Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
No Result
View All Result
فارسی | English
Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
Zamaneh Tajik
No Result
View All Result

Тиҷорати оби «Сарез» ё халал дар хоби «Аждаҳои хуфта» дар Тоҷикистон

shahzoda by shahzoda
29 March 2019
in Муҳити зист, Сиёсат
Тиҷорати оби «Сарез» ё халал дар хоби «Аждаҳои хуфта» дар Тоҷикистон

Қарор аст, ки оби кӯл ё дарёчаи Сарез бо ҳамкории як ширкати Чинӣ ба бозор арза шавад. Дарёчаи Сарез бузургтарин кӯли оби ширини Тоҷикистон аст, ки 117 сол қабл бар асари заминларза ба вуҷуд омадааст. Расонаҳои дохилии Тоҷикистон гузориш додаанд, ки ширкати тиҷории “Ориёнбонк”-и Тоҷикистон бо ширкате чинӣ мавсум «Heaven Springs Dynasty Harvest Group» қарордодеро имзо кардаанд, ки бар асоси он оби кӯли Сарез ба бозори байналмилалӣ ироа хоҳад шуд.

Садди Усой дар ноҳияи Рӯшони Бадахшони Тоҷикистон

Ин барномаи тиҷориро кишвари Тоҷикистон солҳост пайгирӣ мекарда ва тавофуқҳои қаблӣ бо кишварҳои арабӣ ва Эрон ба натиҷа нарасидааст. Ҳоло ширкати чинӣ ин фурсатро дорад, ки оби кӯли Сарезро ба унвони оби нӯшиданӣ ба кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон ва дигар кишварҳои хориҷӣ бифурӯшад.

Коршиносон муддатҳост, ки ибрози нигаронӣ мекунанд, ки мумкин аст оби ин кӯл бо ҳар заминларзае ба сурати селоб сарозер бишавад ва кишварҳои ҳамсояро низ дар маърази хатар қарор бидиҳад.

Кӯли Сарез моҳи феврали соли 1911 дар натиҷаи фурӯ рехтани кӯҳ бар рӯди Мурғоб ва рустои «Усой» эҷод шудааст. Бар асари ин фоҷеъаи табиъӣ 57 тан аз сокинони Усой ҷони худро аз даст доданд. Пасларзаҳои ин заминларза дар кишвари ҳамсояи Афғонистон низ қурбониҳои зиёде ба ҷо гузошт. Бар асоси гузоришҳои мавҷуд, беш аз ҳазор нафар дар маҷмӯъ дар он замон ҷони худро аз даст доданд. Кӯли Сарез аз он замон то ҳол таҳти назорати коршиносони маҳаллӣ аст ва беш аз як қарн аст, ки вазъияти садди ин дарёча мӯҷиби нигаронии мардуми минтақа аст.

Кӯли Сарез дар ноҳияи Рӯшони вилояти худмухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шарқи Тоҷикистон дар буландои 3300 метр аз сатҳи дарё воқеъ аст. Дарозии ин обанбори табиъӣ 62 килуметр, паҳнояш 3/3 килуметр ва жарфояш то 500 метр аст. Ҳаҷми оби он 17 милёрд метри мукаъъаб ва вазнаш ҳудуди 19 милюн тун баровард шудааст.

Олимони табиъатшиноси Тоҷикистон муътақиданд, ки се омил метавонад ба ин садди табиъӣ рахна ворид кунад: заминларза, афзоиши сатҳи оби кӯл ва фурӯ рехтани кӯҳпораҳои атроф. Кӯли Сарезро мардуми маҳаллӣ «Аждаҳои хуфта» меноманд ва коршиносон пешбинӣ кардаанд, ки дар сурати эҷоди рахна дар ин сад, мумкин аст, ки дар муддати 12 соъат бахшҳои зиёде аз Тоҷикистон, Афғонистон ва Узбекистону Туркманистон зери об бимонад.

Нигаронии бисёре аз мардуми маҳаллӣ бо иттилоъ аз қарордоди ҷадид ва сохтани корхона дар атрофи кӯли Сарез афзудааст. Ба гуфтаи онҳо ҳар гуна ҳаракат ё ворид кардани худравҳои сангин ва сохтани ҷоддаҳои ҷадид эҳтимоли эҷоди рахна дар сад ва фурӯ рехтани оби кӯли Сарезро боло хоҳад бурд.

Шаҳзодаи Самарқандӣ

این گزارش را با خط فارسی در اینجا می‌توانید بخوانید:

تجارت آب «سریز» یا خلل به خواب «اژدهای خفته» در تاجیکستان

Tags: Аждаҳои хуфтакӯли СарезКӯҳистони Бадахшонмуҳити зистТоҷикистон

Related Posts

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом
Сиёсат

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом

5 November 2019
Моҷарои хезиши септомбри Миср чи буд?
Сиёсат

Моҷарои хезиши септомбри Миср чи буд?

30 October 2019
Чиро Сибрии сард месӯзад?
Video

Чиро Сибрии сард месӯзад?

5 August 2019

This ad can be change in the Widget Section – Default Sidebar

“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

© 2018 Radio Zamaneh, Tajikistan

No Result
View All Result
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо