Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
No Result
View All Result
فارسی | English
Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
Zamaneh Tajik
No Result
View All Result

Аввалин Ҳамойиши фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон

golshan by golshan
19 February 2019
in Minorities, Фарҳанг

Аввалин Ҳамойиши фарҳангии тоҷикон дар чи соли гузашта таҳти мавзӯи “Шеър – пайвандгари миллатҳо” дар Тошканд.

Тавре ки чанд рӯз пеш Аминағапаи Самарқандӣ (Шарофиддинова) хабар дода буданд, имрӯз 27 январи соли 2018 дар кохи Маркази байналмилалии фарҳангии Ӯзбакистон ҳамойиши фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ дар мавзӯи “Шеър – пайвандгари миллатҳо” баргузор шуд.
Дар ин нишаст шоиру нависандагон, асотиду омӯзгорон, равшанфикрон ва дӯстдорони каломи ноби тоҷикӣ аз гӯшаю канори мухталифи кишвар, минҷумла, аз шаҳру навоҳии устонҳои Тошканд, Самарқанд, Сурхондарё, Қашқадарё, Фарғона, Навоӣ, Бухоро, Дизак ширкат варзиданд. Ҳамойиши шеъру шоирӣ бо сухани муқаддимавии Шарофатбону Ҷӯразода – раиси Маркази милпӣ-фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ оғоз ёфт ва раҳбарию раёсати он аз сӯйи шоир Ҷаъфари Муҳаммад сурат гирифт.

Ҷеҳраҳои тоҷики Ӯзбекистон

Ҳозирин бо беҳтарин намунаҳои шеъри муосири форсӣ-тоҷикии Ӯзбакистон ошно шуданд. Шоирони шинохта, аз қабили, Абдулло Субҳон, Парисо, Дилшода Фарҳодзод, Асадуллоҳ Шукурзода, Расулбеки Аҳмадзод ва дигар ҷавоншоиру дӯстдорони шеъру адабиёт аз эҷодиёти худ ва аз дурдонаҳои назми тоҷикӣ-форсӣ қироат карданд. Ба ҳамойиш оҳангу сурудҳои дилнишин бо садои Раҳимҷон, Улуғбек ва рақсҳои дилрабои тоҷикдухтарон, ки либосу оройиши миллӣ доштанд, ҳусни бештар ато намуд.
Бояд гуфт, ки рӯзномаҳои “Овози тоҷик” (Тошканд), “Овози Самарқанд” (Самарқанд) ва “Ховар” (Тирмиз) ва шуъбаҳои тоҷикии радио ва телевизиони ҷумҳурӣ ва устонҳо аз ҷумлаи асоситарин расонаҳои ҳамагонии тоҷикии Ӯзбакистон маҳсуб мешаванд ва дар таблиғу тарвиҷи адабиёти тоҷикӣ-форсии кишвар саҳми босазо доранд. Бо ин ҳол, бояд иқрор шуд, ки ин ҳама таблиғот кофӣ ва ба ниёзмандиҳои миллати тоҷик ҷавобгӯ нест. Вақте ки ровии нишаст Ҷаъфари Муҳаммад эълом дошт, дар Ӯзбакистон бештар аз 500 нафар шоиру нависанда, билхосса, зиёда аз 400 нафар шоир (?) қаламбадаст ҳастанд, ҳама ба шигифт омад. Табиист,ки суол пеш меояд: киҳоанд онҳо? Пас, тоҷикон бояд “бедор” шаванд, ин панҷсад нафарро ба ҳамагон ошкор созанду муаррифӣ! Дар ин росто баргузории ҳамойиши шеъри имрӯза чакрае аз баҳр асту халос…

Агар тоҷик дасти ҳам бигирад,
Зи домони хирад маҳкам бигирад.
Шукӯҳу шуҳрату овозаи ӯ,
Як олам чист, сад олам бигирад!
(Абдулло Субҳон)

Tags: аввалин ҳамоиши тоҷикон ӮхбекистонТоҷикистонтоҷиконӮзбекистонاولین هماش تاجیکان ازبکستانشعر فارسی تاشکند

Related Posts

Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?
Women

Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?

1 November 2019
Чиро диктотурҳо аз қиссагӯён метарсанд?
Minorities

Чиро диктотурҳо аз қиссагӯён метарсанд?

1 October 2019
“Ҷавонон барои волоияти қонун”
Multimedia

“Ҷавонон барои волоияти қонун”

1 November 2019

This ad can be change in the Widget Section – Default Sidebar

“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

© 2018 Radio Zamaneh, Tajikistan

No Result
View All Result
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо