Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
No Result
View All Result
فارسی | English
Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
Zamaneh Tajik
No Result
View All Result

Дар Узбекистон ба таҷлили 75-солагии Парфӣ иҷозат надоданд

golshan by golshan
19 February 2019
in Фарҳанг

در تاشکند از مراسم یادبود رئوف پرفی، شاعر شناخته ازبک، جلوگیری شده است. این شاعر سال ۲۰۰۵ در ازبکستان درگذشت. مقامات ازبکستان گفته اند که مراسمی که قرار بود ۷۵ مین زادروز این شاعر را تجلیل کند، ممنوع نشده بلکه به تاریخ دیگر انتقال یافته است. اما مناجات پرفی‌وا، دختر بزرگ این شاعر گفته که مقامات ازبکستان یک هفته قبل از برگزاری از مراسم جلوگیری کرده اند و از واژه ممنوع استفاده کرده اند.

Рауф Парфӣ, шоъири узбек

Дар Узбекистон ба таҷлили 75-солагии шоири маъруф Рауф Парфӣ, ки қарор буд, 25-уми сентябр дар Китобхонаи миллии Тошканд баргузор шавад, иҷозат надоданд. Намояндагони қишри эҷодкор дар эътироз ба ин тасмими мақомот дар Фейсбук маъракаеро таҳти унвони “#parfimaniya” ба роҳ монданд.

Дар чорабинии мазкур қарор буд, шеърҳои шоир қироат ва дар бораи эҷодиёти ӯ суханронӣ кунанд. Ҳамчунин намоиши саҳнаҳое дар назар буд, ки дар асоси шеърҳои Парфӣ омода шудаанд.

Як масъули Китобхонаи миллии Узбекистон ба номи Алишер Навоӣ гуфт, баргузории чорабиниро аз “боло” манъ карданд. “Ба таври шифоҳӣ дастур шуд, ки ҳеч гуна чорабинӣ баргузор карда нашавад”, – афзуд ӯ.

Духтари калонии шоир Муноҷот Парфиева мегӯяд, дар ин бобат ба дастгоҳи президенти Узбекистон муроҷиат кард, вале посухе гирифта натавонист. “Ҷашни 75-солагии падари маро 18-уми сентябр манъ карданд. Ба худи ману созмондиҳандагони чорабинӣ гуфтанд, ки баргузории он “манъ” аст. Мансабдороне, ки падарамро дар зиндагияш азоб медоданд, баъд аз мурданаш ҳам ӯро осуда намегузоранд. Панҷ сол пеш ҳам манъ карда буданд”, – афзуд Парфиева.

Сухангӯи Вазорати фарҳанги Узбекистон Мавлуда Аскархоҷаева гуфт, чорабинии марбут ба 75-солагии Парфӣ ба санаи дигар гузошта шуд. “Рӯзҳои наздик китоби бузурги шоир нашр мешавад. Бинобар ин, чорабинӣ ба рӯзи дигар гузошта шуд. Он ҳамроҳ бо рӯнамоии китоби шоир баргузор мешавад”, – изҳор дошт Аскархоҷаева.

Шоири маъруф Рауф Парфӣ 28-уми марти соли 2005 дар шаҳри Тошканд даргузашт.

Tags: Рауф Парфиرئوف برفیشاعر ازبک

Related Posts

Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?
Women

Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?

1 November 2019
Чиро диктотурҳо аз қиссагӯён метарсанд?
Minorities

Чиро диктотурҳо аз қиссагӯён метарсанд?

1 October 2019
“Ҷавонон барои волоияти қонун”
Multimedia

“Ҷавонон барои волоияти қонун”

1 November 2019

This ad can be change in the Widget Section – Default Sidebar

“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

© 2018 Radio Zamaneh, Tajikistan

No Result
View All Result
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо