Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
No Result
View All Result
فارسی | English
Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
Zamaneh Tajik
No Result
View All Result

Тадовуми ситам бар уйғурҳои Чин

Чин аз саркӯби уйғурҳо даст намекашад. Ҳукумати Чин улгӯи хатарноке ба даст дода аз ин ки чигуна метавон аз баҳонаи "терурисм" барои тавҷеҳи рафторҳои иқтидоргароёна баҳра ҷуст.

golshan by golshan
3 July 2019
in Матолиби баргузида, Сиёсат
Тадовуми ситам бар уйғурҳои Чин

: Урдугоҳи бозомӯзии уйғурҳо дар устони Хутан. Акс аз Дидабони Ҳуқуқи Башар, мунташиршуда дар расонаҳои иҷтимоъии давлати Чин дар апрели 2017

Дар моҳи феврал Муҳаммад бин Салмон, валиъаҳди Арабистони Саъудӣ дар телевизиюни давлатии Чин гуфт: “Чин ҳақро дорад, ки барои ҳифзи амнияти миллии худ даст ба иқдомоти зидди теруристӣ ва зидди ифротгароӣ бизанад.” Суханони ӯ дар идома ва дар ростои ҳамон сенориюи зиште буд, ки Чин бадафаъот барои сарпӯш гузоштан бар нақзи ҳуқуқи инсонии уйғурҳои минтақаи Шинҷон ба кор бастааст.

Ин ҳила ва баҳонаи муштараки ҳамаи кишварҳои иқтидоргароест, ки бо эҷоди “вазъияти истисноӣ” ва “шароити изтирорӣ” ва дарвоқеъ бо тағйиру ҷойгузинии мафҳуми “ҳақ” (ҳамон мафҳуме аз ҳақ, ки худашон таъйин кардаанд) ҳокимияти қонунро давр мезананд ва ҳуқуқи шаҳрвандонашонро нақз мекунанд.

Ҳукумати Чин ҳамаи уйғурҳоро ба унвони “терурист” дастбандӣ кардааст. Ва ба ин баҳона барномаи ҳамаҷонибае дар муқобили баистилоҳ “ифротгароии” онҳо дар пеш гирифтааст, барномае шомили эҷоди урдугоҳҳои кори иҷборӣ, ки илова бар баҳракашӣ тамоми аносири ҳувиятии ин мусалмононро саркӯб мекунад.

Илова бар Бин Салмон, дигар раҳбарони ҷаҳон низ, ки ғолибан мудофеъи пуршӯри мусалмонон ҳастанд, дар мавриди “истиснои уйғурҳо” сукут пеша кардаанд. Дар соли 2017 нахуствазири кунунии Покистон, Имрон Хон, ки он замон ҳануз аз мухолифони давлат дар кишвараш буд, “риёкории” ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва адами ҳимояти он аз ҳуқуқи мусалмонони руҳингиё дар Миёнморро маҳкум кард. Имрон Хон ҳамчунин аз нақзи ҳуқуқи башар дар мавриди мусалмонони Кашмир интиқод кард. Аммо замоне ки аз ӯ дар мавриди уйғурҳо суол шуд, басодагӣ посух дод: “Агар росташро бихоҳед, чизи зиёде дар ин маврид намедонам.” Ва тавзеҳ дод, ки дар мавриди ин масъала “дар нашрияҳо ва маҷаллаҳо сухани чандоне нест”.

Масоили иқтисодӣ низ дар саркӯби уйғурҳо ва ситаме, ки ба онҳо раво дошта мешавад, нақши бузурге бозӣ мекунад. Ба таври тақрибӣ даҳ милюн уйғур дар иёлати Шинҷон зиндагӣ мекунанд, иёлате, ки ба минтақаи худмухтори уйғурнишини Синкиёнг машҳур шудааст. Ин минтақа масоҳате ба андозаи 640000 мойли мураббаъ дорад, яъне ҳудуди як шишуми масоҳати кулли замине, ки таҳти кунтрули Ҷумҳурии Хаоқи Чин аст.

Решаҳои саркӯби уйғурҳо

Бар гуфтаанд, ки саркӯбу ҳабси уйғурҳо ва шиканҷаи баданӣ ва равоние, ки мутаҳаммил мешаванд, тадоъигари саркӯби аъзои фирқаи ирфонии Фолунгунг тавассути ҳукумати Чин дар авохири даҳаи 90 аст. Дар ибтидо ҳукумати Чин зуҳури ин гурӯҳро тоб оварду таҳаммул кард, аммо бо афзоиши тасоъудӣ (болораванда)-и ин гурӯҳ (то ҳудуди ҳафтод милюн) Чин ононро таҳдиде ҷиддӣ алайҳи идеулужии расмии миллии худ дид.

Ҳукумати Чин аъзои Фолунгунг, мардуми Тибет ва уйғурҳои “таҷзияталаб”-ро дар як дастабандӣ қарор дода ва ҳамагиро таҳдидҳое барои ҳизби кумунист қаламдод мекунад. Дар ҳар се маврид саркӯб шакли асорат, назорат ва “бозомӯзӣ”-ро ба худ гирифтааст.

Бо вуҷуди ин, дар миёни ин се гурӯҳ ин уйғурҳо ҳастанд, ки ҳам омоҷи исломҳаросӣ қарор гирифтаанд ва ҳам омоҷи нажодпарастӣ. Бар хилофи як гурӯҳи бузурги дигар аз мусалмонон дар Чин, яъне ҳуйиҳо, уйғурҳо нажод ва фарҳанги чинӣ надоранд, балки ағлаб турктабор ҳастанд. Ин амр ононро дар маърази саркӯб на танҳо бар пояи мазҳаб, балки ҳамчунин бар пояи нажод қарор додааст. Фарҳангу забони онон (забоне осиёии туркӣ шабеҳ ба забони узбакӣ) тавҳину таҳқир шуда, ва пасттарин радаҳо дар силсиламаротиби иқтисодӣ ва иҷтимоъиро уйғурҳо ишғол мекунанд.

Дилкун Исо, раиси Кунгреи ҷаҳонии уйғурҳо, иддиъо карда, ки ду милюн ҷавон дар урдугоҳҳои кори иҷбории Шинҷон дар боздошт ба сар мебаранд. Пружеи ҳуқуқи башари уйғурҳо тахмин мезанад, ки ҳудуди 435 рӯшанфикри (ғолибан донишҷӯ, аммо ҳамчунин муъаллим ва муҳаққиқ) зиндонӣ ё нопадид шудаанд. Ба нақл аз пойгоҳи иттилоъотии қурбониёни Шинҷон 49 нафар дар тӯли боздошт ва ё дар замони кӯтоҳе пас аз озод шудан ҷон супурдаанд.

Манбаъ: Жокубин

Tags: ақаллияти уйғури Чинмусалмонони уйғурСинкиёнгтерурисмЧинШинҷон

Related Posts

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом
Сиёсат

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом

5 November 2019
Моҷарои хезиши септомбри Миср чи буд?
Сиёсат

Моҷарои хезиши септомбри Миср чи буд?

30 October 2019
PCOS чи навъ беморӣ аст?
Women

PCOS чи навъ беморӣ аст?

1 October 2019

This ad can be change in the Widget Section – Default Sidebar

“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

© 2018 Radio Zamaneh, Tajikistan

No Result
View All Result
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо