https://www.facebook.com/shahab.farrokhyar/videos/1956195217747023/
Телевизиони Тоҷикистон барои нахустин бор гузориш бозиҳои футболи Ҷоми Ҷаҳониро ба забони форсӣ пахш кард. Ин паёғомро Шаҳоби Фаррухёр, рӯзноманигори иронӣ ки солҳои зиёде муқими Тоҷикистон аст, дар сафҳаи фейсбукии худ навиштааст ва ҳамроҳ бо видиюи бахше аз бозии футбол, ин иқдоми телвизиюни Тоҷикистонро таҳсин кардааст. Оғои Фаррухёр менависад, пеш аз ин телевизиюни ин кишвар мусобиқоти футболи хориҷиро аз шабакаҳои Русия ва бо гузоришгарони русӣ пахш мекард. Ӯ меафзояд, шурӯъи ин таҳаввулоти муҳим дар мусобиқае, ки як тарафи он Русия ва тарафи дигар Арабистони Саъудӣ буд, метавонад интихобе ҳисобшуда бошад, гарчӣ бисёр баъид аст чунин қасд ва иродае дар паси ин ҳамзамонӣ вуҷуд дошта бошад.



