Ринеке Фон Сонтен, мудири иҷроии бунёди расонаии «Замона», суханронии кӯтоҳе эрод кард. Ӯ гуфт, ки мавзӯъи ҳамоиш барои яке аз пружеҳои расонаи Замона интихоб шудааст: пружеи ҳаққи зиндагӣ. Ӯ дар ин робита ба густардагии эъмоли муҷозоти эъдом дар Эрон пас аз истиқрори ҳукумати исломӣ пардохт ва дар ин маврид ба таҷрибаҳое зинда ишора кард, аз ҷумла таҷрибае, ки ҳамкорони Замона бо зиндони сиёсӣ доштаанд.
Хонум Фон Сонтен дар идома Бунёди расонаии Замонаро муъаррифӣ кард ва гуфт, ки таъаҳҳуди ин бунёд ба истиқлол ва иттилоърасонии озод ва интиқодӣ аст. Мудири иҷроии Замона дар поён аз ҳимояте, ки аз пружеи «Ҳаққи зиндагӣ» бо хариди билет ва ҳузур дар ин барнома шудааст, ташаккур кард.
“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.



