Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
No Result
View All Result
فارسی | English
Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
Zamaneh Tajik
No Result
View All Result

Тавофуқи Эрону Тоҷикистон барои бозсозии тунели Истиқлол

Ҳамзамон бо боло гирифтани танишҳо дар халиҷи Форс тавофуқи ҷадиде барои мараммати тунели Истиқлол дар Тоҷикистон нишон аз наздик шудани дубораи Эрон ва Тоҷикистон ва беҳбуди равобити ду кишвар дорад.

golshan by golshan
30 July 2019
in Матолиби баргузида, Сиёсат
Тавофуқи Эрону Тоҷикистон барои бозсозии тунели Истиқлол

Теҳрону Душанбе дар заминаи такмилу бозсозии тунели Истиқлоли Тоҷикистон ба тавофуқ расиданд. Тунели Истиқлол маркази Тоҷикистонро ба шимоли ин кишвар муттасил мекунад ва Эрону Тоҷикистон барои такмили корҳои сохтмонии ин тунел 8 милюн дулор сармоягузорӣ мекунанд.

Ба гузориши Хабаргузории расмии Ҷумҳурии Исломӣ (ИРНО), вазири ҳамлу нақли Тоҷикистон ва вазири неруи Эрон тавофуқ карданд, ки ҳазинаи такмили тунели Истиқлол байни ду кишвар тақсим шавад ва ҳар кадом чаҳор милюн дулор барои бозсозии тунели Истиқлол ҳазина кунанд.

 

Ин тавофуқ дар ҳошияи нишасти дурӯзаи таъомул ва эътимодсозии Осиё, ки ахиран дар пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд, ба даст омадааст.

 

Достони ин тунел ҳамонанди равобити Эрону Тоҷикистон пурфарозунишеб будааст. Ба назар мерасад тавофуқи ҷадид нишоне аз наздик шудани дубораи ду кишвари Эрону Тоҷикстон ва беҳбуди равобити ду кишвар дар сояи афзоиши танишҳо дар халиҷи Форс дошта бошад.

 

Тӯли тунели Истиқлол, ки тунели Анзоб ҳам номида мешавад, ҳудуди 5 килуметр аст ва замони сафар миёни Душанбе (пойтахт) ва Хуҷанд (дувумин шаҳри бузурги Тоҷикистон)-ро бисёр кӯтоҳтар мекунад.

 

Тунели Истиқлол соли 2006 ва дар ҳоле ки бахше аз он такмил шуда буд, ифтитоҳ шуд. Ҳазинаи аввалияи тунели Истиқлол 34 милюн дулор баровард шуда буд. Вале ҳазинаҳои изофии ин тарҳ мӯҷиби афзоиши сармоягузорӣ дар он шуд. Ҷониби Эрон то кунун беш аз 60 милюн дулор дар он сармоягузорӣ кардааст.

 

Ихтисоси будҷеи изофӣ барои тунел нишон аз беҳбуди равобити Эрону Тоҷикистон дорад, ки соли 2015 ва замоне ки охирин беҳсозӣ рӯи тунел сурат гирифт, ба тарзи чашмгире рӯ ба вахомат рафта буд.

 

Дар он сол давлати Тоҷикистон ҳизби наҳзати исломиро мунҳал кард. Авохири декабри 2015 Эрон мизбони бисту нуҳумин кунфронси ваҳдати исломӣ буд ва намояндагони ин ҳизб дуруст дар канори ҳайъати намояндагии Тоҷикистон нишаста буданд.

 

Дар солҳои баъд Тоҷикистон дар чанд маврид ба сурати манфӣ ба Эрон ишора мекард, масалан авохири тобистони 2017 телевизиюни давлатии Тоҷикистон як мустанади телевизиюнӣ пахш кард, ки дар он Эрон ба даст доштан дар ҷанги дохилии Тоҷикистон тайи солҳои 1992 то 1997 аз тариқи кумаки молӣ ба гурӯҳҳои мухолиф ва омӯзиши шибҳинизомиён муттаҳам шуда буд.

 

Акнун ба назар мерасад, ки мавқеъи об шудани яхҳои равобити ду кишвар фаро расида, моҳи гузашта хабаргузории Форс як мусоҳибаи қадимӣ бо Муҳйиддини Кабирӣ, раҳбари ҳизби наҳзати исломиро, аз вебсойти худ пок кард, ҳамзамон мақомҳои эронӣ дар изҳороти худ аз ин ҳизб фосила гирифтанд. Дар иваз, моҳи июни имсол вазири хориҷаи Тоҷикистон аз ширкат дар нишасти Созмони Ҳамкории Исломӣ дар Арабистони Саъудӣ сарфи назар кард, то ба Теҳрон сафар кунад.

Интишори хабари мараммати тунел нишони дигаре аз беҳбуди равобити ду кишвар дорад.

 

 

Tags: Осиёи МиёнаТоҷикистонтунели Анзобтунели ИстиқлолҲизби наҳзати исломии Тоҷикистон

Related Posts

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом
Сиёсат

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом

5 November 2019
Моҷарои хезиши септомбри Миср чи буд?
Сиёсат

Моҷарои хезиши септомбри Миср чи буд?

30 October 2019
PCOS чи навъ беморӣ аст?
Women

PCOS чи навъ беморӣ аст?

1 October 2019

This ad can be change in the Widget Section – Default Sidebar

“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

© 2018 Radio Zamaneh, Tajikistan

No Result
View All Result
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо