Садҳо шаҳри кӯчаку бузурги Русия дар дуди ҳосил аз оташсӯзиҳои табиъӣ дар Сибрӣ ва Ховари Дур фурӯ рафтаанд. Оташсӯзӣ дар ин манотиқи дуруфтодаи Русия камокон рӯ ба густариш аст.
Ба гузориши хабаргузории «Осушиейтед Прес», Идораи ҳифозат аз ҷангалҳои Русия эълом карда, ки беш аз 30 ҳазор килуметри мураббаъ аз ҷангалҳо ва маротеъ (чарогоҳҳо)-и Сибрӣ ва Ховари Дур гирифтори оташсӯзӣ шудааст.
Видеуи зер бахше аз ин оташсӯзиро нишон медиҳад, ки то кунун масоҳате ба андозаи кишвари Белжикро дар бар гирифтааст:
ВИДЕУ
WATCH: Massive wildfires covering a total area the size of Belgium engulf Siberia and the Russian Far East. Putin has ordered the military to join the firefighting effort pic.twitter.com/iPmIziB95p
— Bloomberg TicToc (@tictoc) August 1, 2019
Қисмати аъзами манотиқи гирифтори ҳариқ (оташ) дуруфтодаву дур аз дастрас ҳастанд ва ҳазинаи итфо (фурӯ нишондан)-и оташсӯзӣ аз хисорати оташ эҳтимолан камтар хоҳад буд. Агарчи коршиносони муҳити зист хисорати нобудии ин манобеъи табиъиро як “фоҷеъаи бумшинохтии ҷаҳонӣ” арзёбӣ кардаанд.
Бо ин ҳол, бар асоси гузориши телевизиюни давлатии Русия, ҳавопаймоҳои обпош дар ҳоли итфои ҳариқи ҳавоӣ ҳастанд ва оташнишонҳо низ аз рӯи замин бар шуълаҳои оташ об мепошанд.
Дмитрий Медведуф, нахуствазири Русия, хоҳони истифодаи муассир аз манобеъи маҳаллӣ барои муқобала бо оташсӯзиҳо шудааст. Артиши Русия низ ба амалиёти хомӯш кардани оташ пайвастааст.
Ба гуфтаи мақомҳои русӣ, ҳарчанд оташсӯзиҳо ба манотиқи дорои ҷамъият густариш наёфтаанд, дуди сангини ҳосил аз онҳо 800 шаҳру иҷтимоъро таҳти таъсир қарор додааст. Нувусибирск, Кроснуёрск ва Чито, се шаҳри пурҷамъият, низ гирифтори дуди ҳосил аз ҳариқ шудаанд.
Маркази шаҳри Чито, ки чаҳор ҳазору 700 килуметр бо Маскав, пойтахти Русия, фосила дорад, ба далели дуди оташсӯзиҳо хокистарӣ ва меҳолуд аст.
Фаъолони муҳити зист давлатро ба кӯтоҳӣ дар хомӯш кардани оташсӯзиҳо муттаҳам мекунанд. Ҳавошиносон бориши боронро дар бархе навоҳии гирифтори ҳариқ пешбинӣ кардаанд, аммо ин бориш ба гуфтаи онҳо барои хомӯш кардани шуълаҳо кофӣ нахоҳад буд.
Чиро Сибрии сард месӯзад?
Кумитеи федероли таҳқиқоти Русия панҷшанбеи якуми ноябр / 10 амурдод аз ирсоли тиме ба минтақа барои баррасии иллати оташсӯзиҳо хабар дод. Гузоришҳо пеш аз ин соъиқа (раъду барқ) ва гармои ғайриъодӣ дар манотиқи дуруфтодаи Сибрӣ ва Ховари Дурро омили оташсӯзӣ муъаррифӣ карда буданд.
Танҳо манотиқи сарду дуруфтодаи Русия даргири оташсӯзии табиъӣ нестанд. Оташсӯзиҳои азим дар Гринланд ва Олоско ҳамроҳ бо Сибрӣ дар Шимолгони Замин чунон сутуне аз дуд ба роҳ андохтаанд, ки аз фазо низ қобили рӯъят (дидан) аст.
Гармоиши Замин ба далели фаъолияти башар муҳимтарин муқассири ин оташсӯзиҳои ғайритабиъӣ дар Шимолгони Замин аст, ки соли ҷорӣ рекурд заданд.
Моҳи жуани имсол гармтарин моҳи жуан дар торихи Шимолгон (қутби шимол) буд. Моҳи гузашта низ беш аз яксад оташсӯзии табиъӣ дар минтақаи Шимолгон рух дод. Соъиқа бузургтарин иллати оташсӯзиҳо эълом шудааст.
Оташсӯзиҳои Шимолгон танҳо дар моҳи жуан 50 меготун диуксиди карбун дар ҳаво озод карданд, ки муъодили кулли интишори гозҳои гулхонаии Суэд ба таври солона аст.
Гозҳои гулхонаӣ омили аслии гармоиши Замин ва тағйироти иқлимии ношӣ аз он ҳастанд.
Дар ҳамин замина:
Бо хатти форсӣ дар инҷо бихонед.



