Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
No Result
View All Result
فارسی | English
Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
Zamaneh Tajik
No Result
View All Result

Олмон аз эҳтимоли даргирии низомии байни Эрону Омрико изҳори нигаронӣ кард

Улрике Демер: "Мо табъан афзоиши сатҳи танишҳо дар минтақаро бо нигаронии зиёде дунбол мекунем..."

shahzoda by shahzoda
24 May 2019
in Матолиби баргузида, Сиёсат, Хабарҳо
Олмон аз эҳтимоли даргирии низомии байни Эрону Омрико изҳори нигаронӣ кард

Ба гузориши хабаргузории Осушиэйтид Прес, давлати Олмон аз эҳтимоли вуқӯъи даргирии низомӣ байни Эрону Омрико дар Ховари Миёна ибрози нигаронӣ кард.

Улрике Демер, сухангӯи Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, рӯзи чаҳоршанбеи 15 май/25 урдибиҳишт дар ҷамъи хабарнигорон дар Берлин гуфт: “Мо табъан афзоиши сатҳи танишҳо дар минтақаро бо нигаронии зиёде дунбол мекунем ва аз ҳар гуна иқдоме, ки ба як роҳкори сулҳомез биянҷомад, истиқбол мекунем.”

Хонуми Демер дар идомаи ин суханон гуфт давлати Олмон ҳар иқдомеро, ки сабаби афзоиши танишҳо шавад, маҳкум мекунад. Мориё Адебор, сухангӯи Вазорати хориҷаи Олмон, низ эълом кард, ки ба рағми афзоиши танишҳо давлати Олмон қасд надорад коркунони сафоратхонаи ин кишвар дар Теҳронро коҳиш бидиҳад.

Давлати Олмон чаҳоршанбеи 15 май / 25 урдибиҳишт эълом кард, ба сабаби боло гирифтани танишҳо байни Эрону Омрико артиши ин кишвар барномаи омӯзиши нерӯҳои ироқиро мутаваққиф мекунад, ҳарчанд бино ба гуфтаи вазорати дифоъи Олмон, то кунун нишонае аз таҳдиди мушаххас алайҳи нерӯҳои низомии ин кишвар дар Ироқ мушоҳида нашудааст.

Tags: даргирии низомӣ байни Эрону ОмрикоОлмонУлрике Демер

Related Posts

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом
Сиёсат

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом

5 November 2019
Моҷарои хезиши септомбри Миср чи буд?
Сиёсат

Моҷарои хезиши септомбри Миср чи буд?

30 October 2019
PCOS чи навъ беморӣ аст?
Women

PCOS чи навъ беморӣ аст?

1 October 2019

This ad can be change in the Widget Section – Default Sidebar

“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

© 2018 Radio Zamaneh, Tajikistan

No Result
View All Result
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо