Дар даргирие, ки дар шаби 19-и моҳи май дар яке зиндонҳои Тоҷикистон, дар шаҳри Ваҳдат, байни зиндониён сурат гирифт, 32 тан ҷон бохтаанд.
Ин зиндон байни мардуми маҳаллӣ бо номи “Кирпичний”, яъне “Зиндони хиштӣ” шинохта шудааст ва дар 15-килуметрии шарқи Душанбе, пойтахти ин кишвар, чой гирифтааст.
Мақомоти Тоҷикистон субҳи рӯзи баъди ин даргирӣ дар гузорише теъдоди кушташудагонро таъйид кардаанд ва гуфтаанд, ки 29 тан аз кушташудагон узви Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон будаанд. Ин ҳизб соли 2015 аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон ғайриқонунӣ ва дорои гароишҳои сиёсии барандозонда эълом шудааст. Аз он сол то ҳол аъзои ин ҳизб гуфта шудааст, ки дар Тоҷикистон зеризаминӣ фаъолият мекунанд ва мудом таҳти фишор ва таъқибҳои давлатӣ қарор доранд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гузориш додааст, ки зиндониёни ошӯбгар мусаллаҳ бо аслиҳаҳои сарди мисли корд ва дигар ашёи тез будаанд.
Дар гузориши мақомоти давлатии Тоҷикистон оварда шудааст, ки ошӯб бо раҳбарии Беҳрӯз Гулмуродов, 20 сола, писари бузурги Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи собиқи нерӯҳои вижаи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон сурат гирифтааст. Аммо ин иддаъоро зиндониён таъйид накардаанд. Дар асл назари зиндониён ва зовияи диди онҳо аз даргирӣ гузориш нашудааст.
Гулмурод Ҳалимов соли 2015 ба гурӯҳи теруристии Доъиш пайваст ва аз пайравони худ ва ҷавонони тоҷик низ даъват кард, ки ба ин гурӯҳ бипайванданд.
Бо вуҷуди ин ки аз даргирии шаби 20-и май иттилоъоти дақиқ ва равшане ироа нашуда, аммо гуфта шудааст, ки дар ин даргирӣ, ошӯбгарон ба бахши тиббии зиндон ҳуҷум кардаанд ва чандин тан аз кормандони ин бахшро ба гаравгон гирифтаанд ва қисмати хадамоти тиббии зиндонро оташ задаанд.
Ин дуввумин даргирӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон аст, ки даҳҳо қурбонӣ ба ҷо гузоштааст. Соли гузашта, дар даргирии мушобеҳе, ки дар яке аз зиндонҳои шаҳри Хуҷанд сурат гирифт, 21 зиндонӣ ва 2 ду тан аз кормандони зиндон ҷони худро аз даст доданд.



