Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
No Result
View All Result
فارسی | English
Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
Zamaneh Tajik
No Result
View All Result

Шаби фарҳанги Тоҷикистон дар Амстердам

golshan by golshan
13 February 2019
in Music, Фарҳанг
Шаби фарҳанги Тоҷикистон дар Амстердам

 

Рӯзи шанбе, 22 моҳи десомбр, дар шаҳри Амстердами Ҳуланд шаби фарҳанги Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд. Ин барномаро созмони ғайридавлатии “Сомонӣ” тадорук дидааст ва аз теъдоде хонанда, навозанда ва адиби тоҷик даъват кардааст, ки ҳулландиҳоро бо ҳунар ва фаъолиятҳои адабии худ ошно кунанд.

Ноҳиди Зейналпур, виюланнавози маъруф, Ҷамила Абдуллоева, рақсанда, Шоираи Раҳимҷон, таронасаро, Соҳиб Назриев, хонанда, Олимҷон Солиев, хонанда ва оҳангсоз, Воҳид Холов, навозанда, ки аз чеҳраҳои шинохтаи Тоҷикистон маҳсуб мешаванд, дар ин маросим суханронӣ ва ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Шаби фарҳангии Тоҷикистон дар Омстердом бо суханронии ифтитоҳии Эркин Раҳматуллозода, сафири фавқулъода ва мухтор ва намояндаи доимии Тоҷикистон дар Иттиҳодияи Урупо, оғоз хоҳад шуд ва сипас  рӯнамоии китобҳои Шаҳзодаи Самарқандӣ, нависандаи тоҷики муқими Ҳуланд баргузор хоҳад шуд ва дар идома муди либосҳои миллии тоҷикӣ намоиш дода мешавад ва пас аз он саҳна дар ихтиёри ҳунармандони маъруфи тоҷик хоҳад буд, ки аз кишварҳои Русия ва Тоҷикистон вижаи ин маросим ба Ҳулланд даъват шудаанд.

Гардонандагии маҳфили шаби фарҳанги Тоҷикистон дар Ҳулландро Шоъираи Раҳимҷон, таронасарои шинохтаи тоҷик бар уҳда хоҳад дошт, ки беш аз 300 тарона барои хонандаҳои мухталифи тоҷикро навиштааст,.

Ин маҳфил ҳамзамон бо шаби Ялдо баргузор мешавад ва бархе аз русуми куҳани шаби Ялдоро низ қарор аст анҷом шавад ва созмондиҳандагони ин маросим дар лобалои барномаҳо фоли Ҳофиз гирифта хоҳад гирифт ва шеъру достонхонӣ хоҳанд кард.

Ин базм аз соъати 18:00 то 23:00-и шаб, дар толори  “No Limit” дар шаҳри Амстердам, багузор хоҳад шуд, ки аз муътабартарин амокини ин шаҳр ба шумор меояд.

Address:
Geldershoofd 80

1103BG Amsterdam

Locatie: NOLimit

Gratis parkeren
Datum: 22 desember 2018

Tijd: 18:00 tot 23:00

Tags: Замона ТоҷикистонТоҷикистонТрибуни Замона

Related Posts

Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?
Women

Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?

1 November 2019
Чиро диктотурҳо аз қиссагӯён метарсанд?
Minorities

Чиро диктотурҳо аз қиссагӯён метарсанд?

1 October 2019
“Ҷавонон барои волоияти қонун”
Multimedia

“Ҷавонон барои волоияти қонун”

1 November 2019

This ad can be change in the Widget Section – Default Sidebar

“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

© 2018 Radio Zamaneh, Tajikistan

No Result
View All Result
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо