Тоҷикон аз қадимулайём мардуми сулҳпарвару босафо ҳастанд. Ҳаргиз бар сари ҳамсояи худ теғ накашидаанд ва ба қасди барда кардан, осеб расондан, бурдаи нонеро аз аҳлу иёли ӯ гирифтан ба сарзаминаш юриш набурдаанд.
Аммо шояд чизе иштибоҳ рафт, ки [дар даҳаи 90-и милодӣ] ҷанги дохилӣ сар зад ва мо ҳама шоҳид будем, ки мардуми мо аз чи қатлу кушторҳои фаҷеъ, талафоту хисорот, андӯҳу мусибат ва харобию вайронӣ ҷони солим бадар бурданд.
Асли видеои ин намоишро метавонед дар инҷо бибинед.
(Тарҷумаи намоишнома аз русӣ Маҳин Даврон)
Зоҳиран инҳо ҳама пушти сар шуда, захмҳо агарчи ҳануз тоза аст, аммо рӯ ба беҳбудист. Аммо имрӯз чи шуда, ки мавориди шиканҷа ва озори ҷисмонию равонӣ афзоиш ёфтааст? Ё ин маворид ҳамеша будаву ҳоло дар асри пешрафти фанноварӣ ҳар хабаре зудтар аз қабл ба гӯши мардум мерасад? Як шавҳар ба ҳамсараш чи чизе метавонист бигӯяд, ки ӯ водор шавад, худро ҳамроҳ бо кӯдаконаш ба рӯде хурӯшон бияндозад?
Ҷомеъае ормонӣ дар ҷаҳон вуҷуд надорад. Чи мардумсолорӣ бошад, чи диктотурӣ, дар он муассисоте вуҷуд доранд, ки озодиро барои ислоҳи рафторҳои номатлуб маҳдуд месозанд.
Назму инзибот, силсила маротиб ва итоъат – худоёни аслии ин муассисот ҳастанд. Аммо то чи андоза ин муассисот ба қонун вафодор ҳастанд? Чиро иқдомоти худсаронае вуҷуд дорад, ки муқаррароти ба андозаи кофӣ сахтгиронаро боз ҳам то марзи шиканҷа ва таҷовуз, нафрат ва таҳқири инсон ва шаъну манзалати он, вахимтар месозад?
Шумо оё медонед шиканҷа чист? Хушунат ва уқубати ҷисмонӣ, ки маъмурони амниятӣ ба қасди гирифтани шаҳодат ё эътироф ба ҷурм дар ҳангоми бозҷӯии муттаҳамон бар онҳо раво медоранд. Муассисоти ислоҳӣ имрӯзҳо ба шиканҷахона табдил шудаанд. Зиндон ҳамоно як маҳалли инзиво ва узлат аст, ки озодии рафтор ва андешаву баёнро маҳдуд месозад, пас ин худ метавонад бидуни шиканҷа ҳам ба ислоҳи рафтори зиндониён ба самти мусбат кумак кунад.
Саъй кунед ҳадди ақал як ҳафта худро аз дигарон мунзавӣ созед ва аз суҳбати дӯстон, ғизои солим ва одоти зиндагии рӯзмарра маҳрум бошед, – бешак девона хоҳед шуд. Бадтар аз тимористону зиндонҳо барои худ ҷоеро наметавон тасаввур кард, вале шиканҷа зиндону боздоштгоҳҳоро, бо шароите сахттар аз даврони тафтиши ақоид, ба дӯзахе таҳаммулнопазир барои бошандагонаш табдил кардааст.
Чи касе ин равишҳои зулму ситам ва таҳқир бар инсонро ибдоъ карда? Оё ин равишҳо дар ҷое сабт ё нивишта шудаанд? Оё заррае аз меҳр дар чашмони шиканҷагар вуҷуд дорад? Оё қалбаш барои ҳич ишқе метапад? Бояд битапад, чун ӯ низ падар, шавҳар ва писар аст. Лобуд ӯ ҳам як инсон аст… ё на?
Чи чизе инсонро водор мекунад, ки аз панҷараи як сохтмон худро ба зер андозад? Тарсу таваҳҳум, ошуфтагӣ ва ихтилолоти равонӣ… аз шиддати дард ба худ печидан, дардҳои ҳавлангезу ҷонгудоз, майли ваҳшатноке ба марг, оғӯши маргро беҳтар донистан аз гирифторӣ ба дасти касоне, ки ба сухан бовар надоранд, касоне, ки мехоҳанд чизе бишнаванд, ки ҳаргиз иттифоқ наюфтода, касоне, ки бо суиистифода аз қудрат ва ихтиёроти фавқонии худ ба тарзи ваҳшиёнае тафаккури худро бар шумо таҳмил мекунанд.
Ин ҳама дар утоқе рух медиҳад, ки чизе ба ҷуз як дар надорад, он ҳам сахту муҳкам баста аст, намешавад сар аз ҷое бадар оварду фарёд зад, ҷое барои фирор аз дардҳои ҷонгудозе, ки саропои инсонро фаро гирифта, вуҷуд надорад. Инҷост, ки бадани инсон ба ин разолат вокуниш мекунад, рагҳои хунӣ тарак мехӯранд, ҷигар медарад ва қабл пора-пора мешавад. Хун аз бистари худ берун мехазад ва бар тамомии андом мешорад, мисли рӯдхонаҳои кӯҳистонии мо ба ҳангоми селобе, ки савоҳилро хароб мекунад. Ва инсон заҷр мекашад, табиъат заҷр мекашад, рӯҳи башарӣ заҷр мекашад.
Оё медонистед, ки истифроғ ё боло овардан навъе вокуниши бадан ба дард ва дарди ваҳшатнок аст? Хафақон чи тур?
Ин ихтилоли шадиду ногаҳонӣ ва дардноки роҳи нафас аст, ки аз камбуди ҳаво дар хун ва бофтҳои бадан ва ғилзати карбуҳидрут ба ҳам мерасад, яъне бастагӣ ва фишурдагии гулӯ. Мардум аз хафа шудан ё фишори гулӯ дар асари истифроғ мемиранд – ин бад-он маъност, ки онҳо аз ҳолати истифроғе, ки дар асари зарбаи хафифу беҷо дар ноҳияи шикам ба вуҷуд меояд, дучори хафақон ё бастагии роҳи нафас мешаванд. Гирифтани эътироф ба ҳар қимате: электрушук ё ларзонандаи барқӣ, ботум ё чӯбдасти пулис, мушту мӯза – инҳо ҳама барои расидан ба ин ҳадафи нопок кумак мекунанд.
Аммо маънои ин ҳадаф чист? Бастани парванда – ҳарчи зудтар, беҳтар? Шояд пай бурдан ба умқи қазия аз роҳи таҳқиқ беҳтар бошад? Ҳарчанд замони бештару сабри бештаре металабад. Бастани парванда ба ҳар қимате, ҳатто ба нархи ҷони инсонҳои бегуноҳ ҳам оё ҷоиз аст?
Ҷомеъаҳо ба ҳифзи марзу буми худ ниёз доранд, аз ин рӯ артиш лозим аст. Вале чиро бисёре аз ҷавонон аз хидмати сарбозӣ иҷтиноб меварзанд? Магар онҳо ватанпараст нестанд? Ё бим доранд, ки аз ғизои хонагӣ, муроқибати волидон, фазои гарму нарми хонавода маҳрум мешаванд? Ё аз назму инзибот нигаронанд? Ба назму инзибот мешавад хӯ гирифт, албатта агар он мутаносиб бо меъёр бошад.
Иттилоъот дар бораи ончи дар ягонҳои низомӣ иттифоқ меуфтад, ба ҷомеъа мерасад: суиистифода аз қудрат аз сӯи фармондеҳон, фаротар рафтан ё тахаттӣ аз ҳадди ихтиёроташон, таҳқири навсарбозон аз сӯи бузургтарҳо, як ришта озмунҳои тасаввурнопазир, ки барои онҳо омода шудааст. Охир, ин писаронро волидон ба артиш ба амонат фиристодаанд, бо ин умед, ки қавитару болиғтар шаванду ба хона баргарданд, барои падар ё сарвари хонавода шудан омода бошанд ва ба саффи шаҳрвандони комилҳуқуқи ҷомеъа пайванданд, ки хидмати худро назди миллату давлат адо кардаанд. Аммо ҳосили ин эътимод чист? Хабари марги сарбоз ва иҷозаи дафни ӯ барои волидон!
Эҳсоси падару модарҳоеро тасаввур кунед, ки ҷанозаи фарзандашонро барои дафн ба онҳо медиҳанд. Ин ҳама умедвор буданд, ки писарони худро зиндаву солим, бо ҷисми қавию болиғ ва рӯҳи устувор бибинанд. Аммо натиҷа чист?
Ҷисме бедаму дуд бо осори шиканҷа ва захму ҷароҳат, сӯхтагӣ. Ва ағлаб ҳамроҳ бо баргаи ташхиси пизишкии қонунӣ, ки нишон медиҳад: даридагии қалбу ҷигар, хунрезии мағзӣ, хунрезии марӣ (сурхной) ё рӯдаи кӯчак, муҳраҳои шикастаи гардан, шикастагиҳои сутуни фақарот ё сутунмуҳраву ҷамҷама. Яъне чӣ? Онҳо мехостанд касеро бикушанд, нобуд кунанд, бидузданд, ва ба ин далел лозим буд ба ин шева “адабашон дода” шавад? Тарбият аз роҳи муҷозоту уқубат, яъне чӣ?
Онҳо фақат тозаворид буданд, аз бераҳмии ҳамсафонашон ба сутӯҳ омада буданд. Оё ин метавонад дастовезе барои чунин рафтори ваҳшиёна бошад? Бисёре аз ин афрод бар асоси қавонини мавҷуд ба ҷурми суиистифода аз мақом, тахаттӣ аз вазоифи расмӣ, расондани осебҳои бадании амдӣ, ки аз беэҳтиётӣ ба марги осебдида мунҷар мешавад, маҳкум ба зиндон шудаанд. Муҳлати маҳкумияти онҳо аз 9 то 15 сол аст. Ва фикр мекунед онҳо ислоҳ мешаванд? Онҳо, ки бахше аз ҷомеъаи мо ҳастанд, ва ба ҷомеъаи мо бармегарданд. Чи касе бо онҳо сару кор хоҳад гирифт, ба тавре ки ислоҳ шаванд, ва баъдан, оё мехоҳанд ислоҳ шаванд? Ва “ислоҳ шудан” чи маънӣ дорад?
Чигуна метавон рафтори ваҳшиёна, таҷовузу бадрафторӣ ва тавҳину таҳқир дар артиш ва зиндону боздоштгоҳҳоро тавҷеҳ кард? Чи чизе водор мекунад, ки мутасаддиён, ҳамсафон дар артиш чунин бераҳм бошанд ва аз дарду ранҷи дигарон лаззат бибаранд?
Мояи таъаҷҷуб аст, ки онҳо дар даврони кӯчакӣ чигуна парвариш ёфтаанд? Оё аз гармию муҳаббати модар ба андозаи кофӣ бархурдор шудаанд? Оё падарашон натавониста барои онон улгӯи садоқат ва мардонагӣ бошад? Шояд онҳо дар дохили хонавода шоҳиди хушунат буда ва худашон ҳам мавриди хушунат қарор гирифтаанд? Шояд аслан ҳеч тарбияте надидаанд? Бино бар ин, ба шахси худ ба унвони як абзори интиқом менигаранд?
Шиканҷагарон ба қавонини мавҷуд арҷ намегузоранд, зеро ҳеч қонуне хушунатро таблиғ намекунад, баръакс, ҳар қонуне мубаллиғи назму оромиш, сулҳу сабот ва эҳтиром ба низоми сиёсӣ ва иҷтимоъии мавҷуд аст.
Аммо шиканҷагар чизи дигареро медонад: ин ки ӯ худаш қонун аст ва аз бартарии ҷисмонӣ ва равонии худ барои саркӯби фарди заъифтаре, ки канори ӯ нишаста ё роҳ меравад, суиистифода мекунад. Яъне аз диди худаш худро ҳақбаҷониб медонад ва ба худаш ин ҳақро медиҳад, ки дигаронро озор бидиҳад.
Дарвоқеъ, фақат Худо метавонад инсонро имтиҳон кунад.
Ишқ, эҳтиром ва ҳокимияти қонун танҳо нӯшдору барои ҳамаи дардҳо, роҳи раҳоӣ аз ҳар мушкилест, ки иҷоза намедиҳад касе бар дигаре зӯргӯӣ кунад. Ба якдигар меҳр варзед ва арҷ гузоред, фарзандони худро азиз бидоред, вале аз қонун ҳам ғофил намонед, то фарзандонатон ба ҳаюло табдил нашаванд, балки шаҳрвандони комил ба бор оянд.
Озодӣ вожае арзишманду шариф аст, ки ҳаққи интихобро пеши мо мегузорад. Агар ба худат ва азизони худат арҷ мегузорӣ, ҳаргиз ба худ иҷоза намедиҳӣ, ки касеро таҳқир кунӣ ё худ мавриди таҳқиру тамасхур қарор бигирӣ. Бино бар ин, мо инсон ҳастем ва мо қавонини ҳамзистии иҷтимоъиро ибдоъ кардаем, то аз шукуфоӣ ва пешрафти ҳамдигар монеъ нашавем. Ва эҳтиром ба қавонин ва пайравӣ аз он ба худамон вобаста аст. Қонунҳо барои ҳама яксонанд, сарфи назар аз тафовутҳои иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ. Риъояти қонун аз кӯдакӣ, аз шири модар, оғоз мешавад, аз ин рӯ, ҳарчи бештар мутеъи қонун бошем, ҳамон андоза ҷомеъаи мо сарватманду мутамаддинтар хоҳад шуд.



