Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
No Result
View All Result
فارسی | English
Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
Zamaneh Tajik
No Result
View All Result

Тоҷикони Узбекистон ба истиқлол нарасидаанд

golshan by golshan
7 April 2019
in Фарҳанг

 

Соли 1991 пас аз пошхӯрии Иттифоқи Шӯравӣ ва мустақил шудани ҷумҳуриҳо, раванди миллатгароӣ дар кишварҳои собиқ шӯравӣ, аз ҷумла дар Ӯзбекистон, раванди ӯзбакгароӣ авҷ гирифт.
Дар Сарқонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон омадааст, ки “Ӯзбекистон Давлати демократӣ аст”. Аммо, дар асл сиёсати имрӯзини ҳукумати Ӯзбекистон сиёсати ҳукмронии як қавм аст. Ҳукумати имрӯзини Ӯзбекистон тоҷикони ин сарзаминро ба унвони  халқи торихан бумии ин кишвар қабул надорад.

Агар ба рӯихатгирии аҳолӣ на аз рӯи худшиносии миллӣ ва на аз рӯи миллате, ки дар шиноснома сабт шудааст гузаронида шавад, бидуни шак аз 35 миллион аҳолии Ӯзбекистон тоҷикон тақрибан ҳудуди панҷоҳ дарсади аҳолии онро ташкил медиҳанд. Аз ҷумла дар вилояти Тошканд панҷоҳ дарсад, Сурхондарё ҳаштод дарсад, Қашқадарё ҳафтод дарсад, Фарғона шаст дарсад, Бухоро навад дарсад ва Самарқанд панҷоҳ дарсад тоҷикон ба сар мебаранд. Танҳо вилояти Хоразм ва ҷумҳурии мухтори Қароқалпоқистон мавзеъи тоҷикнишин надоранд.
Аммо барои ҳукуматдорони Ӯзбекистон тоҷикони вилоятҳои Тошканду Фарғона, Сурхондарёву Қашқадарё муҳим нестанд. Барои онҳо Самарқанду Бухоро аҳамияти калон дорад. Зеро бидуни Самарқанду Бухоро ҷаҳониён Ӯзбекистонро намешиносанд. З-ин сабаб сиёсати қадағони маънавӣ – маҳви маънавии фарҳангии тоҷикӣ бештар дар Самарқанду Бухоро пеш гирифта шуд.
Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ дар мақолаи худ, бо унвони “Мулоҳиза”, ки 20 августи соли 1913 дар шумораи якуми маҷаллаи “Оина” ба табъ расидааст, доир ба аҳаммияти мактабу таълим чунин меоварад:-“Мактаб ва мадрасаи кадом миллат ки обод аст, он миллат худро мудофеъа мекунад, ҳам соҳиб ва ҳокими дигар миллатҳо мегардад. Ривоҷи дину миллат, тараққии улум ва диёнат, пешрафти фазлу ҳунар, ислоҳи ахлоқу одоб, хубии маишат ва зиндагонии ҳар тоифаро сабаб мактаб ва мадраса аст.”
Ҳукуматдорони Ӯзбекистон инро хуб дарк карда, сиёсати нонавиштаеро миёни мардуми тоҷик паҳн карданд, ки гӯё агар тифли тоҷик дар мактаби таълими тоҷикӣ хонад, пас аз хатми он ба макотиби таълими олӣ дохил шуда наметавонад ва дар интихоби ихтисос душворӣ мекашад. Мардуми аз фарҳанги пешинаи худ кандашуда, ба ин фирефта шуда, ихтиёран тифлони худро ба синфҳои таълимаш ба забони узбекӣ медодагӣ шуданд. Ва ин шуд, ки имрӯз дар Самарқанд шумори мактабҳои тоҷикӣ қариб ба нестӣ расид. Соли 1997 аз китобхонаҳои мактабҳои таълимаш ба забони тоҷикӣ, ҳамаи китобҳои тоҷикӣ, аз ҷумла “Шаҳнома”-и Фирдавсӣ, ғазалиёти Ҳофиз, Бедил, Сайидо ва дигарҳо ғундошта шуда, ба коғазпора супорида шуд.
Солҳои ошкорбаёнӣ бо ташаббуси хазинаи Рӯдакӣ, ки раисии онро олими маъруфи адабиётшиноси тоҷик, доктори илми адабиётшиносӣ, профессор Садрӣ Саъдизода дар уҳда дошт, дар мавзеъи Регистон, дар роҳи буриши самти Панҷакент, пайкараи ҷаззоби “Одам-уш-шуаро” Рӯдакии бузургвор, ки аз се тонна филизи биринҷӣ сохта шудааст, гузошта шуда буд. Замони таҷлили ҷашни 660-солагии Амир Темур ва 600- солагии Мирзо Улуғбек, пайкараи Рӯдакиро канда, маводи он барои сохтани пайкараҳои Темуру Улуғбек сарф карда шуд. Ба ҷои он дар назди даромадгоҳи порки истироҳати марказӣ пайкараи нимтанаи аз бетон сохташудаи як пири барзангии туркмонандро пайкараи Рӯдакӣ гуфта гузоштанд.
Агар мардуми гумроҳ дар замони фиръавнӣ эҳромҳову пайкараҳои Фиръавни лаъинро ва дар замони шӯравӣ пайкараҳои Ленинро зиёрат мекарданд, имрӯз мардум пеш аз ҷашни ақди никоҳи фарзандонашон пайкараи девмонанди боҳашамати Темурро зиёрату гулгузорӣ мекунанд.
Ё Муҳаммад, умматонат кори пастӣ мекунанд,
Зери пои ланги Темур бутпарастӣ мекунанд.
Соли 2007 бинои бо нақшҳои нотакрори бисёр зебо оро додашуда, гаҳвораи ҳаракати маорифпарварии ҷадидияи Осиёи Марказӣ ва дар Осиёи Марказӣ аввалин мактаби аҳли адаб, ки ба он шоири маорифпарвари тоҷик Сайидаҳмади Васлӣ сарварӣ мекард ва дар он аз соли 1988 то 2005 Маркази фарҳанги тоҷикони Самарқанд фаъолият мекарду дар феҳристи ҳифзи обидаҳои меъморӣ бо номи “Хонаи Усмонбой” дохил шуда буд, вайрон карда шуда, ба ҷои он меҳмонхона сохта шуд.
Дар даромадгоҳи хона-музеи устод Садриддин Айнӣ пайкараи нимтанаи устод гузошта шуда буд. Барои он ки нигоҳи раҳгузарон ба он наафтад, пайкара аз он ҷо гирифта, даруни ҳавлии хона-музей гузошта шуд.
Дар самти буриши роҳи Регистону Даҳбед пайкараи барқади Навоиву Абдураҳмони Ҷомӣ гузошта шуда буд. Он пайкараҳоро аз он ҷо гирифтанд ва ҳоло тақдири онҳо маълум нест.
Чи тавре ки мебинед, сиёсати миллатгароии замони истиқлоли Ӯзбекистон бар алайҳи мардуми тоҷики Самарқанд равона карда шуд. Яъне, тоҷикони Самарқанд ба истиқлол даст наёфтанд. Имрӯз мардуми тоҷики Самарқанд аз самараҳои истиқлоли Тоҷикистон низ бархӯрдор нестанд. Мутаассифона, инро на ҳар кас дарк карда метавонад. Ин дарди равшанфикрони худшинос ва фарҳангдӯстони миллат аст.
Агар аз каси ба Эрон сафаркарда бипурсед, ки дар Эрон чӣ кор кардеду чиро дидан кардед? Дар ҷавоб бо ифтихор мегӯянд: – “Бештари бузургони илму адаби мо – Фирдавсӣ дар Тӯси Машҳад, Ибни Сино дар Ҳамадон, Хайёму Аттор дар Нишопур, Саъдию Ҳофиз дар Шероз хобидаанд, оромгоҳашонро зиёрат кардем. “
Хуб гуфтед бародар! Хобидаанд. Ҳа, хобидаанд. Варна, агар бедор мебуданд, шумо барин ғафлатзадагонро аз хоби гарон бедор мекарданд.
Имрӯз бархе мехоҳанд, то ҷаҳониён “тоҷик”-ро танҳо бо Тоҷикистон шиносанду Самарқанд акнун мурда, дар таърих монда. Онро фақат чун қабри бузургон рафта зиёрат кунед.
Ҳой, бародар! Сад ҳазор хатои нобахшиданӣ мекунед. Агар бузургони дар Эрон хобида, ҷисман мурдаву маънану рӯҳан зинда бошанд, вале Самарқанд ҳам ҷисман, ҳам маънану рӯҳан зинда, намурдааст. Бесабаб паямбари ислом Самарқандро “мадинат-ул-маҳфуз – шаҳре дар ҳимояи Худо” нагуфтааст. Шаҳре, ки дар ҳимояи Худо аст, ҳаргиз намирад.

Tags: تاجیکستانتریبون سیریلیکرستم قادرسمرقندفارسی زبانان ازبکستان

Related Posts

Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?
Women

Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?

1 November 2019
Чиро диктотурҳо аз қиссагӯён метарсанд?
Minorities

Чиро диктотурҳо аз қиссагӯён метарсанд?

1 October 2019
“Ҷавонон барои волоияти қонун”
Multimedia

“Ҷавонон барои волоияти қонун”

1 November 2019

This ad can be change in the Widget Section – Default Sidebar

“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

© 2018 Radio Zamaneh, Tajikistan

No Result
View All Result
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо