Дар ҳоле ки таниши байни Эрону Омрико шиддат гирифтааст, Вазорати хориҷаи Омрико эълом кард, ки кормандони ғайризарурии сафорати Омрико дар Бағдод ва кунсулгарии он дар Арбилро аз Ироқ хориҷ мекунад. Як сухангӯи Вазорати хориҷаи Омрико гуфт таҳдид ҷиддӣ аст ва мо мехоҳем доманаи хатарот ва хисоратҳоро маҳдуд кунем, аммо навъи таҳдидро мушаххас накард.

Сафорати Омрико дар Бағдод чаҳоршанбеи 15май/25 урдибиҳишт бо судури иттилоъияе эълом кард кормандони ғайризарурии худро аз сафорати Омрико дар Бағдод ва аз кунсулгарии ин кишвар дар Арбил хориҷ мекунад. Бар асоси ин иттилоъия, хадамоти судури визо дар ҳарду марказ ба ҳолати таълиқ даромадааст. Сафорати Омрико дар Бағдод ҳамчунин эълом кардааст, ки коркунонаш мебоист ҳарчи сареътар Ироқро тарк кунанд.
Ба гузориши Руйтерз, ин тасмим дар пайи сафари ҳафтаи гузаштаи Мойк Пумпеу, вазири умури хориҷаи Омрико ба Бағдод ва бар асоси иттилоъоте гирифта шуда, ки манобеъи амниятии Ироқ дар ихтиёри созмонҳои иттилоъотии Омрико қарор додаанд, мабнӣ бар ин ки нерӯҳои Ҳашдалшаъбӣ, шибҳинизомиёни наздик ба Эрон, дар наздикии пойгоҳҳои омрикоӣ дар Ироқ сомонаи мушакӣ мустақар кардаанд.
Женерол Крис Гико, муъовини фармондеҳи эътилофи зидди Доъиш ба раҳбарии Омрико, аммо шомгоҳи гузашта эълом кард “таҳдиди” нерӯҳои ҳампаймони Эрон дар Ироқу Сурия афзоиш наёфтааст. Бил Урбан, сухангӯи Сентком (Ситоди фармондеҳии марказии Иёлоти Муттаҳидаи Омрико), бо интишори баёнияе муддаъӣ шуд изҳороти Гико бо иттилоъоти Омрико ва ҳампаймонони ин кишвар дар бораи «нерӯҳои таҳти ҳимояти Эрон» дар минтақа муғойир аст. Сентком дар ин иттилоъия гуфтааст Фармондеҳии марказии Омрико бо ҳамоҳангии эътилофи зидди Доъиш сатҳи ҳушдори тамомии нерӯҳои эътилоф дар Ироқу Сурияро афзоиш додааст.
Одили Абдулмаҳдӣ, нахуствазири Ироқ, дар як нишасти хабарӣ баъд аз баргузории ҷаласаи ҳафтагии кобинеи ин кишвар гуфт, сигнолҳое дар пайи музокира бо Эрон ва Омрико дарёфт кардааст, ки бар асоси он ҳама чиз бахубӣ ба поён мерасад. Абдулмаҳдӣ дар ин гуфтугӯ хотирнишон кард, ки бо боло гирифтани танишҳо байни Омрико ва Эрон амнияти Ироқ ба хатар намеуфтад.
Одили Абдулмаҳдӣ рӯзи гузашта гуфта буд, ки Бағдод фаъолиятҳои таҳдидомези шибҳинизомиёни шиъаи Ироқро, ки аз сӯи Эрон пуштибонӣ мешаванд, шиносоӣ накардааст: «Мо ба омрикоиҳо гуфтем, давлат (Ироқ) масъулиятҳои худро дар ҳифозат аз «тамоми тарафҳо ба уҳда мегирад.»
Шибҳинизомиёни шиъа дар Ироқ, ки зери чатри гурӯҳи Ҳашдалшаъбӣ гирд омадаанд, ҳар гуна қасди ҳамла ба манофеъи Омрикоро такзиб ва Вошингтунро ба эҷоди “ҷанги равонӣ” муттаҳам мекунанд.
Лайс Алъузорӣ, сухангӯи ҷунбиши Асоиби аҳл-ал-ҳақи Ироқ, ки ба Эрон наздик аст, иқдомоти Омрикоро мушобеҳ бо баҳонаҳое донист, ки Иёлоти Муттаҳида дар замони ҳамла ба Ироқ ва сарнагунии ҳукумати Саддом Ҳусейн матраҳ мекард: “Иттиҳомоти Иёлоти Муттаҳида беасос аст. Ин моро ба ёди дурӯғи вуҷуди силоҳҳои куштори ҷамъӣ дар Ироқ меандозад. Омрико дар соли 2003 бо ин истидлол ба Ироқ ҳамла кард, аммо баъд маълум шуд, ки силоҳи куштори ҷамъӣ дар Ироқ вуҷуд надоштааст.”
Ба гузориши Руйтерз, як сухангӯи Вазорати хориҷаи Омрико гуфт тасмими Иёлоти Муттаҳида барои хурӯҷи коркунони ғайризарурӣ аз ду маркази диплумотики ин кишвар дар Ироқ бар асоси иртиқои сатҳи хатарот дар Ироқ иттихоз шуда: “Амнияти коркунон ва шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳида дар назари давлати Омрико дар авлавияти аввал қарор дорад. Мо хушбин ҳастем, ки мақомоти амниятии Ироқ битавонанд тадобири лозими ҳифозат аз моро ба кор гиранд.”
Ин сухангӯи Вазорати хориҷаи Омрико дар идомаи суханонаш афзуд: “Бо ин ҳол, таҳдид ҷиддӣ аст ва мо мехоҳем доманаи хатарот ва хисоратҳоро маҳдуд кунем.”
Бо боло гирифтани танишҳо дар халиҷи Форс ва эҳтимоли вуқӯъи даргирии низомӣ, намояндагони Кунгреи Омрико гуфтаанд, ки давлати Дунолд Тромп, раиси ҷумҳурии ин кишвар, иттилоъоти лозим дар бораи таҳдиди Эронро дар ихтиёри онҳо қарор надодааст. Нонсӣ Пелусӣ, раиси Маҷлиси Намояндагони Омрико, аз давлати Тромп хост дар ҷаласае вижа намояндагонро дар ҷараёни рӯйдодҳои халиҷи Форс ва эҳтимоли даргирии низомӣ бо Эрон қарор диҳад.



