Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
No Result
View All Result
فارسی | English
Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
Zamaneh Tajik
No Result
View All Result

Дидори Рӯҳонӣ ва Ардуғон дар ҳошияи иҷлоси СИКО

shahzoda by shahzoda
3 July 2019
in Матолиби баргузида, Сиёсат, Хабарҳо
Дидори Рӯҳонӣ ва Ардуғон дар ҳошияи иҷлоси СИКО

Раисҷумҳурони Туркия ва Эрон дар ҳошияи кунфронси«Таъомул ва эътимодсозӣ дар Осиё» дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, дидор карданд. Раҷаб Тайиб Ардуғон ва Ҳасани Рӯҳонӣ дар ин дидор аз таҳримҳо ва якҷонибагароӣ интиқод карданд. Раиси ҷумҳурии Эрон аз алоқамандии Теҳрон ба тавсеъаи равобит бо Туркия, бахусус дар ҳавзаҳои иқтисодӣ, хабар дод ва хостори афзоиши ҳаҷми мубодилоти ду кишвар ба рақами 30 милёрд дулор шуд. Раиси ҷумҳурии Туркия низ гуфт, ки кишвараш алоқаманд аст муносибот бо Теҳронро тавсеъа диҳад.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон, рӯзи 15 июн/25 хурдод дар ҳошияи панҷумин нишасти сарони Конфронси таъомул ва эътимодсозӣ дар Осиё (СИКО) бо Раҷаб Тайиб Ардуғон, раиси ҷумҳурии Туркия, дидор кард.

Ба гузориши расонаҳои дохилии Эрон, Ҳасани Руҳонӣ дар ин дидор хостори афзоиши ҳамкориҳои ду кишвар ва расондани ҳаҷми мубодилот ба рақами 30 милёрд дулор шуд ва гуфт: “Барои тавсеъа ва таъмиқи равобити Эрон ва Туркия тайи солҳои ахир гомҳои арзандае бардошта шуда ва ин раванд бояд шитоби бештаре бигирад.”

Раиси ҷумҳурии Эрон ҳамчунин ҳамкориҳои дуҷонибаи Эрон ва Туркия, ва ҳамин тур ҳамкории сеҷониба бо Русияро барои эҷоди сабот дар минтақа муҳим донист: «Ҳамкориҳои дуҷониба ва сеҷониба, аз ҷумла бо Русия, дар ҳавзаи масоили минтақаӣ ва дар раванди Остона, мубориза бо терурисм ва фароянди сабот дар Сурия бисёр боаҳаммият ва дар ростои тақвияти сулҳу саботи минтақа аст.»

Ҳасани Руҳонӣ ва Раҷаб Тайиб Ардуғон ҳарду дар ин дидор бар мухолифати худ бо таҳримҳо ва якҷонибагароӣ таъкид карданд.

Раиси ҷумҳурии Туркия гуфт, ки кишвараш мусаммим аст, то равобити худ бо Теҳронро дар ҳамаи арсаҳо тавсеъа диҳад. Вай гуфт: “Тақвияти беш аз пеши ин равобит дар арсаҳои дуҷониба ва минтақаӣ барои Онкоро бисёр ҳоизи аҳаммият аст.”

Ӯ ҳамчунин хабар дод, ки равобити Эрон ва Туркия дар ҳоли ҳозир дар ҳамаи арсаҳо рӯ ба тавсеъа аст.

Пеш аз ин Туркия аз таҳримҳои Омрико алайҳи Эрон интиқод карда буд. Вазири хориҷаи Туркия чаҳоршанбеи 17-уми апрел/28-и фарвардин гуфт, иқдоми Омрико барои қарор додани Сипоҳи Посдорон дар феҳрасти гурӯҳҳои теруристӣ таҳаввулест хатарнок, ки шояд ба иғтишош (беназмӣ ва ноамнӣ) биянҷомад. Мавлуди Човушуғлу ҳамчунин эълом кард, ки Туркия таҳримҳои якҷониба алайҳи Эронро намепазирад.

Онкоро дар ҳоли талош барои қонеъ кардани Омрико ҷиҳати ахзи (дарёфти) муҷаввизи воридоти нафт аз Эрон буд ва Ардуғон 9-уми урдибиҳишт бо Дунолд Тромп, раиси ҷумҳурии Иёлоти Муттаҳида, дар ин бора ройзанӣ кард. Ҷузъиёти ин гуфтугӯ фош нашуд, аммо ҳамон рӯз хабаргузории «Блумберг» ба нақл аз ду мақоми туркияӣ гузориш дод, ки Онкоро дар садад аст нафти Ироқро ҷойгузини нафти Эрон кунад.

Tags: Дидори Руҳонӣ ва Ардуғониҷлоси СИКО

Related Posts

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом
Сиёсат

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом

5 November 2019
Моҷарои хезиши септомбри Миср чи буд?
Сиёсат

Моҷарои хезиши септомбри Миср чи буд?

30 October 2019
PCOS чи навъ беморӣ аст?
Women

PCOS чи навъ беморӣ аст?

1 October 2019

This ad can be change in the Widget Section – Default Sidebar

“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

© 2018 Radio Zamaneh, Tajikistan

No Result
View All Result
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо