Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
No Result
View All Result
فارسی | English
Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
Zamaneh Tajik
No Result
View All Result

Тоҷикистон ба дунболи ҳимояти байналмилалӣ дар мубориза бо осори гармоиши замин

Яхчолҳои табиъии Тоҷикистон бар асари гармоиши Замин дар ҳоли зувб шудан ҳастанд ва ба гуфтаи вазири хориҷаи Тоҷикистон, ин фароянд ҳар лаҳза беш аз пеш шиддат мегирад.

golshan by golshan
2 April 2019
in Муҳити зист
Тоҷикистон ба дунболи ҳимояти байналмилалӣ дар мубориза бо осори гармоиши замин

даштҳои муртафеъи Тоҷикистон, аз оршив

Вазири хориҷаи Тоҷикистон аз аъзои Созмони Милал хост ба ин кишвар дар муқобала бо гармоиши замин кумак кунанд. Тоҷикистон аз кишварҳоест, ки башиддат таҳти таъсири ин тағйирот қарор доранд.

Сироҷиддини Муҳриддин шомгоҳи чаҳоршанбеи 27 март/7 фарвардин дар Ню Юурк дар мақарри Созмони Милал ҳушдор дод, ки Тоҷикистон бо афзоиши падидаҳои ҳодди иқлимӣ мувоҷеҳ шудааст. Ӯ дар нишасте сухан мегуфт, ки фиристодагони доими Тоҷикистон, Жопун, Конодо, Марокеш, Мекзик, Русия, Сангопур ва Суис таҳти ҳимояти Барномаи оби Созмони Милал созмон доданд.

Мавзӯъи аслии ин нишаст ба робитаи байни обу иқлим бозмегашт. Осори тағйироти иқлимии ношӣ аз гармоиши Замин дар ҷой-ҷойи сайёра батадриҷ ошкор мешаванд. Аз тӯфонҳо ва оташсӯзиҳо дар Омрико, то боришҳои селофарин дар Эрон, ҳама ва ҳама, ба гуфтаи коршиносон, ба тағйироти иқлимӣ вобастаанд.

Аммо Осиёи Миёна, бавижа Тоҷикистон, беш аз бисёре кишварҳои дигар таҳти таъсири гармоиши Замин қарор гирифтааст. Яхчолҳои табиъии кӯҳистонҳои ин кишвар дар ҳоли зувб шудан (об шудан) ҳастанд ва ба гуфтаи Муҳриддин, ин фароянд ҳар лаҳза беш аз пеш шиддат мегирад.

Давлати Тоҷикистон пештар эълом кардааст, ки ин падидаҳои ҳодди иқлимӣ ба мардуми Тоҷикистон ва иқтисоди ин кишвар зарба мезананд. Эмомалии Раҳмон, раиси ҷумҳурии иқтидорталаби Тоҷикистон, барои муқобала бо осори тағйироти иқлимӣ барномаи ҷадидеро ба номи «Об барои тавсеъаи пойдор» калид задааст.

Сироҷиддини Муҳриддин аз аъзои Созмони Милал хост, ки аз ин барномаи мудирияти об ҳимоят кунанд.

Вазири хориҷаи Тоҷикистон аз аъзои Созмони Милал хост ба ин кишвар дар муқобала бо тағйироти иқлимӣ кумак кунанд. Тоҷикистон аз кишварҳоест, ки башиддат таҳти таъсири ин тағйирот қарор доранд.

Сироҷиддини Муҳриддин шомгоҳи чаҳоршанбеи 27 март/7 фарвардин дар НюЮурк дар мақарри Созмони Милал ҳушдор дод, ки Тоҷикистон бо афзоиши падидаҳои ҳодди иқлимӣ мувоҷеҳ шудааст. Ӯ дар нишасте сухан мегуфт, ки фиристодагони доими Тоҷикистон, Жопун, Конодо, Марокеш, Мекзик, Русия, Сангопур ва Суис таҳти ҳимояти Барномаи оби Созмони Милал созмон доданд.

Мавзӯъи аслии ин нишаст ба робитаи байни обу иқлим бозмегашт. Осори тағйироти иқлимии ношӣ аз гармоиши Замин дар ҷой-ҷойи сайёра батадриҷ ошкор мешаванд. Аз тӯфонҳо ва оташсӯзиҳо дар Омрико, то боришҳои селофарин дар Эрон, ҳама ва ҳама, ба гуфтаи коршиносон, ба тағйироти иқлимӣ вобастаанд.

Аммо Осиёи Миёна, бавижа Тоҷикистон, беш аз бисёре кишварҳои дигар таҳти таъсири гармоиши Замин қарор гирифтааст. Яхчолҳои табиъии кӯҳистонҳои ин кишвар дар ҳоли зувб шудан (об шудан) ҳастанд ва ба гуфтаи Муҳриддин, ин фароянд ҳар лаҳза беш аз пеш шиддат мегирад.

Давлати Тоҷикистон пештар эълом кардааст, ки ин падидаҳои ҳодди иқлимӣ ба мардуми Тоҷикистон ва иқтисоди ин кишвар зарба мезананд. Эмомалии Раҳмон, раиси ҷумҳурии иқтидорталаби Тоҷикистон, барои муқобала бо осори тағйироти иқлимӣ барномаи ҷадидеро ба номи «Об барои тавсеъаи пойдор» калид задааст.

Сироҷиддини Муҳриддин аз аъзои Созмони Милал хост, ки аз ин барномаи мудирияти об ҳимоят кунанд.

Тоҷикистон яке аз кишварҳоест, ки камтарин масъулиятро дар тавлиди гозҳои гулхонаӣ ва гарм шудани Замин бар уҳда доранд. Ин кишвар, бар асоси радабандии «Оксфом» аз саронаи интишори гози гулхонаӣ, дар рутбаи 129-ум қарор дорад. Бо ин ҳол, мизони таъсирпазирии он аз гармоиши Замин, ки бар асари интишори ин гозҳо дар ҳоли рух додан аст, бисёр шадид тавсиф мешавад.

Имрӯз суннатҳои қадимии киштукор дар Тоҷикистон ба далели тағйири улгӯҳои обуҳавоӣ аз короӣ уфтодаанд. Ба гузориши шабакаи хабарии «Алҷазира», кишоварзон наметавонанд ҳамчун собиқ беҳтарин замон барои коштани базрро тахмин бизананд.

Дар айни ҳол, гармтар шудани дамо ба афзоиши бемориҳои қорчии фарогир дар маҳсулоти онҳо доман задааст.

Аммо муҳимтарин дағдағаи (нигаронии) сокинони манотиқи рустоӣ дар Тоҷикистон об шудани яхчолҳои табиъии ин кишвар аст. Обҳои ҳосил аз яхчолҳои табиъӣ дар кӯҳистонҳои Тоҷикистон манбаъи муҳимме барои санъати кишоварзӣ ва домдории сокинони манотиқи рустоии ин кишвар будааст.

Бар асоси пажӯҳишҳои суратгирифта, Тоҷикистон то соли 2050 ҳудуди 30 дарсад аз яхчолҳои табиъии худро аз даст хоҳад дод ва ин рӯйдод таъсире амиқ бар тамоми Осиёи Миёна хоҳад дошт ва Эрон низ аз осори он осеб хоҳад дид.

Tags: буҳрони зистмуҳитӣгармоиши Заминмуҳити зистОсиёи Миёнатағйироти иқлимӣТоҷикистон

Related Posts

Чиро Сибрии сард месӯзад?
Video

Чиро Сибрии сард месӯзад?

5 August 2019
Шикасте барои курраи Замин
Матолиби баргузида

Шикасте барои курраи Замин

25 June 2019
Нобудии ҳаёти табиъӣ ҷомеъаи инсониро дар маърази хатар қарор додааст
Матолиби баргузида

Нобудии ҳаёти табиъӣ ҷомеъаи инсониро дар маърази хатар қарор додааст

24 May 2019

This ad can be change in the Widget Section – Default Sidebar

“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

© 2018 Radio Zamaneh, Tajikistan

No Result
View All Result
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо