Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
No Result
View All Result
فارسی | English
Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
Zamaneh Tajik
No Result
View All Result

افتتاح “تالار خدایی شریفزاده” در دانشگاه ملی تاجیکستان

golshan by golshan
19 February 2019
in Фарҳанг

Субҳи имрӯз аҳли илму адаб ва фарҳанг дар мавзеъи Лучоб ба зиёрати оромгоҳи профессор Худоӣ Шарифзода, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филология (25.06.1937-29.10.2017) омаданд ва ёди ин Устоди бузурги адабиётро гиромӣ доштанд. Имрӯз дар факултети забону адабиёти донишгоҳи миллии Тоҷикистон “Толори Худоӣ Шарифзода” ифтитоҳ шуд ва ҳамчунин аз ду китоби тозанашри устод-“Таърихи адабиёти тоҷик”, “Достонҳои бузурги “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ” ва маҷмӯъаи “Нақши ӯ дар синаву дар ёдҳост”, ки сӯгномаи шогирдону ҳамкорон ва дӯстдорони шахсият ва осори Худоӣ Шарифзода дар бораи фаъолиятҳои илмию адабӣ ва зиндагиномаи ин муҳаққиқи мумтози адабиёти форсӣ-тоҷикӣ аст, рӯнамоӣ шуд. Ёди ин устоди гаронмоя ва соҳибноми тоҷик гиромӣ ва ҷовидон бод!

صبح امروز، سه‌شنبه، سوم ماه آوریل، اهالی علم و ادب و فرهنگ در موضع “لوچاب” به زیارت آرامگاه پروفسر خدایی شریفزاده، ارباب علم تاجیکستان، عضو وابسته آکادمی علم‌های تاجیکستان، دکتر علم‌های فیلولوژی (25.06.1937-29.10.2017) آمدند و یاد این استاد بزرگ ادبیات را گرامی داشتند. امروز در بخش زبان و ادبیات دانشگاه ملی تاجیکستان “تالار خدایی شریفزاده” افتتاح شد و همچنین از دو کتاب تازنشر استاد-“تاریخ ادبیات تاجیک”، “داستان‌های بزرگ “شاهنامه” فردوسی” و مجموعه “نقش او در سینه و در یادهاست” که سوگنامه شاگردان و همکاران و دوستداران شخصیت و آثار خدایی شریفزاده در باره فعالیت‌های علمی و ادبی و زندگینامه این محقق ممتاز ادبیات فارسی- تاجیکی است، رونمایی شد. یاد این استاد گرانمایه و صاحبنام تاجیک گرامی و جاویدان باد!

خدایی شریف‌زاده بیست و نهم سال 2017 در سن هشتادسالگی درگذشت

Профессор Худоӣ Шариф, яке аз маъруфтарин адабиётшиносони тоҷик шаби 29 октябр дар синни 80 аз олам чашм пӯшид. Ҳамагӣ 4 моҳ пеш ин устоди забардасти илми адабиётшиносии тоҷик 80-солагиашро ҷашн гирифта буд.

Номгӯи навиштҳои Худоӣ Шарифзода:

а) китобҳо

«Услуб ва камолоти сухан» (1985),
«Мақомоти Ибни Сино дар шеъру адаби тоҷик» (1985, ҳамроҳ бо Ш. Ҳусейнзода),
«Каломи бадеъ» (1991),
«Шоир ва шеър» (1998),
«Озурдагон ва умедворон» (2001),
«Савти Аҷам» (2002),
«Балоғат ва суханварӣ» (2002),
«Рози ҷаҳон» (2003),
«Назарияи наср» (2004),
«Суннатҳои адабӣ» (2007),
«Сухан аз адабиёти миллӣ» (2009),
«Маънавият ва ҷаҳони зоҳирӣ» (2012),
«Сездаҳ мақола» (2013),
«Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ» (2007),
«Ашъори ҳакимон ва орифон» (2011, ҳамроҳ бо А. Абдусаттор).

б) дигар маҷмуаҳо аз таълифоти гузаштагон ва муосирон

Ибни Сино: «Пирӯзинома», «Фанни шеър» (1985, ҳамроҳ бо Ш. Ҳусейнзода),
“Мунтахаби «Тарҷумон-ул-балоға» ва «Ҳадоиқ-ус-сеҳр» (1987),
«Шоирони аҳди Сомониён» (1999, ҳамроҳ бо А. Абдусаттор),
«Мероси Сомониён» (1999, ҳамроҳ бо А. Абдусаттор),
Восифӣ: «Бадоеъ-ул-вақоеъ» (мунтахаби ҳикоёт, 2008).
Фарҳанги Бадахшон //Рӯдакӣ, Ройзании Фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон, 2011;
Нақди адабӣ дар Тоҷикистон // Номаи пажӯҳишгоҳ, 2011.

Манбаъ

Tags: ТоҷикистонХудоӣ Шарифзодаپروفسر خدایی شریفزادهتاریخ ادبیات تاجیک

Related Posts

Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?
Women

Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?

1 November 2019
Чиро диктотурҳо аз қиссагӯён метарсанд?
Minorities

Чиро диктотурҳо аз қиссагӯён метарсанд?

1 October 2019
“Ҷавонон барои волоияти қонун”
Multimedia

“Ҷавонон барои волоияти қонун”

1 November 2019

This ad can be change in the Widget Section – Default Sidebar

“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

© 2018 Radio Zamaneh, Tajikistan

No Result
View All Result
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо