Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
No Result
View All Result
فارسی | English
Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
Zamaneh Tajik
No Result
View All Result

Бозгашти “Фотимиюн” ба Афғонистон: Кобуси ҷангу фақр поён надорад

Муҳоҷирони афғонистонӣ, ки барои Эрон дар Сурия ҷангиданд, ҳоло аз нигоҳи масъулони Афғонистон як таҳдид барои амнияти дохилӣ ба шумор меоянд.

golshan by golshan
5 April 2019
in Матолиби баргузида, Сиёсат
Бозгашти “Фотимиюн” ба Афғонистон: Кобуси ҷангу фақр поён надорад

Бо фурӯкаш кардани ҷанг дар Сурия бисёре аз сарбозони Фотимиюн ба Афғонистон бозгаштаанд.

Давлати Афғонистон аъзои гурдони Фотимиюнро, ки бештар ба хотири тангдастӣ ҷазби эътилофи шибҳинизомиёни шиъа дар Сурия шудаанд, нерӯҳои вафодор ба Эрон ва таҳдиде бар амнияти дохилӣ мебинад. Мақомоти Афғонистон муътақиданд Эрон артише махфӣ аз шиъиёни ҳазора дуруст карда, то бо хурӯҷи Омрико дар ин кишвар фаъол шавад. Яке аз ин сарбозон мегӯяд Сипоҳи Посдорон дар ҷанги ниёбатии Сурия аз онҳо ба унвони нерӯҳои фидоӣ истифода мекарда ва ҳоло бо бозгашт ба Афғонистон вазъияти зиндагӣ ва маъишатии онҳо бадтар аз қабл шудааст.

Яке аз мақомоти аршади Вазорати кишвари Афғонистон, ки ба бахши иттилоъотии давлат наздик аст ва моил ба фош шудани номаш нест, мегӯяд, ҳудудан 10 ҳазор сарбози ин гурдон ба Афғонистон бозгаштаанд.

Фотимиюн ва таҳдиди амнияти дохилии Афғонистон

Бо ин вуҷуд дар хона ҳама ба дидаи шакку тардид ба онҳо нигоҳ мекунанд. Мақомоти амниятии Афғонистон муътақиданд Эрон ҳамчунон онҳоро сарпарастӣ ва идора мекунад ва онҳо ин бор ба унвони як артиши махфӣ барои густариши нуфузи Теҳрон дар даргириҳои идомадори Афғонистон фаъолият мекунанд.

Ҷангҷӯёни афғонистонӣ, ки аз Сурия бозгаштаанд, аз ҷиҳоти мухталиф таҳдид мешаванд. Онҳо бо хатари боздошт тавассути нерӯҳои иттилоъотии Афғонистон, ки ба онҳо ба чашми хоин нигоҳ мекунанд, рӯбарӯ ҳастанд. Ҳамчунин, мумкин аст бо хушунати маргбори шохаи Доъиш дар Афғонистон мувоҷеҳ шаванд, ки шиъиёнро муртад мехонад ва борҳо эълом карда, ки онҳоро ба қатл мерасонад.

Давлати Афғонистон ва бисёре аз коршиносон муътақиданд Эрон метавонад дубора ва хусусан ҳоло, ки Иёлоти Муттаҳида қасд дорад барои поён додан ба ҷанг бо Толибон нерӯҳояшро аз Афғонистон хориҷ кунад, ин афродро басиҷ кунад, то нуфузашро дар Афғонистон муҳкам кунад.

Бил Руҷию, сардабири “Маҷаллаи ҷанги тӯлонӣ”, вебсойте, ки ҷанги Омрикоро пӯшиш медиҳад, бо ҳушдор нисбат ба идомаи терур дар Афғонистон навишт: “Мунтазир бошед, ки Эрон гурӯҳи шибҳинизомиёни худро ҷое дар дохили Афғонистон бозсозӣ кунад. Эрон аз ин афрод, ки бар онҳо сармоягузории замонӣ ва молӣ ва маҳоратӣ карда, сарфи назар намекунад.”

Достони фақру хушунат

Ризо Қосимӣ, пажӯҳишгари Шабакаи таҳлилгарони Афғонистон, гурӯҳи мустақилли пажӯҳишии мустақар дар Кобул, мегӯяд бисёре аз онҳое, ки ба лашкари Фотимиюн пайвастанд, ба далели ноумедӣ ва фақр ва на вафодорӣ ба Эрон ин корро кардаанд. “Аввалин масъала ин аст, ки бисёре аз онҳо дар Афғонистон барои худ ояндае намебинанд.”

Бо ин вуҷуд, ҳуқуқи шибҳинизомиёне, ки таҳти раҳбарии Эрон дар Сурия меҷангидаанд, коҳиш пайдо кардааст ва бисёре мегӯянд Эрон ба хотири таҳримҳои Омрико дигар тавони иқтисодии гузаштаро барои таҷҳизи ин нерӯҳо надорад.

Tags: муҳоҷирони афғонистонӣФотимиюнҷанги Сурия

Related Posts

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом
Сиёсат

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом

5 November 2019
Моҷарои хезиши септомбри Миср чи буд?
Сиёсат

Моҷарои хезиши септомбри Миср чи буд?

30 October 2019
PCOS чи навъ беморӣ аст?
Women

PCOS чи навъ беморӣ аст?

1 October 2019

This ad can be change in the Widget Section – Default Sidebar

“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

© 2018 Radio Zamaneh, Tajikistan

No Result
View All Result
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо