Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
No Result
View All Result
فارسی | English
Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
Zamaneh Tajik
No Result
View All Result

Русия: Дар баробари таҳримҳои ҷадиди Амрико алайҳи Эрон “гомҳое бар хоҳем дошт”

shahzoda by shahzoda
25 June 2019
in Сиёсат
Русия: Дар баробари таҳримҳои ҷадиди Амрико алайҳи Эрон “гомҳое бар хоҳем дошт”

Ба гузориши хабаргузориҳои Русия, Сергей Риёбкуф, муъовини вазири хориҷаи Русия, душанбеи 24-июн/3-тир гуфт, ки Русия ва шуракои он барои муқобала бо таҳримҳои ҷадиди Вошингтон алайҳи Теҳрон гомҳое бар хоҳанд дошт. Ӯ мушаххас накард, ки чи гомҳое бардошта хоҳад шуд. Сергей Риёбкуф гуфт, ки эъмоли таҳримҳои Амрико танишҳоро вахимтар хоҳад кард ва Вошингтун бояд дар иваз ба дунболи гуфтугӯ бо Теҳрон бошад.

Танишҳо байни Эрону Амрико панҷшанбеи гузашта, 20-июн/30-хурдод, пас аз сарнагун кардани як паҳподи омрикоӣ ба дасти Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ боло гирифт. Амрико омодаи ҳамла буд, аммо бино бар гуфтаҳои Дунолд Тромп, раиси ҷумҳурии Иёлоти Муттаҳида, ӯ ин дастурро ба таълиқ даровард. Тромп баъдтар гуфт, ки «таҳримҳои хеле бештаре» дар роҳ хоҳанд буд ва дар Твиттер оғози ин таҳримҳоро душанбеи 24-июн эълом кард. Вол Истрит Журнол ба нақл аз як мақоми наздик ба Вазорати хазонадории Амрико навиштааст, ки яке аз ин таҳримҳо эҳтимолан таҳрими коноли вижаи молии Урупо бо Эрон, мавсум ба Инстекс аст. Вол Истрит Журнол ҳамчунин эҳтимол дод, ки таҳримҳои ҷадид бештар ба сурати сонавия ва ба шакли ҷарима кардани бонкҳо, ширкатҳои бима ва ширкатҳои тиҷории хориҷӣ бошад.

Tags: ОмрикоТанишҳо байни Эрону АмрикоЭрон

Related Posts

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом
Сиёсат

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом

5 November 2019
Моҷарои хезиши септомбри Миср чи буд?
Сиёсат

Моҷарои хезиши септомбри Миср чи буд?

30 October 2019
Чиро Чин даври Тоҷикистон тор метанад?
Economy

Чиро Чин даври Тоҷикистон тор метанад?

30 July 2019

This ad can be change in the Widget Section – Default Sidebar

“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

© 2018 Radio Zamaneh, Tajikistan

No Result
View All Result
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо