Мушаррафа Қосимова, аз аввалин ҳунармандоне буд, ки ҳамроҳ бо гурӯҳе аз ҷавонони фидоӣ дар миёнаи даҳаи 30 аз Самарқанд ба Душнбеи тозатаъсис рафт ва дар бунёди теотри тоҷик саҳми беназир гузошт.
Ин бонуи фидокор аз соли 1937 то соли 1985 дар саҳна фаъолият кард ва дар торихи 2-апрели соли 2019, дар синни 101-солагӣ чаҳонро тарк гуфт.

Мушаррафа Қосимова дар яке аз гуфтугӯҳои худ бо расонаҳои маҳаллӣ гуфта буд, ҳеч гоҳ барои зоҳир шудан руйи саҳна аз грим истифода накардааст ва ҳатто лабҳои худро ранг надодааст ва саҳна ва мухотабон ӯро он гуна ки ҳаст, пазируфтаанд.
Нақшҳои баёдмонданитарини бону Қосимова, Фирӯза-духтари тоҷик ва Оиша-апаи қирғиз дар намоишномаи «Дохунда»-и Ҷалол Икромӣ ва «Қуллаи Фудзияма»-и Чингиз Айтматов ва Қосим Муҳаммадҷонов ҳастанд, ки дар солҳои 1954 ва 1974 рӯи саҳна рафтаанд.
Мухиммтарин нақшҳое, ки бону Қосимова дар авҷи фаъолиятҳои ҳунарии худ иҷро карда, нақши модар дар намоишномаи «Беватан»-и Султон Сафаров (1970), Бӯстонбибӣ дар намоишномаи «Ҷон модаракон»-и Абдулло Қаҳҳор (1972), модарбузург дар намоишномаи бар асоси асари «Номаро ман навиштаам»-и Файзулло Ансорӣ (1973) ва Фармонбибӣ дар намоишномаи «Исёни арӯсон»-и Саид Аҳмад (1982) аст, ки барои насли имрӯз низ ҷолиб ва диданӣ аст. Нақши модар дар филми “Ниссо” аз маъруфтарини ин нақшҳост, ки то ҳол дар синамои тоҷик қавитар аз ин бозӣ мушоҳида нашудааст.
Мушаррафа Қосимова, модари Фаррух Қосим, аз бунёдгузорони теотри миллии тоҷик ва теотри “Аҳорун” аст ва даҳҳо шогирди дигар низ тарбият кардааст, ки то ҳол дар зинда нигаҳ доштани теотр дар Тоҷикистон талош ва фаъолият мекунанд.
Дар мақолае, ки Муҳаммадуллоҳи Табарӣ, муҳаққиқи теотри тоҷик, ба муносибати 95-солагии ин зани ҳунарманд барои сойти Би-би-сӣ форсӣ навишта, омадааст: “Тақдир ба ин бону дар баробари азобу кулфат лутфу эҳсони зиёдеро арзонӣ доштааст. Аз даст додани мардони дӯстдошта – Абулҳақ Усмонову (нахустин дромнигори тоҷик) Муҳаммадҷон Қосимов (Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ) ва фарзандони фарзонааш – шодравон Фаррухи Қосим ва Ҷамҳур Қосимов рӯҳи тавонои ӯро шикаста натавонист.”
Оқои Табарӣ дар ин мақола афзудааст, имрӯз дар таърихи теотри тоҷик Мушаррафа Қосимова ҳамчун беҳтарин бозигари нақшҳои маишӣ дониста шудааст. Образҳои офаридаи ӯ – Латофат дар «Тӯй»-и Самад Ғанӣ (соли 1958) ва зани гӯл дар «Гавҳари шабчароғ»-и Сотим Улуғзода (1962) далели ин ҳарфҳо шуда метавонанд.
Мушаррафа Қосимова зодаи Самарқанд буд ва дар солҳои бунёди кишваре барои тоҷикон бо гуруҳе аз тоҷикони пешгом аз Самарқанду Бухоро ба Душанбе рафт ва мондагор шуд.
Рӯзи даргузашти ин зани фидокор, ки умри тӯлонии худро барои бунёд ва эҳёи теотр гузаронда, рӯзи баёни доғтарин сӯгвориҳо дар шабакаҳои ичтимоъӣ байни тоҷикон аст.
—



