Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
No Result
View All Result
فارسی | English
Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
Zamaneh Tajik
No Result
View All Result

Фарохони гузори тадриҷӣ ба хатти порсӣ дар Тоҷикистон

Гузориши дарёфтӣ аз Фаромурзи Беҳрод

shahzoda by shahzoda
28 April 2019
in Матолиби баргузида, Фарҳанг
Фарохони гузори тадриҷӣ ба хатти порсӣ дар Тоҷикистон

Созмони байналмилалӣ ва мардумниҳоди Порсӣ Анҷуман дар номае ба раиси ҷумҳур ва раисони маҷолиси ъулё ва суфлои порлумони Тоҷикистон хостаанд, ки барномае барои гузори тадриҷӣ ба хатти порсӣ дар ин кишвар рӯи даст бигиранд.

Ин созмон, ки шуморе аз фарҳангиён ва донишварони маъруф порсизабон аз саросари ҷаҳонро гирдиҳам оварда, ҳамчунин аз мақомоти тоҷик хостаанд, ки номи “дурусту ростини забони тоҷиконро, ки порсӣ аст”, дар кишвари худ ба расмият дароваранд ва забони порсиро дар ҳамаи умур ҷойгузини забони русӣ кунанд.

Замони ирсоли ин номаи саргушода ва посухи мақомҳои ва аъзои порлумони Тоҷикистон ба он маълум нест, вале он батозагӣ дар торнамои созмони Порсӣ Анҷуман, ки ба таҳқиқи масоили забони порсӣ мепардозад, мунташир шудааст. Бархе аз расонаҳои форсизабон низ хабари интишори ин номаро пӯшиш додаанд.

Созмони мардумниҳоди Порсӣ Анҷуман як созмони фарҳангию пажӯҳишист, ки бархе аз маъруфтарин донишварони порсизабон, монанди Фаридуни Ҷунайдӣ, Дориюши Ошӯрӣ, Ҷалили Дӯстхоҳ, Муҳаммади Малоирӣ, Абулфазли Хатибӣ, Масъуди Миршоҳӣ ва Ҳусейни Ваҳидӣ аз ҷумлаи ҳамвандони он ҳастанд.

Забони порсӣ, ки осори фаровони илмию адабӣ ва торихӣ ба он дар тӯли беш аз даҳ қарни гузашта нивишта шудааст, имрӯз дар се кишвари Эрону Афғонистон ва Тоҷикистон забони расмӣ аст, аммо бо ангезаҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон номи “тоҷикӣ” ва дар Афғонистон номи “дарӣ” ба он дода шудааст.

‘Номи дурусту ростини забон’

Дар оғози ин нома омада, ки забони порсӣ дар оғози садаи бистуми милодӣ, ки садае “бисёр талху дарднок барои забони порсӣ дар Осиёи Миёна ё Фарорӯдон” буд, зарбаҳои сахту осебҳои бисёре дида ва нотавон шудааст. Вале мақомҳо ва намояндагони порлумони Тоҷикистон дар замони Истиқлол барои рафъи ин осебҳо ва ҳалли мушкилоти забони порсӣ дар кишварашон дасти тавоное доранд.

Донишварони порсигӯ нивиштаанд: “Медонем, ки то соли 1925 забони мардумони Фарорӯдро “порсӣ” меномиданд, ва аз Рӯдакӣ то Ъайнӣ адабиётеро, ки дар ин сарзамин падид омад, адабиёти порсӣ мегуфтанд. З-ин рӯ, аз ъолиҷанобон дархост мекунем барои посдошти якпорчагии миллии Тоҷикистон, рушди худшиносии миллӣ ва сарбуландии тоҷикон, посдошти мероси маънавии Тоҷикистон, тадовуми забон ва густаришу болишу шукуфоии он ва шарокат дар ҳамаи ифтихорҳои фарҳангии порсигӯёни ҷаҳон номи дурусту ростини забони тоҷикон, ки “ПОРСӢ” аст, ба расмият шинохта шавад.”

Дар осори бозмонда аз удабои Варорӯд ва асноди расмии Аморати Бухоро номи ин забон ҳамора “форсӣ” зикр шудааст. Дар авоили даврони Шӯравӣ низ бисёре аз фарҳангиёни тоҷик онро “форсӣ” меномиданд, вале рафта-рафта бо дастури мақомҳои шӯравӣ номи он табдил ба “тоҷикӣ” шуд.

‘Дабираи ниёконӣ’

Дар номаи донишварони порсизабон ба мақомоти давлатӣ ва аъзои порлумони Тоҷикистон ҳамчунин омадааст, ки назарияпардозони Ҳизби кумунисти Русия аз ҳамон оғози барпоии ҳукумати шӯравӣ бо ҳадафи “буридани пайванди мардумони” Фарорӯдон аз хостгоҳҳои торихию фарҳангияшон ва “пок кардани ҳофизаи торихии мардумон” хатти русиро ҷойгузини хатти куҳани порсӣ дар ин қаламрав кардаанд.

Дар натиҷа, ба назари муаллифони нома, муҳиммтарин душвории тоҷикон дар замони кунунӣ “барои пайванд бо ҳамзабонони худ ва баҳрагирӣ аз мероси гаронсанги ниёконии хеш” ҳамин надонистани хатти порсӣ будааст.

Дар ин нома омадааст: “То замоне ки дабираи ниёконӣ (хатти порсӣ) ба Тоҷикистон бознагардад, ин кишвар нахоҳад тавонист пайванди худро бо ҳамзабонони хеш дар саросари ҷаҳон устувор кунад ва аз дастовардҳои калони фаннӣ, донишӣ ва фарҳангии ҳамзабонон баҳра гирад ва ба ин ганҷинаи бузург дар роҳи пешрафти худ даст ёбад. Бар ҳамин поя, аз ъолиҷанобон дархост мешавад, то барномае замонманд барои бозгардондани хатти ниёконӣ ба Тоҷикистон пайрезӣ кунанд.”

Ҳарчанд Қонуни забони расмии Тоҷикистон муқаррар карда, ки давлат барои омӯзиши хатти порсӣ ва нашри осоре ба он шароит фароҳам мекунад, вале мақомот ҳамвора маҳдудиятҳое дар ин замина эъмол кардаанд.

Аз ҷумла миқдори соъоти дарсӣ барои омӯзиши ин хат дар мадориси Тоҷикистон коҳиш ёфта ва аз ҷумла маъмурони шаҳрдории Душанбе овезаҳо ба хатти порсиро аз соли 1994 ба ин сӯ барчида ва мамнӯъ кардаанд.

‘Мероси муштарак’

Дар номаи донишварони порсигӯи ҷаҳон ба мақомот ва намояндагони порлумони Тоҷикистон таъкид шудааст, ки забони порсӣ мухтас ба як кишвар нест, балки “мероси муштараки як ҳавзаи тамаддунии куҳан” аст, ки нақши боризе дар фарҳангу тумаддуни ҷаҳон доштааст.

Ба назар мерасад, манзури муаллифон аз ин “ҳавзаи тамаддунӣ” имрӯза кишварҳои Осиёи Миёна ва Эрону Афғонистон буда бошанд, ҳарчанд дар гузашта забони порсӣ дар қаламраве густардатар – аз Ҳинд гирифта то Қафқозу Туркия – забони расмӣ ва коргузории давлатҳои мухталиф будааст.

Ба гуфтаи онҳо, ҳар як аз бошандагони ин ҳавзаи тамаддунӣ “ба як андоза соҳиби ин мероси забониянд ва ба як андоза низ дар баробари он масъуланд.”

Дар ин нома мехонем: “З-ин рӯ, вожаҳои ин забонро ба афғонистонӣ ва эронӣ ва тоҷикӣ ва… дастабандӣ кардан сабаби сустии забони муштараки порсизабонон хоҳад шуд. Вожаҳои ин забон аз ҳар сарзамине, ки омада бошанд, аз они ҳамаи порсизабонон аст, на кишваре вижа. Дар ҳамин росто, аз ъолиҷанобон дархост мешавад, то бо гузордани қонун ҷилави сиёсати ҷудоиафканонаи душманони забони порсиро бигиранд, ва ҳамчунин заминаҳои қонунӣ барои полоиши забони порсӣ дар Тоҷикистон аз вожаҳои бегонаро фароҳам оваранд.»

Ин дар ҳолест, ки ъиддае аз масъулон дар Тоҷикистон нисбат ба корбурди вожагони роиҷ дар адаби порсӣ, ки имрӯз камтар ривоҷ доранд, ҳассосият нишон медиҳанд ва ба онҳо гоҳ барчасби «эронӣ» ё «ъарабӣ» мезананд.

‘Таъсири забони русӣ’

Созмони мардумниҳоди Порсӣ Анҷуман ва донишварони порсигӯ ҳамчунин дар номаи худ ба раиси ҷумҳур ва намояндагони порлумони Тоҷикистон нивиштаанд, ки «ошуфтагиҳо» ва «нодурустиҳое» дар корбурди забони меъёр дар матолиби расонаҳои ин кишвар ба мушоҳида мерасад.

Ба гуфтаи онҳо, ин ошуфтагиҳо ношӣ аз таъсири забони русӣ дар порсии Тоҷикистон аст ва ислоҳи ин вазъият ба «нивиштани як дастури забони меъёр барои порсӣ» ва «созукорҳои қонунӣ барои ҷилавгирӣ аз ошуфтагии бештари забон” ниёзманд аст.

Мавзӯъи дигаре, ки зоҳиран асбоби нигаронии фарҳангиёни порсизабони ҷаҳонро фароҳам карда, ҳузур ва нуфузи ҳамчунон густардаи забони русӣ дар Тоҷикистон баъд аз ҳудуди се даҳаи истиқлоли ин кишвар аст.

Дар ин нома омадааст: «Муҳимтарин бунёди истиқлоли ҳар миллате истиқлоли фарҳангии он миллат аст ва забон сутуни бунёдини истиқлоли фарҳангӣ аст. Ҳарчанд Тоҷикистон аз соли 1991 истиқлоли сиёсии худро бозёфта, вале ҳануз забони русӣ ҷои худро ба забони миллии Тоҷикистон надодааст. То замоне ки забони порсӣ яксара ҷойгузини забони русӣ нашавад, дастёбӣ ба истиқлоли фарҳангӣ ва миллӣ шуданӣ нест.”

Ин дар ҳолест, ки бар асоси Қонуни асосии Тоҷикистон, забони русӣ дар ин кишвар ба унвони “забони муъоширати байни миллатҳо” шинохта шуда ва коргузорӣ дар бисёре аз ширкату муассисот ба ин забон сурат мегирад.

‘Рӯйкарди сиёсӣ’

Нивисандагони нома гуфтаанд аз мақомҳои раҳбарӣ ва аъзои порлумони Тоҷикистон таваққуъ доранд, ки “ториху фарҳанг ва забони муштаракамонро даргири гароишҳо ва рӯйкардҳои гузарои сиёсӣ накунанд.”

Созмони мардумниҳоди Порсӣ Анҷуман ва гурӯҳи донишварони порсизабон аз саросари ҷаҳон дар ин нома ҳамчунин омодагии худро барои ҳар гуна ҳамкорӣ ва пуштибонӣ аз давлат ва мардуми Тоҷикистон дар ростои тақвияти ҷойгоҳи забони порсӣ ва тарвиҷи хатти порсӣ дар ин кишвар эълом кардаанд.

Барои нахустин бор аст, ки як созмони мардумниҳод ва гурӯҳе аз донишварони порсизабон дар хориҷ аз Тоҷикистон дар номае аз мақомот ва аъзои порлумони ин кишвар тақозо мекунанд, ки хатти ба истилоҳи онҳо “ниёкониро” дар ин кишвар ба расмият дароваранд.

Дар авохири ъаҳди шӯравӣ бисёре аз фарҳангиёни тоҷик хостори расмият бахшидан ба номи забони “порсӣ” ва гузори тадриҷӣ ба хатти порсӣ шуда буданд, аммо пас аз оғози ҷанги дохилӣ ва ба қудрат расидани Эмомъалии Раҳмон, раиси ҷумҳурии кунунӣ, ин ҷунбишҳо саркӯб шуд.

Дар нахустин қонуни забон, ки соли 1989 дар Тоҷикистон тасвиб шуд, номи забони расмии ин кишвар ба гунаи “тоҷикӣ (форсӣ)” зикр шуда буд. Вале дар қонуни ҷадиди забон, ки соли 2009 тасвиб шуд, номи “форсӣ” вуҷуд надорад.

Пешнивиси Қонуни асосие, ки баъди истиқлоли Тоҷикистон таҳия шуд, низ номи “форсӣ”-ро дар бар дошт, вале ба ҳангоми тасвиби он дар соли 1994 аъзои вақти порлумон вожаи “форсӣ”-ро аз матни ин қонун андохтанд.

Ин дар ҳолест, ки тайи солҳои ахир баҳсҳо бар сари номи забони расмӣ ва масъалаи гузор ба хатти порсӣ, ки дар Тоҷикистон бештар ба “хатти ниёкон” маъруф аст, бавижа дар шабакаҳои иҷтимоъӣ афзоиш ёфтааст.

Tags: Аморати БухороСозмони мардумниҳоди Порсӣ Анҷуманфарҳангхатти порсӣ

Related Posts

Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?
Women

Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?

1 November 2019
Чиро диктотурҳо аз қиссагӯён метарсанд?
Minorities

Чиро диктотурҳо аз қиссагӯён метарсанд?

1 October 2019
PCOS чи навъ беморӣ аст?
Women

PCOS чи навъ беморӣ аст?

1 October 2019

This ad can be change in the Widget Section – Default Sidebar

“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

© 2018 Radio Zamaneh, Tajikistan

No Result
View All Result
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо