Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
No Result
View All Result
فارسی | English
Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
Zamaneh Tajik
No Result
View All Result

Моҷарои хезиши септомбри Миср чи буд?

Ҳуссом ал-Ҳамаловӣ

shahzoda by shahzoda
30 October 2019
in Сиёсат
Моҷарои хезиши септомбри Миср чи буд?

Тазоҳуроти эътирозомези ахир дар Миср бо хости барканории Абдулфаттоҳи Сисӣ бузургтарин тазоҳуроте буд, ки пас аз кудетои низомии 2013 дар Миср рух додааст. Созмонҳо ва шабакаҳои эътироз зери чакма (мӯза)-и саркӯб аз байн рафтаанд, аммо шӯриши ҷадиди ҷавонони мисрӣ нишон дод, ки режими ин кишвар ба ҳеч ваҷҳ дар амон нест.

Дар рӯзи 20 сентябр ҳазорон мисрӣ дар Қоҳира ва чанд шаҳри дигар ба хиёбонҳо омада ва хостори азл (барканорӣ)-и диктотури низомии кишвар, Абдулфаттоҳи Сисӣ, шуданд. Дар замоне ки ҳадди ақал шаст ҳазор зиндонии сиёсӣ дар гӯшаи зиндонҳо маҳбусанд ва аҳзоб сиёсӣ, агар нагӯем нобуд, маҳор (коста) шудаанд, дар давроне, ки озодиҳои маданӣ тамоман саркӯб шуда ва шиканҷа сиккаи роиҷ аст, эҳтимоли вуқӯъи чунин тазоҳуроте баъид ба назар мерасид.

Пеш аз ин тазоҳурот, ба далели саркӯби шадид тақрибан хабаре аз эътирозоти хиёбонӣ набуд. Охирин тазоҳуроти нисбатан муҳимме, ки бо ҳузури танҳо чанд ҳазор муътариз ва умдатан дар Қоҳира рух дод, алайҳи яке аз иқдомоти Сисӣ, яъне вогузории ду ҷазираи истротежик дар дарёи Сурх ба Арабистони Саъудӣ шакл гирифта буд.

Давлат бо муътаризон ба шевае бархурд кард, ки пас аз кудетои низомии 2013 мутадовил (роиҷ) шудааст. Иртибототи мухобиротӣ мухтал шуд ва вебсойтҳо сонсур шуданд. Беш аз се ҳазор нафарро дастгир карданд. Ба хонаи фаъолҳои сиёсӣ рехтанд. Вукало ва мухолифон рабуда ва шиканҷа шуданд. Аз тарафи дигар, ҳам расонаҳои давлатӣ ва ҳам расонаҳои хусусӣ ба шакли ҳистерике (бо шӯру ҳаяҷон) ба муътаризон туҳмат ва ифтиро бастанд.

Чиро мардум даст ба тазоҳурот заданд?

Дар ҳафтаҳои ахир мисриҳо шадидан таҳти таъсири видеуҳое қарор доштаанд, ки Муҳаммад Алӣ, бозигари чиҳилу панҷсола ва паймонкори сохтмонии пешин, дар Фейсбук мунташир кардааст. Алӣ, ки иртиботи танготанге бо артиши Миср низ дошт, соли гузашта бе сару садо кишварро ба мақсади Испониё тарк кард. Ӯ 2 сентябр ҷузъиёти фасоди фармондеҳони артиш, хонаводаи Сисӣ ва атрофиёнашро аланӣ (ифшо) сохт.

Агарчи фасоди низомӣ бар умуми мисриҳо ошкор буд, нафси мардум банд омад, вақте ки бохабар шуданд Сисӣ ва атрофиёнаш чигуна милёрдҳо пунди мисриро бар сари пружеҳои аҷибу ғариб ба бод дода ва харҷи амокин (маконҳо) ва ҳутелҳои лукс (муҷаллал) кардаанд. Ин ифшогарӣ таваҷҷуҳи вижаеро ба худ ҷалб кард, чиро ки мусодиф буд бо иҷрои барномаи риёзати иқтисодӣ ва низ суханони такрории Сисӣ дар мавриди «фақри» кишвар.

Алӣ дар як ҳаракати ногаҳонӣ аз тариқи платфурми худ «милюнҳо» мисриро фарохонд, то рӯзи 20 сентябр ба хиёбонҳо бираванд. Ӯ иддиъо кард, ки артиш ва пулис «канори мардум хоҳанд истод» ва кори Сисӣ тамом аст.

Бо таваҷҷуҳ ба ҳамҳамае, ки дар мавриди Муҳаммад Алӣ ба роҳ уфтода буд, фарзияҳое мабнӣ бар ин ки чи касе воқеъан «пушти» Муҳаммад Алӣ қарор дошт, дар расонаҳои иҷтимоъӣ ва ҷамъҳои хусусӣ тарҳ шуд ва забон ба забон чархид. Шоеъоте низ дар миёни мардум дар ҷараён буд, мабнӣ бар ин ки «нируҳои амниятӣ дучори чанддастагӣ шудаанд.» Мегуфтанд, ки созмони иттилоъоти кулли Миср пур аз маъмурҳои мухолиф бо Сисӣ аст, ки ба хашм омада ва омодаанд, то ба ҳимоят аз муътаризон ва азл (барканорӣ)-и Сисӣ қад алам кунанд. Албатта, ин на нишонаи ишқ ба артиш ё созмони иттилоъоти кул, балки бештар гувоҳи сатҳи ноумедии мисриҳо пас аз нобудии тамоми бадилҳо (ҷойгузинҳо)-и сиёсӣ дар ин даврони сахт буд.

Дар ҳақиқат, ҳатто як ҳизби сиёсӣ ҳам фарохони Алӣ барои тазоҳуротро таъйид накард. Ин амр на лузуман ба далели машкук будани аҳзоб нисбат ба Алӣ, балки бештар бархоста аз ин воқеъият буд, ки манъу саркӯби мудовими Сисӣ бештари аҳзоби сиёсӣ ва шабакаҳои фаъолони сиёсиро дарҳам шикаста буд.

Тазоҳуроти ногаҳоние, ки 20 септомбр шакл гирифт, ҳамаро шигифтзада кард ва ба таври куллӣ ҳеҷ як аз фаъолони сиёсии қадимии дорои пешина ва собиқа дар он ширкат накарданд.

Онҳое, ки дар Қоҳира ва соири шаҳрҳо ба хиёбонҳо рехтанд, умуман ҷавонон ва навҷавононе буданд, ки тақрибан ҳеҷ таҷрубаи сиёсӣ надоштанд ва албатта ба ҳеҷ созмоне мутаъаллиқ набуданд. Ин муътаризон бо гози ашковар, хушунати нируҳои пулис ва боздошти анбуҳ мувоҷеҳ шуданд.

Аммо дар шаҳри санъатии Суэз дар шимоли Миср, ки ҷараққаҳои инқилоби 25 жонвиеи соли 2011 дар онҷо афрӯхта шуда буд, муътаризон дар тӯли ду рӯз бо пулис мубориза карданд. Дар як рӯйдоди истисноӣ низ сармоядори бузурге мувофиқ бо режим, ки соҳиби як корхонаи серомик буд, коркунонашро ҷамъ кард, то барои ҳимоят аз Сисӣ роҳпаймоӣ кунанд, аммо коргароне, ки дар корхона ҷамъ шуда буданд, шурӯъ карданд ба шиъор додан алайҳи фарди диктотур: «Ирҳал! Ирҳал!» [яъне, бирав, ё дарвоқеъ, шаррат кам!]

Ниҳоятан, артиш иқдоме ба нафъи мардум накард ва пулис низ канори муътаризон наистод. Бо ин вуҷуд, Алӣ тасмим гирифт, ки фарохони мавҷи дигаре аз тазоҳуроти эътирозомезро барои ҷумъаи баъдӣ, яъне 27 септомбр, содир кунад. Ҳеҷ кас ба ин фарохон эътиное накард, на дар Қоҳира ва на дар шаҳрҳои бузург. Танҳо шумори каме аз муътаризон дар ду шаҳри ҷанубӣ роҳпаймоӣ карданд.

Чиро тазоҳурот тадовум надошт?

Тақрибан ғайримумкин буд, ки ин тазоҳурот тадовум ёбад. Саркӯби якпорчае, ки пас аз 20 септомбр рух дод, омили боздорандаи муҳим буд. На фақат режим беш аз се ҳазор муътаризро дастгир кард ва нируҳои пулис ва либосшахсӣ тамоми маёдин (майдонҳо)-и муҳимми Қоҳира ва дигар шаҳрҳоро муҳосира карданд, балки ба афроди машҳур, кормандони давлат ва коргарони корхонаҳо дастур доданд ва (ба зӯри ришваю таҳдид) онҳоро басиҷ (сафарбар) карданд, то ба таври ҳамзамон дар ҳимоят аз Сисӣ тазоҳурот кунанд.

Ба дунболи эътирозоти 20 септомбр сатҳе аз ноумедӣ ва сархӯрдагӣ ва адами эътимод нисбат ба фарохони Алӣ дар мавриди даргириҳои нируҳои амниятӣ миён худашон ва тасмими артиш ба барканории Сисӣ эҷод шуд. Ин достон аз ҳамон ибтидо як бозӣ буд. Аммо ин бовар, ки артиш ва пулис дар фикри барканории Сисӣ буданд, воқеъан бархеро ташвиқ карда буд, ки ба ин эътирозот бипайванданд.

Муҳиммтар он ки барои истимрор (давом) бахшидан ба эътирозоти ногаҳонӣ ё худҷӯш вуҷуди як созмон зарурист, то чунин ҷунбишеро дар хиёбонҳо ҳифз кунад ва сомон бахшад, ва як бадил (ҷойгузин)-и сиёсии мушаххас ироа диҳад. Худангехтагӣ ба дарозо намеанҷомад ва барои барандозии як режим кофӣ нест. Дар ҳақиқат, пас аз кудетои низомии жуани 2013 Сисӣ тавониста тамоми сохторҳои ташкилотие, ки қодир буданд чунин нақшеро бозӣ кунанд, нобуд созад: аҳзоби сиёсӣ, иттиҳодияҳои мустақил, созмонҳои ҷавонон ва сохторҳое аз ин қабил. Иттифоқӣ набуд, ки ба дунболи боздоштҳои анбуҳи муътаризон нируҳои амниятӣ фавран ба суроғи фаъолони коркушта ва раҳбарони аҳзоби сиёсие рафтанд, ки ҳануз зиндонӣ нашуда буданд, агарчи ин афрод ҳеҷ нақше дар басиҷи нируҳо дар тазоҳуроти ахир надоштанд.

Дар посух ба ин адами ризояти умумӣ, режим низ бо аҷала муборизаи худ бо фасодро эълом ва аз нав додани ёронаи ғизо ба ҳудуди ду милюн мисриро оғоз кард. Таблиғотчиҳои давлат низ ишора карданд, ки қарор аст дар ояндаи наздик «ислоҳоти сиёсӣ» сурат гирад. Албатта бо назар ба ҳуҷуми мудовими режим ба самти чеҳраҳои мухолиф ва шиканҷа кардани онҳо, ва ҳамин тур қадаған (мамнӯъ) кардани эътирозоти хиёбонӣ, возеҳ аст, ки дар оянда ҳаргиз чунин ислоҳоте сурат нахоҳад пазируфт.

Оянда?

Машрӯъияти Сисӣ рӯ ба поён аст. Маҳбубияте, ки ӯ дар он рӯзҳои доғи тобистонии кудетои жуани 2013 дошт, коҳиш ёфтааст. Дар даврони муталотим (пурталотум) ва бесаботи пас аз инқилоби 2011 ӯ ваъдаи сабот, амният ва равнақи иқтисодиро дод, ҳол он ки ҳеҷ якро муяссар насохтааст.

Албатта, ин лузуман бад-он маъно нест, ки метавон бо судури фарохонҳои онлойни тазоҳурот (аз ҷониби Алӣ ё ҳар чеҳраи мухолифи дигаре) ӯро соқит кард. Вуқӯъи як кудетои низомӣ дар ин асно низ номуҳтамал аст. Сисӣ ва ду писараш ҳар як нируҳои амниятии мутафовитеро таҳти кунтрули худ доранд. Фармондеҳони артиш ба ӯ вафодор хоҳанд монд, чиро ки имтиёзот ва манофеъашон ҳамвора маҳфуз аст; ҳатто замоне ки собит шуд амалиёти зиддишуриши онҳо дар шибҳиҷазираи Сино шикасте муфтазеҳона (нангин) буда, низ тағйире аз ин бобат рух надод.

Ғалабаи кудетои низомии Сисӣ бар инқилоби Миср ва ҷанги касифе, ки ба дунболи он даргирифт, хисороти зиёде бар шабакаҳо ва ниҳодҳои фаъолияти сиёсӣ ворид кард. Ниҳодҳое, ки метавонистанд миёнҷии басиҷ (созмондеҳӣ)-и муътаризон дар хиёбонҳо ва корхонаҳо шаванд. Беҳбуди ин вазъият ба гузари замон ва талошу кӯшиш ниёз дорад. Туғёни минтақаӣ дар Судон, Алҷазоир ва дигар навоҳӣ ба унвони як котолизури занҷираӣ ба таҳаққуқи ин амр кумак хоҳад кард. Агар инқилоб фароянде анбоштӣ бошад, эътирозоти септомбр ҷаҳише рӯ ба ҷилав дар ин фароянд буд.

Манбаъ: Жокубин

Tags: Абдулфаттоҳи СисӣҚоҳираМисрҲуссом ал-Ҳамаловӣ

Related Posts

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом
Сиёсат

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом

5 November 2019
Чиро Чин даври Тоҷикистон тор метанад?
Economy

Чиро Чин даври Тоҷикистон тор метанад?

30 July 2019
Тавофуқи Эрону Тоҷикистон барои бозсозии тунели Истиқлол
Матолиби баргузида

Тавофуқи Эрону Тоҷикистон барои бозсозии тунели Истиқлол

30 July 2019

This ad can be change in the Widget Section – Default Sidebar

“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

© 2018 Radio Zamaneh, Tajikistan

No Result
View All Result
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо