Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
No Result
View All Result
فارسی | English
Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
Zamaneh Tajik
No Result
View All Result

کم‌آشنایی از کتاب‌های تاجیکان برون‌مرزی در تاجیکستان

golshan by golshan
6 March 2019
in Фарҳанг

Гумон надоштам, ки дар Тошканд ин қадар китобе ба забони тоҷикӣ мунташир мешавад ва шоиру нависандагони тоҷик дар кишвари ҳамсоя ба чунин қуллаҳое расидаанду осори нобе ба ганҷинаи адабиёт мерезанд. На, албатта, мешунидем, ки китобҳо нашр мешаванд, аммо соле ду ё се номгӯй ва баъзеҳо ба ин осор бо чашми кам менигаристанд. Бовар дорам, ки дар оянда ҳавзаи бузурги адабиёти тоҷик дар ин ҷо рушд хоҳад кард, бо кашидани Самарқанду Бухоро ва Фарғонаву Сурхон ба мадораш.

Сипос аз марди фарҳангу адабу сухан Муҳиддин Маҳмудови гиромӣ, ки ҷумъаи гузашта ин китобҳои хубро дастраси банда карданд. Дар ин ду рӯз чанде аз онҳоро хондам. Қисса ва ҳикояҳои Юнуси Имомназар хеле дилнишин ва забони онҳо нобу ширин аст. Пажӯҳиши доктори улуми филологӣ, профессор Ҷумъақул Ҳамроев аз шеъри шоири пешгом Паймон амиқу фарогир, ашъор ва ёддоштҳои шоири дигари хушсалиқа Пайғом дилро тасхир мекунад. Ғазалҳои зебои Садриддини Ҳушёрии Сӯхиро, тавре дарёфтам, сарояндаҳо дар суру арӯсиҳо мехонанд. Ҳасан Сулаймони 23-сола лаҳну созе дорад, ки аз омадани як шоири ояндадор гувоҳӣ медиҳад. Китобҳо аз силсилаи “Барои мактабиён” умедвор мекунад, ки наслҳои оянда ба маротиб қавитар ва наҷибтар хоҳанд омад.

Орзу ин аст, ки пайвандҳо таҳким ёбанд ва ҳавзаҳои адабӣ марзҳоро нашиносанд. Бояд таблиғу фурӯши густардаи китобҳо дар ду кишвар роҳандозӣ шавад. Чаро телевизионҳо шабҳои муштараки шеъру суруд аз ду тарафи марз ташкил накунанд. Телемостҳо ба чӣ дард мехӯранд, агар на ба ин? Аз чӣ ҳавзаи адабии Тоҷикистон дар худ дармондааст ва нигоҳе ба он сӯ намеафканад? Ҳатто дигар аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро, ки дар Ӯзбекистон зиндагӣ мекунанд, ба анҷуманҳо дар Душанбе даъват намекунанд. Чӣ магар онҳо адиби тоҷик нестанд ва танҳо шумо адиби тоҷик ҳастед? Дуруст аст, ки нақди адабӣ дар кишвари мо ба андозаи зиёд ҷойгоҳашро аз даст додааст. Вале чаро осоре, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон, вале ба забони модарии мо нашр мешавад ва кашфиёту дастовардҳои ибратбахш дорад, аз назари он дур мемонад? Магар ба ин шева адабиёт метавонад рушд кунад?

Tags: КитобТоҷикистон

Related Posts

Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?
Women

Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?

1 November 2019
Чиро диктотурҳо аз қиссагӯён метарсанд?
Minorities

Чиро диктотурҳо аз қиссагӯён метарсанд?

1 October 2019
“Ҷавонон барои волоияти қонун”
Multimedia

“Ҷавонон барои волоияти қонун”

1 November 2019

This ad can be change in the Widget Section – Default Sidebar

“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

© 2018 Radio Zamaneh, Tajikistan

No Result
View All Result
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо