Ҷамъе аз донишмандони пешрави ҷаҳон ҷомеътарин пажӯҳиши торихӣ дар бораи саломати сайёраро мунташир карданд. Онҳо дар ин пажӯҳиш ҳушдор додаанд, ки коҳиши пуршитоби танаввуъи зистӣ ва системҳои табиъӣ ҷомеъаи инсониро дар маърази хатар қарор додааст.
Бар асоси гузорише, ки ахиран аз сӯи Маркази Арзёбии Ҷаҳонии Созмони Милал мунташир шуда, нархи тахриби табиъат ва танаввуъи зистӣ даҳҳо то садҳо бор бештар аз мутавассити тахриби он дар 10 милюн соли ахир аст. Ин тахриб аз нобудии сахраҳои марҷонии зери уқёнус то хушк шудани ҷангалҳои боронӣ ва бадал шудани онҳо ба даштҳои ҳамворро дар бар мегирад.
Теъдоди пистондорони ваҳшӣ 82 дарсад коҳиш ёфта, экусистемҳои табиъӣ ҳудуди ниме аз вусъати худро аз даст додаанд ва милюнҳо гуна дар хатари нобудӣ қарор доранд. Бар асоси ин пажӯҳиш, ки дар тайи се сол ва бо мушорикати 450 донишманд ва диплумот сурат гирифта, ҳамаи ин тахрибҳо ба таври умда натитҷаи иқдомоти башар аст.
Як севуми сахраҳои марҷонӣ, ва ҳамин тур, ду гуна аз ҳар панҷ гунаи дузистон дар маърази инқироз (нобудӣ) қарор доранд. Ин дар ҳолест, ки ҷамъияти соири ҳайвоноти дарёӣ то як севум коҳиш меёбад.
Дар мавриди ҳашарот, ки барои гардаафшонии гиёҳон зарурӣ ҳастанд, тасвири чандон рӯшане вуҷуд надорад, аммо тахминҳои муҳофизакорона нишон медиҳад, ки ҳадди аққал як дар 10 гунаи онҳо дар хатари инқироз ҳастанд ва дар бархе манотиқ ҷамъияти онҳо коҳиши чашмгир доштааст.
Аз манзари иқтисодӣ ин тахрибҳо шигифтовар ҳастанд. Коҳиши гардафшонӣ боъис мешавад, ки 577 милюн дулор аз тавлидоти кишоварзӣ дар маърази хатар қарор бигирад ва истеҳлок (фарсоиш)–и замини ҳосилхез 23 дарсади заминҳои ҷаҳонро коҳиш додааст.
Ҳушдорҳо ҷиддӣ ва воқеъианд
Бар хилофи интизорҳо, ҳушдорҳои гузориши Созмони Милал, ки маъмулан бояд бо тавофуқ миёни ҳамаи миллатҳо мунташир шавад, ин бор хеле ҷиддӣ будааст.
Кишоварзӣ ва парвариши моҳӣ аввалин авомили тахриби табиъатанд. Тавлиди ғизо аз даҳаи 70 ба таври қобили таваҷҷуҳе афзоиш ёфтааст, то ба ниёзи ҷамъияти рӯ ба рушди ҷаҳон посух диҳад ва дар айни ҳол боъиси эҷоди шуғл ва рушди иқтисодӣ шудааст. Аммо инҳо ҳама ҳазинаҳои зиёдеро таҳмил кардаанд.
Санъати гӯшт ба таври хос таъсире сангин дорад. Манотиқи чарои гову гӯсола 25 дарсади сарзаминҳои ғайрияхиро ташкил медиҳад ва дар айни ҳол боъиси 18 дарсади тасоъуд (боло рафтан)-и гозҳои гулхонаианд. Тавлиди кишоварзӣ 12 дарсади заминҳоро аз они худ карда ва камтар аз 7 дарсад тасоъуди гозҳои гулхонаиро бар уҳда дорад.
Нобаробарӣ ва рушди ҷамъият
Рушди ҷамъияти ҷаҳон ва нобаробарӣ аз авомили дигари таъсиргузор дониста шудааст. Олудасозии зистмуҳитии ҳосил аз фаъолияти иқтисодии ҳар фард дар ҷаҳони тавсеъаёфта, нисбат ба афроди кишварҳои фақир чаҳор баробар бештар гузориш шудааст. Пешбинӣ шудааст, ки ин фосила дар оянда бештар низ хоҳад шуд.
Гузориши ахир нишон медиҳад, ки фозилот (наҷосат ва пасмондаҳо)-и башарӣ аз зарфияти кунунии ҷаҳон, бештар аз тавоноии ҷазби он аст. Аз ин рӯ беш аз 80 дарсади фозилобҳо бидуни дасткорӣ дар рӯдхонаҳо, дарёчаҳо ва уқёнусҳо сарозер мешаванд.



