куир дар Амстердам: саввумин ҳузури мутаволии қоиқи Эрон
Gallery

Режаи Ифтихори Куир дар Амстердам: саввумин ҳузури мутаволии қоиқи Эрон

7 August 2019

This ad can be change in the Widget Section – Default Sidebar

“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

© 2018 Radio Zamaneh, Tajikistan

No Result
View All Result
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо