
Ҳудуд як моҳ аст, ки овардани исми Ислом Каримов, райисҷумҳури фақиди Ӯзбекистон, дар расонаҳои дохилии кишвар мамнуъ будааст ва ин мавзӯъ имрӯз, 23 моҳи Август, расонаӣ шуда ва титри расонаҳои минтақа қарор гирифта аст.
Дар ҳақиқат низ исми Ислом Каримов дар ин муддат дар расонаҳои дохилии Ӯзбекистон оварда нашуда ва гуфта мешавад, ки ин даструр “аз боло” ва телефонӣ ба ҳамаи расонаҳои дохилии кишвар иблоғ шудааст. Ин дастури ҷадид барои бисёреҳо суол эҷод карда, ки оё ин роҳи ҷилӯгирӣ аз ҳар навъ интиқод аз мушкилоти даврони ҳукумати Ислом Каримов аст ё маҳфӯз доштани торихчаи кории мақомоти кунунии кишвар аст?
Ислом Каримов низ дар даврони ҳукумати худ чунин дастурҳое медод ва бисёре аз равшанфикрони кишварро мамнӯъ садо ва мамнӯъ тасвир карда буд ва бисёре аз чеҳраҳои кишвар ҳеч гуна иҷозаи сӯҳбат бо расонаҳоро надоштанд.
Ин дар ҳолест, Гулнора Каримова, духтари бузурги Ислом Каримов, ҳудуди ду сол аст дар зиндон ба сар мебарад ва дар расонаҳои дохилӣ ҳеч гуна хабар ва гузорише аз вазъият ва шароити боздошти ӯ мунташир намешавад.
Оё ин ба маънои он аст, ки ҳанӯз заминаи умед барои доштани расонаи озод дар Ӯзбекистон вуҷуд надорад?


