Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
No Result
View All Result
فارسی | English
Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
Zamaneh Tajik
No Result
View All Result

Чиро Чин даври Тоҷикистон тор метанад?

Шаҳзодаи Самарқандӣ (Дидгоҳ)

shahzoda by shahzoda
30 July 2019
in Economy, Сиёсат
Чиро Чин даври Тоҷикистон тор метанад?

Ҳануз баҳсҳои доғ бар сари ‘фурухта шудани’ порае аз хоки Тоҷикистон ба Чин фурӯ нанишаста, заминҳои димӣ (лалмӣ)-и он ба иҷора рафт ва ҳоло бузургтарин захираи нуқраи Тоҷикистон низ ба дасти ширкате чинӣ даромад. Ширкати чинии Kashgar Xinyu Dadi Mining Investment, ки аз сармоягузорон дар истихроҷи маъодин аст, рӯзи 20-уми июн қарордодеро бо давлати Тоҷикистон имзо карда, ки тибқи он ин ширкат маъдани нуқраи Помирро аз ширкате қазоқистонӣ таҳвил хоҳад гирифт.

Ба ғайр аз ин қарордод, чанд қарордоди дигаре ҳам байни ду кишвар имзо шуда, ки дар робита бо сохтани бинои порлумони ҷадид ва бозсозиву таъмири корхонаи олуминиюми Тоҷикистон аст.

Бояд зикр кард, ки Чин солҳост дар кӯҳҳои Помир фаъол аст. Ин фаъолиятҳо на ҳамеша бо тавофуқи давлати Тоҷикистон ё Афғонистон будааст.

Чин дар даҳ соли гузашта бо ҳар пешниҳоде ба Тоҷикистон омада, бидуни чуну чиро ин пешниҳодҳояш пазируфта шудааст ва гом ба гом дар ҳамаи гӯшаҳои Тоҷикистон торҳои ҳарисонаи худро танидааст.

Далели аслии “лаббайк” гуфтани раҳбари Тоҷикистон ба ҳарфи Чин бидеҳии 1.2-милёрдист, ки Тоҷикистон аз Чин дорад ва ин кулли бидеҳии ин кишвар нест. Тоҷикистон 2.9 милёрд бидеҳӣ дорад, ки мумкин аст дар ин солҳои наздик аз паси бозпардохтани он барнаояд.

Аммо оё роҳи нармиву “бале” гуфтанҳо ва ба қимати дами даст вогузоштани сарватҳои кишвар роҳи ҳалли ин мушкил аст? Борҳо коршиносони дохилӣ ибрози нигаронӣ кардаанд, ки Чин Тоҷикистонро балъидан мехоҳад, аммо ин нигарониҳои мутахассисон давлатро нигарон накардааст ва қадам задан ба ҳалқи мор ҳамчунон идома дорад.

Лонаи махфии аждаҳое ба исми Чин

Зимистони гузашта (февриеи 2019) торнамои пажӯҳишии Eurasianet аз ҳузури як пойгоҳи низомии махфии Чин дар қаламрави Тоҷикистон хабар дод.

Бар асоси аксҳои баргирифта аз моҳвора ва дар ҷараёни сафари Герӣ Шӣ (Gerry Shih), хабарнигори Вошингтун Пуст, ба ноҳияи Мурғоби Тоҷикистон равшан шуда, ки Чин дар минтақае дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Афғонистон дар Мурғоб як пойгоҳи низомии махфӣ дорад, ки дорои даҳҳо сохтмони дутабақа ва дижҳои дидбонӣ аст.

Яке аз сарбозоне, ки ин хабарнигори чинитабор бо ӯ гуфтугӯ карда, гуфтааст, ки сарбозони ин пойгоҳ беш аз 3-4 сол аст, ки дар ин маҳал ҳузур доранд.

Ин дақиқан ҳамзамон мешавад бо роҳсозии чиниҳо байни Помир ва Кӯлоб. Чиниҳо барои Тоҷикистон роҳ сохтаанд ё барои густариши пойгоҳи низомии худ маводду аслиҳа вориди марзи Тоҷикистон кардаанд?

Бар асоси мақолаи хабарнигори Вошингтун Пуст, сарбозони ин пойгоҳи махфӣ бароҳатӣ ва озодона аз шаҳри Мурғоб харид мекунанд ва ҳатто ба ҳисоби гӯшиҳои ҳамроҳи худ ҳам пул ворез мекунанд. Яъне мешавад фикр кард, ки давлати Тоҷикистон аз ин пойгоҳ хабар надорад? Ё давлати Афғонистон хабар надошта бошад? Бар асоси гузоришҳои созмонҳои байналмилалӣ, Тоҷикистон аз ин пойгоҳ хабар дорад, аммо онро як Маркази мубориза бо терурисм медонад.

Яке аз шоҳидони айнӣ гуфта, ки ин пойгоҳи низомӣ дар ҳоли густариш аст ва то дохили марзи Афғонистон дар Вахон низ расидааст.

Бо ин ҳол Русия, ки ҳамчунон бародари бузурги Тоҷикистон аст, аз ин қадамҳои аввалияи ҳузури физикии Чин дар марзҳои собиқ Шӯравӣ шод нест, аммо нерӯҳои муштараки русӣ ва тоҷикӣ, ки дар минтақаи Кӯҳистони Бадахшон мустақар аст, бамаротиб аз он бештар аст.

Аммо артиши Чин дар кул, дар шароити лозим, даҳ баробари артиши Русия ва кишварҳои Осиёи Миёна аст ва агар бихоҳад бароҳатӣ метавонад саҳнаи даргириҳои байналмилалиро аз Афғонистон ба Тоҷикистон интиқол диҳад.

Вагарна чи далел дорад, ки Чин дар ду даҳаи гузашта дар ҳамаи марзҳои Тоҷикистон дасте бикорад ва дар пайи бозпас гирифтани бидеҳии беш аз якмилёрддулории худ нест?

Ҳама медонанд, ки давлати Чин таҳти унвони мубориза бо терурисм милюнҳо ҳамватани мусалмони худро дар урдугоҳҳои “тавба аз ислом” нигаҳ медорад. Давлати Тоҷикистон то ҳол боре ҳам аз ҳамқавмони худ, ки дар қаламрави Чин сукунат доранд, пуштибонӣ накардааст ва масти кумакҳои молии давлати Чин бароҳатӣ аз ҳамаи фазилатҳои давлатдорӣ чашм пӯшидааст. Ҳарчанд нигаҳбонӣ аз марзҳои кишвари худ, на фазилат, балки вазифаи қасамёдкардаи ҳар раисҷумҳур аст, ҳатто агар худро идомаи сулолаи Сомониён бидонад ҳам, бояд аз марзҳои худ дифоъ кунад, на ин ки онро пора-пора ба фуруш бигзорад.

Маъдани нуқраи Бадахшони Тоҷикистон, ба тахмини коршиносон, дорои беш аз 205 тун нуқраи холис аст. Сарвате, ки Тоҷикистон натавониста барои истихроҷаш мутахассиси дохилӣ тарбият кунад ва онро ба дасти боз як ширкати чинии дигар вогузор кардааст.

Аз нигоҳи як хабарнигори тоҷик, ки масоили марзии Тоҷикистонро бо дарду азоби виҷдон дунбол мекунад, бояд бигӯям, ки натиҷаи даъвати фил ба хонаи мур он аст, ки ҳатто агар фил аз рӯи муҳаббат биншинад, хонаи мур аз байн меравад. Он вақт чи суде барои мур, ки бародараш хирс ё наҳанг бошад?

Photo by Eurasianet

Tags: Вошингтун ПустМаъдани нуқраи БадахшонМурғоби Тоҷикистонпойгоҳи низомии махфӣТоҷикистон

Related Posts

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом
Сиёсат

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом

5 November 2019
Моҷарои хезиши септомбри Миср чи буд?
Сиёсат

Моҷарои хезиши септомбри Миср чи буд?

30 October 2019
Тавофуқи Эрону Тоҷикистон барои бозсозии тунели Истиқлол
Матолиби баргузида

Тавофуқи Эрону Тоҷикистон барои бозсозии тунели Истиқлол

30 July 2019

This ad can be change in the Widget Section – Default Sidebar

“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

© 2018 Radio Zamaneh, Tajikistan

No Result
View All Result
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо