Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
No Result
View All Result
فارسی | English
Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
Zamaneh Tajik
No Result
View All Result

Шикасте барои курраи Замин

Конфронси иқлимии Созмони Милал дар Лаҳистон: Як танзи талх

shahzoda by shahzoda
25 June 2019
in Матолиби баргузида, Муҳити зист
Шикасте барои курраи Замин

Конфронсҳои муҳитзистӣ, ки солҳост дар саросари ҷаҳон ва бо ҳузури раҳбарони кишварҳо баргузор мешавад, дар амал чи натоиҷе барои курраи Замин дорад? Ин матн ба баррасии онҳо мепардозад.

Конфронси иқлимии Созмони Милали Муттаҳид дар декабри соли гузашта ба муддати ду ҳафта баргузор шуд. Ин конфронс, бо ширкати ҳудуди 200 кишвари ҷаҳон, қарор буд дастури коре барои беҳтар ва иҷроӣ кардани муффоди аҳдномаи соли 2015-и Порис ҷиҳати маҳори афзоиши дамои курраи Замин дар маҳдудаи 1/5 дараҷаи сонтигрод таҳия ва тасвиб кунад. Аммо, ба мисдоқи “соле, ки накӯст аз баҳораш пайдост”, ин конфронс дар шаҳри кӯчаки Котувитзе дар кишвари Лаҳистон баргузор шуд. Танзи талх он, ки Лаҳистон 78 дарсад аз энержии мавриди ниёзи худро аз сӯхти зуғолсанг таҳия мекунад ва нуҳумин тавлидкунандаи бузурги зуғолсанг дар ҷаҳон аст. Медонем, ки зуғолсанг олудакунандатарин сӯхти фусилӣ аст. Ин кишвар, бино ба эъломи Бонки Ҷаҳонӣ, дар миёни кишварҳои Иттиҳодияи Урупо камтарин боздеҳе иқтисодиро ба изои масрафи сӯхти карбунӣ дорад.

Албатта Лаҳистон пеш аз конфронси ахир эълом карда буд барномае дорад, то рақами 78 дарсадро соли 2030 ба 60 дарсад бирасонад. Аммо, бино бар баровардҳо, олояндаҳои карбунии ҷаҳон бояд то соли 2030 то 45 дарсад ва пас аз он бо шеби тундтаре коҳиш ёбанд, то битавон гармоиши Заминро дар маҳдудаи 1/5 дараҷаи сонтигрод нигоҳ дошт. Гармоиши болотар аз он ба маънои сукунатнопазирии ҷазоири кӯчак, аз байн рафтани марҷонҳо ва падид омадани амвоҷи шадидтари гармо дар бахшҳое аз курраи хокӣ хоҳад буд. Аз ин рӯ, чунон коҳише раҳ ба ҷое нахоҳад бурд.

Аз сӯи дигар, нигоҳе ба феҳрасти ҳомиёни конфронси Котувитзе рӯи дигаре аз ин танзи талхро намоён мекунад:
1. Бо даъвати давлати Лаҳистон се тавлидкунандаи давлатии зуғолсанги Лаҳистон, ҳамчунин ғӯли нафтии Урупои Шарқӣ, Урлен, дар конфронс ҳузур доштанд. (Лобуд бо таваҳҳуми конфронс барои тавлиди зуғолсанги пок!)

2. Дар ҳоле ки давлати Амрико мувофиқатномаи Порисро тарк кардааст, ҳайъате аз Утоқи тиҷорати Амрико барои пешбурди сиёсатҳои ширкатҳои нафтии амрикоӣ дар нафйи тағйироти иқлимӣ дар кунферонс ширкат карданд.

3. Анҷумани Байналмилалии Тиҷорати Карбун ба намояндагӣ аз ширкатҳои бузурги олояндаи Замин, монанди Би-пӣ, Шеврон, Шел ва ҳамчунин Бонки Амрико бо ҳузур дар конфронс бар тасмимҳову мусаввабаҳои он асар гузоштанд.

Бахубӣ пайдост, конфронсе бо ҳузури чунин маҷмӯъаҳое, ҳатто дар чорчӯбҳои ислоҳталабона, то куҷо короӣ дошта ва чи дастовардҳое метавонад дошта бошад. Аммо мурури конфронсҳои гузаштаи Созмони Милал барои тағйироти иқлимӣ, аз нахустин конфронс, яъне ҳамоиши сарон дар Риу-ду-Жонейруи Бразил дар соли 1992 то ҳамоиши сарон дар Жуҳонесбурги Африқои Ҷанубӣ дар соли 2002 ва то пас аз он метавон дарки рӯшантаре аз торих ва натоиҷи ин нишастҳоро дар ихтиёри хонанда бигзорад. Ҳамоишҳо ва конфронсҳо, агарчи бо омоҷе муваҷҷаҳ ва умедворкунанда оғоз ба кор карданд, аммо ҳаргиз натавонистанд дар чорчӯби низоми кунунии ҷаҳон короие дошта ва дар рӯёрӯӣ бо ширкатҳои бузург ва давлатҳои сарватманди сармоядорӣ дастоварди муносибе дошта бошанд.

Барои мурури торихи ин ҳамоишҳо ва конфронсҳо фасле аз китоби «Инқилоби зистмуҳитӣ», навиштаи Ҷон Беломӣ Фостер, нависандаи барҷастаи амрикоиро дар фойли пидиэфи зер бихонед.

Шикасте барои курраи Замин (ба хатти форсӣ):
Shekasti-Baraye-Zamin
Манбаъ: Майдон
Линки матлаб дар Трибуни Замона

Tags: афзоиши дамои курраи ЗаминКонфронсҳои муҳитзистӣмуҳити зист

Related Posts

PCOS чи навъ беморӣ аст?
Women

PCOS чи навъ беморӣ аст?

1 October 2019
“Ҷавонон барои волоияти қонун”
Multimedia

“Ҷавонон барои волоияти қонун”

1 November 2019
Режаи Ифтихори Куир дар Амстердам: саввумин ҳузури мутаволии қоиқи Эрон
Gallery

Режаи Ифтихори Куир дар Амстердам: саввумин ҳузури мутаволии қоиқи Эрон

7 August 2019

This ad can be change in the Widget Section – Default Sidebar

“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

© 2018 Radio Zamaneh, Tajikistan

No Result
View All Result
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо