Барномаи мушорикати Тоҷикистон-Афғонистон бо таъсиси маркази ҷадиде дар Душанбе бо номи Маркази омӯзиши минтақаӣ дар заминаи ҷилавгирӣ аз густариши силоҳҳои куштори ҷамъӣ ва кунтрули содирот дар ҳафтаҳои ахир шурӯъ ба кор кардааст.
Ба гуфтаи Вазорати хориҷаи Амрико, ин маркази омӯзишӣ дар ҳоли ҳозир афсарони тоҷик ва дигар кишварҳои Осиёи Миёнаро омӯзиш медиҳад. Ин омӯзишҳо густараи васеъе аз текникҳо, аз ҷумла радёбии қочоқи родиюлужӣ ва ҳастаӣ ва чигунагии бархурд ва мамонеъат аз қочоқ бавижа дар заминаи маводди мухаддир ва таслиҳоти куштори ҷамъиро дар бар мегирад.
Дар коргоҳҳои ин маркази омӯзишии ҷадид ба маъмурони гумруки Афғонистон, афсарони марзӣ ва нерӯҳои пулису амниятӣ маҳоратҳои ҷадиде барои радёбӣ ва мамонеъат аз қочоқи маводди шимиёии ғайриқонунӣ, биулужикӣ, родиулужӣ, ҳастаӣ ва мунфаҷира омӯзиш дода мешавад.
Тоҷикистону Афғонистон ҳарду маҳсур дар хушкӣ ҳастанд ва як ҳазору 344 килуметр марзи муштараки онҳо ҳам аз назари низомӣ ва санъатӣ муҳим аст ва ҳам аз ин ҷиҳат ки як масири аслӣ барои қочоқи маводди мухаддир ба ҳисоб меояд. Таҳдидҳои умдаи минтақа шомили хушунати ифротгароён ва қочоқи маводди мухаддир ва аслиҳа мешавад
Аз он ҷо ки ин марз мустаъиди табдил шудан ба маҳалле барои қочоқи силоҳҳои куштори ҷамъӣ низ ҳаст, Амрико дар тасҳили ҳамкории наздиктар миёни Тоҷикистону Афғонистон барои кунтрули марзи ду кишвар саҳме дорад.
Соли 2018 Идораи амнияти миллӣ ва ҷилавгирӣ аз густариши силоҳҳои куштори ҷамъии Вазорати умури хориҷаи Амрико эълом кард дар заминаи барномаи эътои кумакҳои хориҷӣ тағйиротеро эъмол мекунад ва аз ин пас бар манотиқе, ки бештарини чолиш ва хатарро барои амнияти миллии Амрико доранд, тамаркуз хоҳад дошт.
Дар натиҷаи ин тасмим барномаи кунтрули содирот ва амнияти марзии Идораи амнияти миллӣ ва ҷилавгирӣ аз густариши силоҳҳои куштори ҷамъии Вазорати умури хориҷаи Амрико (EXBS) авоили соли ҷорӣ музокира бо созмонҳои гумрук ва амнияти марзии ду кишвари Афғонистону Тоҷикистонро оғоз кард. Барномае низ барои омӯзиши мақомҳои ду кишвар ва кумак ба таъмини амнияти марзӣ ва ҳамкории муштарак дар назар гирифта шуд.
Ин барнома аз тариқи сохти зарфиятҳои ҳамкорӣ байни кишварҳо бо дар назар гирифтани меъёрҳои байналмилалӣ барои ҷилавгирӣ аз густариши силоҳҳои куштори ҷамъӣ ба тақвияти амнияти миллии Амрико кумак мекунад.
Марзи Тоҷикистон-Афғонистон солҳои тулонӣ дучори талотум будааст. Аз замони “Бозии бузург”-и қарни 19-ум ва замоне ки ду имперотурии бузурги Бритониё ва Русияи Тезорӣ дар Осиёи Марказӣ аз назари сиёсӣ ва низомӣ рақобат мекарданд, то даргириҳои ахири қарни бисту якум, ки то ба имрӯз ҳам идома дорад, ин марзи нуфузпазир мӯҷиби нигаронии давлатҳои Тоҷикистону Афғонистон ва низ ҷомеъаи байналмилалӣ будааст.
Рақобат бо Чин?
Аммо фаъолияти бештари Амрико дар марзҳои Афғонистон ва Тоҷикистон дар ҳоле оғоз мешавад, ки Чин низ ҳузури низомии худро дар ин минтақа густариш додааст.
Давлати Вазирӣ, як женероли низомии Афғонистон,дар моҳи январи 2018 ба шабакаи хабарии“Фарғона»-и Узбекистон гуфт, ки бо кумаки Пекин нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон як пойгоҳинизомии ҷадид дар вилояти шимолии Бадахшон ташкил хоҳанд дод.
Вазорати дифоъи Чин 26-уми январ ин хабарро такзиб кард. Аммо хабаргузориҳои Тоҷикистон ва Афғонистон ба идомаи ҳузури низомиёни Чин дар марзҳои муштарак ишора карданд.
Вошингтон Пост низ чанд ҳафта пеш аз фаъолияти як пойгоҳи низомии Чин дар Тоҷикистон хабар дода буд.
Пойгоҳи низомии Чин дар Тоҷикистон ҳудуди соли 2017 ба кор уфтод, аммо интишори хабари таъсисипойгоҳи Чин дар Тоҷикистон, ҳамроҳ бо пойгоҳе дар Ҷибутӣ ва пойгоҳи дигаре дар Афғонистон,нишон аз фишорҳое дорад, ки аз дохили Ҷумҳурии Халқи Чин барои густариши пружеҳои низомии фарои марзҳои ин кишвар, бавижа дар Дарёи Ҷанубии Чин, эъмол мешавад.
Пойгоҳи низомии Чин дар Тоҷикистон тақрибан дар 10-килуметрии марзи Афғонистону Тоҷикистон ва 30-килуметрии марзи Тоҷикистон ва Чин воқеъ шудааст. Ин пойгоҳ бар фарози як мадхали муҳимми Чин ба Осиёи Миёна воқеъ шуда ва ҳамчунин наздики даҳлези ҳаётии Вахон дар Афғонистон аст, ки барои тарҳи Роҳи Абрешими Ҷадид (тарҳи як камарбанду як ҷодда) аҳаммияти истротежик дорад.
Ду далели умдаи Чин барои таъмини ҳузур дар ин манотиқ таъмини амнияти пружеи ҷоҳталабонаи Роҳи Абрешим аст ва низ муқобила бо мусалмонони уйғури шӯришӣ, ки алайҳи саркӯби давлати марказӣ мубориза мекунанд ва дар миёни онҳо бархе исломгароёни тундрав низ ҳузур доранд.



