“Дар кӯчаҳои Порис”, маҷмӯъаи ҷадиди ашъори Адибаи Азиз, шоъири тоҷик, дар чойхонаи “Роҳат” дар маркази шаҳри Душанбе бо ҳузури гурӯҳе аз равшанфикрон рӯнамоӣ шуд.
Дар маросими рӯнамои ин маҷмӯъа, Ёсамин Гуедор, сафири Фаронса дар Тоҷикистон, ҳузур дошт ва суханронӣ кард. Ин маҷмӯъа бо сарсухани хонум Гуедор ва бо пуштибонии молии сафорати Фаронса дар Тоҷикистон бо тирожи 500 нусха дар интишороти “Эргроф” ба чоп расидааст.
Адибаи Азиз, муаллифи китоб, ин маҷмӯъаро, ки аз 140 сафҳа ъиборат аст, китобе “саршор аз ҳисси ишқу муҳаббат ва гоҳе қаҳру нафрат” унвон кард.
Бону Азиз афзуд: “Дар кӯчаҳои Порис” ангор дар кӯчаҳои хокистарии Порис зери боронҳои пурэҳтирос бо лаззати раҳпоӣ дар ниҳояти танҳоӣ ба бор омадааст. Тамомии қаҳрамонони ин шеърҳо дар ҳадди фазои маҷозӣ ҳастанд, балки тамоми зиндагии ман дур аз воқеъият ва барои мардумони воқеъбин ғариба мебошад.»
Бону Азиз ҳамчунин гуфт: «Рӯҳи ман бо шавқи дӯстдоштанҳо дар кӯчаҳои Порис қадам мезанад ва шабҳои Ялдо аз паси панҷараҳо ва пушти пардаҳои ҳарир як маъшуқаи нозро мебинад, ки дар омадани ошиқаш шамъҳоро ба гиря меорад, эҳсоси хушбахтӣ мекунад.»
Дар гуфтугӯи катбие, ки бо Адибаи Азиз доштем, ӯ дар посух ба ин ки чиро Порис ва на шаҳре дигарро интихоб кардааст, чунин посух дод:
“Ман ошиқи сарзамини ишқам, ошиқи арӯси ҷаҳон, Пориси беназирам. Як-ду соли охир ба хатти форсӣ рӯй овардам ва ин иртибот дасти маро ба дуриҳои дур бурд. Гарчанде хатти ниёкон дар Тоҷикистон пас аз истиқлол ҷон гирифт, мо ҳанӯз аз мактаб дарс фаро гирифтем, вале метавон гуфт ҳамоно бо калавишҳо роҳ пеш мебарам.”
Адибаи Азиз дар бораи забони форсӣ ва шеъри форсии имрӯз гуфт: “Назари ман ин аст, ки бе огаҳӣ аз адабиёти пур аз ҷавоҳири форсӣ, ки уқёнусе мамлуваз гавҳару мурворидро мемонад, пешрафте дар масири шеър имконнопазир аст. Дар асри ҷаҳонишавӣ текники шеър бо суръати кайҳонвор пеш меравад. Ва як шоъир вақте бо форсӣ шеър менависад, вале хондаву навиштан наметавонад, дар муқобили худ зимни корҳои эҷодӣ дарҳои зиёдеро баста мебинад.”
Аз Адибаи Азиз дар соли 2007 як маҷмӯъаи таронаҳо бо номи “Сад барги ҳиҷрон” ба чоп расид. Дар соли 2008 ба сабаби фурӯпошии хонавода, ки аз назари ӯ ба корҳои ҳунарии ӯ низ таъсири манфии худро расонд, роҳии Маскави сарди барфолуд шуд ва дар баҳори 2008 дувумин китоб, вале дафтари аввали шеъри ӯ ба номи “Парандаҳои қафасӣ” дар Маскав ба нашр расид. “Тулӯъ дар бандар”, “Заршохаҳои ишқ” ба хати форсӣ (аз ҷониби сафорати Афғонистон), “Шаҳри зумуррудгун” аз маҷмӯъаи дигари ин шоъир аст. Дар кул то ҳол 7 дафтари шеър аз Адибаи Азиз.
Хонум Азиз мактаби миёнаро бо медоли тило хатм карда ва мадраки донишгоҳии худро дар риштаи рӯзноманигорӣ гирифтааст ва дар ҳамин ришта мадраки дуктурои худро низ ба даст овардааст.
Горерии Акс аз Дидор Садуллоев:
















