Бар асоси гузориши дафтари риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор аст нархи интернет ва тамосҳо аз тариқи телефуни ҳамроҳ ба ҳолати аввалӣ баргардад.
Ин иқдом дар пайи эътирозҳои пайвастаи шаҳрвандон, ба вижа корбарони тоҷики шабакаҳои иҷтимоъӣ, ва фишори созмонҳои ҳуқуқи башар иттихоз шуда ва ҳануз равшан нест, ки аз чи торихе ба мавриди иҷро гузошта хоҳад шуд.
Хабари гарон шудани нархи интернет рӯзи 24 март эълом шуд ва мавҷе аз норизоятӣ ва эътирозҳоро бавижа дар шабакаҳои иҷтимоъӣ ба дунбол дошт. Бо вуҷуди норизоятиҳо, тасмими мақомоти тоҷик дар мавриди афзоиши нархи интирнет ва тамосҳои телефунӣ ба мавриди иҷро даромад.
Аммо ба дунболи фишорҳои ҷомеъаи байналмилалӣ ва изофа шудани номи Тоҷикистон ба феҳристи кишварҳои саркӯбгар ва маҳдудкунандаи озодии баён, ки дар он Тоҷикистон дар радаи пойинтаре аз Узбакистон қарор дорад, ба торихи 24 апрел хабари лағви ин тасмим расонаӣ шуд.
Пас аз ҳудуди як моҳи нодида гирифтани эътирозҳо ва иҷроӣ шудани ин тасмим, дафтари риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар ниҳоят эълом кард, ки Эмомалии Раҳмон, раисҷумҳур, шахсан дастур додааст, ки нархи интернет ва тамосҳои телефунӣ ба ҳолати қаблӣ баргардонда шавад.
Торнамои риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 24 апрел ҳамчунин нивишт: “Бо супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати шахсони масъуле, ки ба ин кор роҳ доданд, чораҷӯӣ карда шуд.”

Бо ин ҳол, ҳануз матни дастури раиси ҷумҳур дар бораи лағви тасмими қаблӣ мунташир нашуда ва маълум нест, ки оё ин кишвар барномае барои фароҳамсозии интернетии ройгон барои бархе аз ақшори ҷомеъа, чун аҳолии донишгоҳҳо ва мадорис, дар назар гирифтааст ё хайр.
Ин дар ҳолест, ки дар кишварҳои ҳамсояи Узбекистону Афғонистон иқдомоти густардае барои ройгон кардани бархе аз хадамоти интернетӣ анҷом шуда ва коршиносони ин кишварҳо муътақиданд, ки насли ҷавон аз тариқи интернет ба манобеъи омузишии ҳарчи бештаре дастрасӣ пайдо хоҳад кард.
Дар бисёре аз кишвархои пешрафта ва дар ҳоли тавсеъа хадамоти интернетии ройгон ҷузъи тасҳилот ва абзорҳои омӯзишӣ дар мадорис ва донишгоҳҳо маҳсуб мешавад. Аммо дар Тоҷикистон насли ҷавоне, ки дар мадорис ва донишгоҳҳо ба омӯзиш машғуланд, аз ин имконот бархурдор нестанд.



