Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
No Result
View All Result
فارسی | English
Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
Zamaneh Tajik
No Result
View All Result

Вокуниши мақомҳои эронӣ ба дарҷи Сипоҳи Посдорон дар феҳристи гурӯҳҳои теруристӣ

shahzoda by shahzoda
18 April 2019
in Матолиби баргузида, Сиёсат, Хабарҳо
Вокуниши мақомҳои эронӣ ба дарҷи Сипоҳи Посдорон дар феҳристи гурӯҳҳои теруристӣ

Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон, дар нутқи пеш аз дастури худи ҷаласаи алании сешанбеи 21-и фарвардини Маҷлис гуфт қарор додани Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ дар феҳристи гурӯҳҳои теруристӣ тавассути давлати Омрико беш аз он ки қудрати ин кишварро мушаххас кунад, нишонгари аҷзи сиёсатмадорони феълӣ ва ба сутӯҳ омадани онон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

Лориҷонӣ, ки либоси Посдоронро пӯшида буд, гуфт «ҳамаи мо ифтихор мекунем, ки посдор бошем». Ин ҷумлааш бо шиъорҳои «Аллоҳу акбар, аҳсант-аҳсант»-и намояндагон ҳамроҳ буд. Вай афзуд: «Аз назари мо давлати Омрико ва нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар нумоди терурисми байналмилалӣ дар абъоди низомӣ ва иқтисодӣ аст». Пас аз ин сухан гурӯҳи андаке аз намояндагон шиъори «Марг бар Омрико» сар доданд.

Маҷлиси шӯрои исломӣ

Беш аз 200 намояндаи Маҷлиси шӯрои исломӣ субҳи сешанбеи 21-и фарвардин тарҳе дуфавриятиро ба имзо расонданд ва дар ин тарҳ хостори эъломи куллияи нерӯҳои амниятӣ ва иттилоъотии фаъоли Омрико дар ғарби Осиё ба унвони терурист шуданд. Онҳо бо либоси Сипоҳи Посдорон ба саҳни алании Маҷлис омада буданд. Гирифтани акси ёдгорӣ бо ин лисбос ҳам дар дастури кор қарор дошт.

Шӯрои олии амнияти миллии Эрон низ дар вокуниш ба ин иқдоми Кохи Сафед эълом кард, ки давлати Омрикоро «давлати ҳомии терурисм» ва Фармондеҳии марказии Омрико мавсум ба Сентком ва тамомии нерӯҳои вобаста ба онро гурӯҳи теруристӣ медонад.

Дунолд Тромп, раиси ҷумҳурии Омрико, душанбеи 8-и апрел/19-и фарвардин бо интишори баёнияе Сипоҳи Посдорони Эронро ҷузви гурӯҳҳои теруристӣ қарор дод. Вай эълом кард, ки барқарории ҳар гуна робитаи иқтисодӣ бо Сипоҳи Посдорон ва ниҳодҳои вобаста ба он ба маънои ҳимояти иқтисодӣ аз як гурӯҳи теруристӣ аст.

Ба гузориши хабаргузории Руйтерз, раиси ҷумҳурии Омрико гуфтааст, ки Сипоҳи Посдорон муҳимтарин ниҳодест, ки Ҷумҳурии Исломӣ барои ҳидоят ва эъмоли корзорҳои теруристии худ дар сатҳи ҷаҳон дар ихтиёр дорад ва ба ҳамин сабаб дар феҳристи гурӯҳҳои теруристии Иёлоти Муттаҳидаи Омрико қарор мегирад.

Кохи Сафед дар ин баёния навишт: «Имрӯз ба таври расмӣ барномаи давлатам барои теруристӣ эълом кардани нерӯҳои Сипоҳи Посдорони Эрон, аз ҷумла нерӯҳои Қудсро, зайли банди 219-и Қонуни муҳоҷират ва тобеъият, эълом мекунам. Ин гоми бемонанд нишонгари он аст, ки Эрон на танҳо яке аз ҳомиёни аслии терурисм аст, балки фаъолиятҳое, ки Сипоҳи Посдорон дар он дахил аст, терурисмро тарвиҷ ва аз терурисм ҳимояти молӣ мекунад. Сипоҳи Посдорони Ҷумҳурии Исломии Эрон василаи аслии ин кишвар барои эъмол ва ҳимоят аз корзорҳои ҷаҳонии терурисм аст.”

Раиси ҷумҳурии Омрико ҳушдор дод, ки барқарории ҳар гуна робитаи иқтисодӣ ва муъомила бо Сипоҳи Посдорон ба маънои ҳимояти иқтисодӣ аз як гурӯҳи теруристӣ аст.

Билофосила пас аз интишори баёнияи Кохи Сафед Мойк Пумпеу, вазири хориҷаи Омрико, дар як нишасти хабарӣ дар Вошангтун суханоне гуфт: «Истифода аз терурисм ба меҳвари сиёсати хориҷии режими Эрон бадал шудааст. Қарор додани Сипоҳи Посдорон, аз ҷумла нерӯи Қудс, дар ин феҳрист кумак хоҳад кард, то режим аз абзорҳои худ барои ин сиёсати вайронгар маҳрум шавад. Фишори ҳадди аксаре то замоне, ки режими Эрон аз буландпарвозиҳои маргбори худ даст накашидааст, идома хоҳад ёфт.»

Баъд аз эъломи қарор гирифтани номи Сипоҳи Посдорон дар феҳристи гурӯҳҳои теруристии Омрико, Вазорати хориҷаи Эрон эълом кард, ки Муҳаммад Ҷаводи Зариф бо ирсоли номае ба Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурӣ, пешниҳод дода, ки бар асоси «Қонуни муқобала бо нақзи ҳуқуқи башар ва иқдомоти моҷароҷӯёна ва теруристии Омрико дар минтақа” Шӯрои олии амнияти миллӣ нерӯҳои низомии Омрико дар минтақаи ғарби Осиёро дар феҳристи гурӯҳҳои теруристии Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор диҳад.

Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси шӯрои исломӣ, субҳи душанбе дар ҳошияи яксаду чиҳилумин байналмаҷолиси ҷаҳонӣ (IPU) дар мусоҳиба бо шабакаи Алҷазира гуфта буд, агар Омрико Сипоҳро дар феҳристи гурӯҳҳои теруристӣ қарор диҳад, “аз назари Эрон монанди ин аст, ки артиши Омрико, Вазорати дифоъи ин кишвар ва ҳамчунин созмони СИЁ (CIA) ҷузви гурӯҳҳои теруристӣ маҳсуб шаванд.

Муҳаммадъалии Ҷаъфарӣ, фармондеҳи Сипоҳи Посдорони Эрон, якшанбеи 18-и фарвардин ҳушдор дода буд, ки агар давлати Омрико Сипоҳро дар феҳристи гурӯҳҳои теруристӣ қарор диҳад, амнияти миллии Эронро ба мухотира меандозад ва Сипоҳи Посдорон низ “мутобиқи сиёсатҳои низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон иқдомоти муқобала ба мислро амалиётӣ ва дар дастури кор қарор хоҳад дод.”

Қаблан 255 тан аз аъзои Маҷлиси шӯрои исломӣ дар баёнияе бо эъломи “ҳимояти қотеъ аз Сипоҳи Посдорон” мақомҳои омрикоиро ба “иқдоми мутақобил” ба гунае ки “аз иқдоми беҷо ва аҳмақонаи худ пушаймон шавад”, таҳдид карда буданд.

Ҳашматуллоҳи Фалоҳатпеша, раиси Кумисиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси шӯрои исломии Эрон, субҳи душанбе эълом кард, ки Маҷлис 14 тарҳи ҷадид барои муқобала бо иқдомоти Омрикоро тадвин кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, “бар асоси ин тарҳҳо давлат, вазоратхонаҳо ва дастгоҳҳои иҷроии мухталиф мулзам ба муқобала, хунсосозӣ, шаффофсозӣ ва бахше ҳам ифшогарӣ дар мавриди Омрико мешаванд” ва “барои давлат илзом эҷод мекунанд.”

Tags: Сипоҳи Посдорони ЭронШӯрои олии амнияти миллии Эрон

Related Posts

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом
Сиёсат

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом

5 November 2019
Моҷарои хезиши септомбри Миср чи буд?
Сиёсат

Моҷарои хезиши септомбри Миср чи буд?

30 October 2019
PCOS чи навъ беморӣ аст?
Women

PCOS чи навъ беморӣ аст?

1 October 2019

This ad can be change in the Widget Section – Default Sidebar

“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

© 2018 Radio Zamaneh, Tajikistan

No Result
View All Result
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо