Бо даргузашти Аъзами Толиқонӣ, дабири кулли Ҷомеъаи занони инқилоби исломӣ, дар рӯзи ҳаштуми обон сӯгномаҳое дар мавриди ӯ мунташир шуд, ки бештар фаъолиятҳои ӯро барои мубориза барои ҳаққи номзадии занон барои маснади риёсати ҷумҳурӣ пурранг мекарданд. Зимн ин ки мубориза барои тафсири унвони «риҷоли сиёсӣ» яке аз муҳимтарин фаъолиятҳои Аъзами Толиқонӣ будааст, аммо ӯ дар чиҳил соли фаъолиятҳои сиёсӣ ва мадании худ тавонист дар ҳавзаҳои шабакасозӣ барои мубориза бо қавонини нобаробари ҷинсиятӣ, тавсеъаи мушорикати иқтисодии занон, истифода аз созмонҳои ҷаҳонӣ ва эҷоди иттиҳод байни занони феминисти секулор ва мазҳабӣ иқдомоти муҳиммеро ба самар бирасонад.
Аъзами Толиқонӣ борҳо гуфта буд, ки худашро феминист намедонад. Вожаи феминист барои ӯ дар чорчӯби фаъолиятҳояш дардисарҳое дошт, ки ҳозир набуд онро бипазирад. Аммо ба назари нигоранда амалкарди Толиқонӣ нишон аз он дорад, ки раҳоии занон аз ситамҳои қонунӣ ва фароқонунӣ дар як фарҳанги мардсолор авлавияти аввали зиндагии ӯ будааст.
Марями Ҳусейнхоҳ, фаъоли ҳуқуқи занон, ки дар солҳои ҷавонӣ дар канори Толиқонӣ мубориза карда, дар мавриди ӯ мегӯяд:
«Аъзами Толиқонӣ, агарчи худашро феминист наменомид, аммо дар тамоми солҳои фаъолияташ, аз се моҳ монда ба инқилоби 1357, ки ба фикри эҷоди “Муассисаи исломии занон” уфтод, то соли 1396, ки барои чандумин бор номзади интихоботи риёсати ҷумҳурӣ шуд ва интишори маҷаллаи «Паёми Ҳоҷар» барои беш аз ду даҳа, ҳамвора ба дунболи пайдо кардани роҳе дар печухами қавонини исломӣ барои эҳқоқи ҳаққи занон буд.»
Ин мақола дар чаҳор давраи даҳсола дар чиҳил соли гузашта фаъолиятҳои феминистии Толиқониро баррасӣ мекунад.
Оғози инқилоб ва маҳдуд кардани мушорикати занон
Бо ба қудрат расидани исломгароён ба раҳбарии Оятуллоҳ Руҳуллоҳи Хумайнӣ дар инқилоби 1357, дастовардҳои ҳимояти қонунӣ аз занон, ки ба ҳиммати сиёсатмадороне монанди Маҳнози Афхамӣ ва Ашрафи Паҳлавӣ дар даврони ҳукумати Паҳлавиҳо ба даст омада буд, якшаба бар бод рафт. Дари Созмони занони Эрон (1345-1357) тахта шуд, созмоне, ки боз ба ҳиммати Афхамӣ ва Паҳлавӣ як сол пеш аз инқилоби Эрон будҷеаш ба соле панҷоҳ милюн тумон (ҳудуди 400 ҳазор дулор) расида буд ва дар эҷоди корофаринӣ барои занон, тавсеъаи беҳдошти занон, барномарезии бордорӣ, омӯзиш, ва пайгирии ҳуқуқи қонунии занон дар сатҳи дохилӣ ва дар фазои байналмилалӣ фаъол буд. (1)
Бархурди ҷараёни аслии исломгароён ин буд, ки мавзӯъи ҳуқуқи занон, ончунон ки ҳукумати Паҳлавӣ онро пеш мебарад, марбут ба феминисм аст, ки ба пиндори онҳо як мактаби ғарбии мунҳат (рӯ ба инҳитоту таназзул) аст ва ба кори занони мусалмони инқилобӣ намеояд. Пас ончи аз созмонҳои занон монда буд, ба занони мусалмони инқилобӣ супурда шуд.

Аъзами Толиқонӣ, Марями Беҳрӯзӣ ва Мунираи Гурҷӣ аз ҷумлаи занони инқилобие буданд, ки ба воситаи фаъолиятҳои сиёсияшон (ва ба воситаи равобити хонаводагӣ) ба исломгароёни дар қудрат муртабит буданд. Онҳо аз аввалин заноне буданд, ки мушорикати сиёсиро дар Эрон пас аз Ҷумҳурии Исломӣ оғоз карданд. Аъзами Толиқонӣ ва Марями Беҳрӯзӣ бо номзад шудан барои аввалин давраи Маҷлиси шӯрои исломӣ ва Мунираи Гурҷӣ бо узвият дар Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ.
Маҳбубаи Аббосқулизода аз феминистҳое, ки дар ҷунбиши занони Эрон фаъол буда, дар мавриди интиқоли фаъолиятҳои занони феминисти фаъол дар сохтори қонунии ҳукумати Паҳлавӣ ба занони инқилобии исломгаро ба Замона мегӯяд:
«Созмони заноне (фикр кунам Муассисаи исломии занон), ки билофосила баъд аз пирӯзии инқилоб тавассути Аъзами Толиқонӣ таъсис шуд, дарвоқеъ ҷойгузини инқилобии Созмони занони Маҳнози Афхамӣ шуд ва ҳамаи асноду китобҳои боарзиши онҳоро ба хиёбон рехт. Вале Аъзами Толиқонӣ дар тӯли фаъолияташ аз тавлиди китоб ва мақола фурӯгузор накард.»
Аммо занони инқилобии мусалмон ду ҳафта пас аз пирӯзии инқилоби 1357 бо ин мавзӯъ мувоҷеҳ шуданд, ки давлати инқилобӣ аввалин қонуне, ки дар садри тағйирот қарод дода, қонуни ҳимояти хонаводаи (1354) даврони ҳукумати Муҳаммадризо Паҳлавӣ аст, қонуне, ки заноне монанди Маҳнози Афхамӣ барои он солҳо талош карда буданд ва мунҷар ба гушоишҳои бисёре барои ҳуқуқи занон шуд. Аз ҷумла: маҳдудияти қонунӣ барои таъаддуди завҷот ба воситаи иҷозаи ҳамсари аввал ва додгоҳ, қоил шудани ҳаққи дархости талоқ барои занон, манъи издивоҷи кӯдакон, қарор додани ҳадди ақалли синни издивоҷи духтарон дар 18 сол, ва қоил шудани ҳаққи шикояти зан аз шуғли шавҳар ба додгоҳ (дар қонуни қаблӣ мард ҳаққи мушобеҳе дошт).
Бархе аз аҳзоб ва шахсиятҳои сиёсии инқилобӣ ҳамроҳ бо занони секулор ва чап ба лағви ин қонун эътироз карданд. Ҷабҳаи миллии Эрон ва Аъзами Толиқонӣ аз ҷумлаи онҳо буданд. Марями Ҳусейнхоҳ дар ин бора мегӯяд:
«Аъзами Толиқонӣ дар бархе бизангоҳҳо ҳамчун лағви қонуни ҳимояти хонавода дар солҳои нахусти пас аз инқилоб аз маъдуд занони мазҳабӣ ва наздик ба ҳукумат буд, ки ҳамсадо бо феминистҳои секулор ва мустақил садои эътирозашро буланд кард.»
Ҳазфи занони мусалмони инқилобӣ аз маснадҳои қудрат
Дере напоид, ки ҳамроҳ бо ҳазфи ҳимоятҳои қонунӣ аз занон, ҷараёни аслии охундҳои дар қудрат фазоро барои мушорикати сиёсии худи занони инқилобии мусалмон ҳам маҳдуд карданд. Дар Маҷлиси шӯрои исломӣ ба ҷони Аъзами Толиқонӣ ва Марями Беҳрӯзӣ ва соири занони намоянда уфтоданд ва дар Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ ҳам эълом карданд, ки инҷо ҷои занон нест ва Мунираи Гурҷиро ҳошиянишин карданд.
Ин занони инқилобии мусалмон ин ҳама сол бо ҳукумати Паҳлавӣ мубориза накарда буданд, ки ҳоло ҳамразмони исломгарои мардашон онҳоро ҳазф кунанд. Онҳо ҳам бекор нанишастанд. Ҳамон кореро карданд, ки таҷрубаи занон дар даврони Паҳлавӣ буд: сармоягузорӣ дар ҷомеъаи маданӣ, ташкили гурӯҳҳои ғайридавлатии занон, эҷоди фурсатҳои тавлиди муҳтаво ва омӯзишу фишор овардан аз пойин ва боло барои тағйири қавонини нобаробари ҷинсиятӣ.
Аъзами Толиқонӣ Ҷомеъаи занони инқилоби исломиро дар солҳои 1360 оғоз кард, аммо то соли 1369 натавонист онро дар вазорати кишвар сабт кунад. Толиқонӣ дар соли 1359 ҳам нашрияи «Паёми Ҳоҷар»-ро таъсис кард ва то 1379, замони тавқифи «Паёми Ҳоҷар» худаш сардабири он буд. Марями Беҳрӯзӣ созмони ғайридавлатии «Ҷомеъаи Зайнаб»-ро таъсис ва дар соли 1365 сабт кард. «Ҷомеъаи Зайнаб» дар солҳои отӣ (оянда) аз қудратмандтарин ва пулдортарин созмонҳои занони наздик ба ҳукумат шуд. Мунираи Гурҷӣ ба ҳавзаҳои илмия рафт ва ба унвони як муҷтаҳиди зан шогирд тарбият кард.
Истифода аз меконисмҳои байналмилалӣ дар шабакасозӣ
Зӯри занони инқилобӣ ва гурӯҳҳои ғайридавлатие, ки дар даҳ соли аввали инқилоби исломӣ сабт карда буданд, ба ҳамтоёни мардашон дар қудрат намерасид. Аз ин рӯ, роҳеро, ки Ашрафи Паҳлавӣ ва Маҳнози Афхамӣ пеш гирифта буданд, идома доданд. Онҳо ба суроғи шабакаҳои байналмилалии занон ва Созмони Милал рафтанд, то кумак бигиранд.
Нираи Тавҳидӣ, ки фаъолиятҳои гурӯҳҳои ғайридавлатии занони эронӣ дар Созмони Милалро дар солҳои 1979 то 2000 мустанадсозӣ кардааст, ин гурӯҳҳоро ба се гурӯҳ тақсим мекунанд: 1 – гурӯҳҳои занони ҳамсӯ бо муҳофизакорони исломгарои дар қудрат, ки барои таблиғи улгуи занони мусалмон ва идеулужии ҳоким дар Эрон ба созмонҳои ҷаҳонӣ мерафтанд (монанди Ҷомеъаи занони Ҷумҳурии Исломӣ ва Ҷомеъаи Зайнаб). 2 – гурӯҳҳои занони мусалмони амалгаро ва маъмулан бо таҳсилоти олӣ, ки дар хидмати тақвияти ҷойгоҳи занон дар давлати исломии навпо буданд ва 3 – фаъолони занони мустақил шомили феминистҳои фаъол дар дохил ва хориҷ аз Эрон. (2)
Гурӯҳи Ҷомеъаи занони инқилоби исломӣ, ки Толиқонӣ мудири он буд, агар дар солҳои нахусти инқилоб дар гурӯҳи аввал буд, батадриҷ вориди тақсимбандии гурӯҳи дувум ва сипас гурӯҳи севум шуд. Ва тамоми ин давраи такомул ва таҳаввул аз меконисмҳои байналмилалӣ, монанди кунферонсҳои занони Созмони Милал барои пешбурди вазъияти ҳуқуқи занон дар Ҷумҳурии Исломӣ истифода кард. Чунончи Маҳбубаи Аббосқулизода мегӯяд:
«Хонум Толиқонӣ ҳам дар ҳавзаи миллӣ фаъол буд ва ҳам транснешнол (фаромиллӣ). Шояд аввалин зан баъд аз таъсиси Ҷумҳурии Исломӣ буд, ки фаъолияти миллӣ ва фаромиллиро ба ҳам пайванд дод ва дар замоне ки марзи фаъолияти давлатӣ ва ғайридавлатӣ ба далели назорат ва кунтрули шадиди ҳукумат махдуш буд, бо будҷеи худаш ва ба сурати фаъол ва мустақил дар кунферонсҳои ҷаҳонии занон мисли кунферонси Нойрубӣ дар соли 1985 ва Пекан дар соли 1995 ҳузури фаъол дошт.»

Ончунон, ки пажӯҳишҳои Нираи Тавҳидӣ, ки дар ин кунферонсҳои занони Созмони Милал ҳузур дошта, нишон медиҳад, Толиқонӣ муваффақ мешавад, ки истиқлоли худро аз гурӯҳҳои занони ғайридавлатии вобаста ба ҳукумат бо истиқлоли молӣ ҳифз кунад. Харҷи ин корзорҳои байналмилалӣ ва интишори гузоришҳои он ба забонҳои форсӣ ва инглисӣ дар нашрияи «Паёми Ҳоҷар»-ро Толиқонӣ маъмулан аз тариқи “вомҳои қарз-ал-ҳасана” таъмин мекард.(3)
Истиқлоли Толиқонӣ, созмонаш ва нашрияаш аз ҳукумат, барои касоне, ки дар солҳои отӣ (оянда) насли ҷавони феминистҳои мубориз дар ҷунбиши занон буданд, муҳим буд. Марями Ҳусейнхоҳ таъйид мекунад, ки: «Дар рухдодҳое ҳамчун Кунферонси Ҷаҳониии Занон дар Нойрубӣ дар соли 1364 танҳо садои ғайридавлатӣ аз тарафи занони дохили Эрон Толиқонӣ буд.» Дар муқобил, гурӯҳҳое монанди Ҷомеъаи Зайнаб ба исм гурӯҳи ғайридавлатӣ буданд, аммо камокон будҷеҳои давлатӣ дарёфт мекарданд.
Ин истиқлол барои Толиқонӣ ва созмони занонаш ба ин мафҳум буд, ки ҳукумат ҳам бо ӯ канор намеомад ва дастрасии ӯро ба будҷеҳои байналмилалӣ маҳдуд мекард.
Пажӯҳишҳои Тавҳидӣ бо истинод ба мақолае дар «Паёми Ҳоҷар», шумораи 229 марбут ба тобистони 1376, нишон медиҳад, ки дафтари умури занони раисҷумҳурӣ дар даврони риёсати ҷумҳурии Акбари Ҳошимии Рафсанҷонӣ дар ҳамон сол бо ройзанӣ бо Созмони Милал ин сиёсатро пеш гирифтааст, ки тамоми будҷеҳои байналмилалӣ, ки сарфи умури занон дар Эрон мешавад, бояд ба таъйиди ин дафтар бирасад, то ба гурӯҳҳои ғайридавлатӣ ва «пружеҳои миллии» мавриди таъйиди ин дафтар таъаллуқ бигирад. Сиёсате, ки баъдҳо Ҷумҳурии Исломӣ дар инҳисоргароии мутлақ дар мавриди тамоми будҷеҳои байналмилалӣ, ки дар хоки Эрон масраф мешаванд, пеш гирифт ва таъйиди онҳо аз сӯи вазорати кишварро шарти ворез шудани будҷе ба гурӯҳҳои ғайридавлатӣ қарор дод. (4)
Хонишҳои феминистӣ аз Қуръон ва фиқҳ
Дар соли 1376 (1997) Толиқонӣ мақолаеро дар «Паёми Ҳоҷар» бо ин унвон мунташир кард: «Оё занон метавонанд раисм ҷумҳур шаванд?» Аз ҳамон сол ӯ дар се интихоботи риёсати ҷумҳурӣ ба унвони номзад сабти ном кард ва ҳар бор радди салоҳият шуд. Бо ин ки Шӯрои нигаҳбон расман эълом накард, ки далели радди салоҳияти ӯ зан будан аст. Толиқонӣ дар «Паёми Ҳоҷар» ва ҳамчунин дар маҷаллаи «Занон» ба сардабирии Шаҳло Ширкат асли 115-и Қонуни асосиро, ки мегӯяд «раиси ҷумҳур бояд аз миёни риҷоли мазҳабӣ ва сиёсӣ бошад» ба чолиш кашид.
Соли 1396 ва охирин боре, ки Аъзами Толиқонӣ барои маснади риёсати ҷумҳурӣ номзад шуд.
Толиқонӣ сареҳ гуфт, ки иборати “риҷоли сиёсӣ ва мазҳабӣ” мафҳуми ҷинсиятӣ надорад ва шомили занон ҳам ҳаст. Ӯ корзореро дар «Паёми Ҳоҷар» оғоз кард ва назароти мароҷеъ, фуқаҳо ва сиёсатмадоронро дар мавриди тафсири калимаи раҷли сиёсӣ ҷӯё шуд.
Дар охирин талошаш барои номзадии риёсати ҷумҳурӣ Толиқонӣ ба кампейни ҳуқуқи башари Эрон гуфт:
«Дар асли 115-и Қонуни асосӣ шароити мухталифе барои риёсати ҷумҳурӣ матраҳ шуда, ки яке аз ин шароит ҳам истилоҳи риҷоли сиёсӣ аст, риҷоли сиёсӣ фақат манзур мардон нест, чиро ки ҳарчанд вожаи риҷол дар арабӣ ба маънои занон ҳам истифода мешавад, вале риҷоли сиёсӣ як истилоҳ аст, ки дар забони арабӣ ба маънои шахсиятҳои хубра ва мудаббир ва огоҳ аз назари сиёсӣ ва иҷроӣ аст. Дар Маҷлиси хубрагони Қонуни асосӣ, ки ин қонунро тадвин карда, низ дар бораи ин истилоҳ баҳс шуда ва манзур шахсиятҳои сиёсӣ буда ва қасдашон мамнӯъ кардани ҳузури занон набудааст.» (5)
Ба ғайр аз ҳимоятҳои Шаҳло Ширкат ва маҷаллаи «Занон» аз корзори Толиқонӣ барои тағйири тафсири калимаи раҷл/риҷол дар Қонуни асосии Ҷумҳурии Исломӣ, заноне монанди Фаридаи Мустафавӣ (духтари Оятуллоҳ Хумайнӣ), Фоизаи Ҳошимӣ ҳам аз Толиқонӣ ҳимоятҳои зимнӣ ва ошкор карданд ва дар соли 1392 худи Акбари Ҳошимии Рафсанҷонӣ ҳам аз тафсири Толиқонӣ ҳимоят кард ва гуфт: «Раҷли сиёсӣ мухтасси мардон нест.»
Ончи дар корзори сиёсии Толиқонӣ барои тағйири мафҳуми таркиби раҷли сиёсӣ машҳур шуд, аммо марбут ба як ҷараёни ғолиб дар байни феминистҳои исломӣ ва ба ҳамроҳи онҳо мутакаллимони зану марде буд, ки ба дунболи хонишҳои раҳоибахш аз мутуни исломӣ, монанди Қуръон ва ҳадис, буданд. Ин ҷараёнро дар Эрон ба ғайр аз фақеҳҳо ва талабаҳои ислоҳталаби динӣ, худи муҷтаҳидони зан, монанди Мунираи Гурҷӣ ҳам намояндагӣ мекарданд. Пешинаи торихии ин ҷараён ҳам танҳо маҳдуд ба солҳои баъд аз инқилоби 1357 набуд ва аз замони Қоҷор касоне буданд, ки дар мутуни фиқҳӣ ба дунболи хонишҳои раҳоибахштари ҷинсиятӣ бошанд.
Толиқонӣ ба ин ҷараён таъаллуқи фикрӣ дошт. Фариштаи Аҳмадӣ дар пажӯҳишҳояш дар мавриди фаъолиятҳои Толиқонӣ ба ҷаласаҳои тафсири Қуръони ӯ ишора мекунанд. Ӯ аз қавли Катоюни Амирпур – пажӯҳишгари эронии сокини Олмон – ки дар ин ҷаласот ширкат мекарда, менависад:
«Барои Аъзами Толиқонӣ муҳим аст, ки занон худашон ончи дар Қуръон навишта шударо бихонанд, ки мардон наёянд ва вонамуд кунанд, ки икс дар Қуръон игриг аст.» (6)
«Паёми Ҳоҷар» ҳам дар ҳамин ростои хонишҳои занмадор аз Қуръон ва ҳадис мақолоти бисёреро мунташир кард ва дар онҷо Толиқонӣ ба феминистҳои исломӣ, мутакаллимҳо, талабаҳои ҷавон трибун медод, то тафосири раҳоибахш аз фиқҳ ва ҳуқуқи зан дар исломро мунташир кунанд.
Таъсири Толиқонӣ дар ин маврид ба ҳадде буд, ки дар солҳои баъд аз 1376 занони мазҳабии муҳофизакортари фаъоли ҳизбӣ ҳам кам-кам бо тафсири ӯ аз калимаи раҷли сиёсӣ ҳамроҳ шуданд. Дар соли 1396 нишасте баргузор шуд, ки дар он Кубро Рӯшанфикр – раиси коргурӯҳи мудирият ва мушорикати сиёсии Муъованати умури занон ва хонаводаи Риёсати ҷумҳурии Ҳасани Рӯҳонӣ, Фотимаи Рокеъӣ, намояндаи маҷлиси шашуми Шӯрои исломӣ ва сарпарасти собиқи Идораи кулли бонувони шаҳрдории Теҳрон, Заҳро Шуҷоъӣ, риёсати марказии умури мушорикати занони даврони Муҳаммади Хотамӣ ва раиси Донишгоҳи Алзаҳро ва Заҳро Нажодбаҳром, сиёсатмадори ислоҳталаб, ҳама аз Ҳасани Рӯҳонӣ интиқод карданд, ки чиро аз номзадии хонум Толиқонӣ барои риёсати ҷумҳурӣ ҳимоят накарда ва чиро мавзӯъи занон барои ӯ авлавият нест.
Маҳбубаи Аббосқулизода муҳимтарин саҳми хонум Толиқонӣ дар ҷунбиши занонро «эътирози амалии ӯ ба ин ки мардон фақат ҳаққи раиси ҷумҳур буданро доранд», медонад ва дар ин робита мегӯяд:
«Ҳар сол бо талоши хастагинопазире бо сабти ном дар листи кондидоҳои риёсати ҷумҳурӣ ба тафсири калимаи риҷол дар Қонуни асосӣ эътироз кард ва таваҷҷуҳи афкори умумиро ба масъалаи маҳдудияти мушорикати сиёсии занон маътуф кард.»
Тавсеъаи фаъолиятҳои маданӣ ва шабакасозӣ бо занони феминисти секулор
Толиқонӣ дар тамоми даврони фаъолиятҳояш бо гурӯҳҳои феминисти секулор, монанди Шаҳло Лоҳиҷӣ, мудири Интишороти равшангарон ва мутолеъоти занон дар робита буд ва бо ҳам ҷаласоти муштарак баргузор мекарданд.
Дар ҳавзаи эҷоди корофаринӣ ва тавонмандсозии иқтисодии занон ҳам бо созмонҳои ғайридавлатӣ ва мустақил ҳамкорӣ мекард. Ӯ дар робитаи наздик бо феминистҳое, ки ба дунболи тавонмандсозии иқтисодии занон буданд, Муассисаи исломии занонро, ки онро дар бадви инқилоб ба шакли хайрияе сабт карда буд, табдил ба ҷое барои кумак ба заноне кард, ки ниёз ба истиқлоли иқтисодӣ доранд ва дар шароити бад зиндагӣ мекунанд.
Дар ҳавзаи тавонмандсозии иқтисодии занон нақд ба Муассисаи исломии занон ин буд, ки занонро бештар барои шуғлҳои “занона ва хонагӣ” тавонманд мекунанд. Акс аз Яғмо Фашхомӣ аз Туитер.
Интиқодҳо ба Муассисаи исломии занон ин буд, ки корофаринӣ дар бахши занонро маҳдуд ба шуғлҳои “занона”, монанди тавлидоти хайётӣ ва саноеъи дастӣ, кардааст. Аммо ин муассиса созмоне буд, ки муртабит бо он фаъолиятҳои бисёре дигар аз феминистҳои мазҳабӣ барои сармоягузорӣ дар тавсеъаи иқтисодии занон шакл гирифт. Аз ҷумла Бунёди тавсеъаи корофаринии занон ва ҷавонон ба мудирияти Фирӯзаи Собир, ки дигар корофаринии занонро маҳдуд ба шуғлҳои “занона” намекард ва тавсеъаи иқтисодии занонро дар сутӯҳи мухталиф дунбол мекард.
Дар соли 1384 пас аз ин ки бори дигар барои номзадии риёсати ҷумҳурӣ радди салоҳият шуд, Толиқонӣ кумаки дӯстони феминисти секулорашро талаб кард. Ӯ тасмим гирифт таҳассун кунад.
Маҳбубаи Аббосқулизода дар мавриди ҳузури соири гурӯҳҳои занон дар ин таҳассун ба Рӯъё Каримӣ-Маҷд мегӯяд:
«Онҷо буд, ки Аъзами Толиқонӣ дарвоқеъ коргардонии аслиро дошт. Пайғом фиристод барои созмони мо, ман он мавқеъ дар маркази корварзии созмонҳои ғайридавлатии занон будам, ки гуфт мо мехоҳем чунин таҳассунеро бикунем. Мо ҳам аз занон дар бахшҳои дигар, аз ҷумла гурӯҳҳои секулор ва низ Маркази фарҳангии занон хостем, ки биёед дар ин эътилоф ширкат кунед. Дар натиҷа, таҳассуни хиёбони Постур аввалин бор буд, ки ба ибтикори хонум Аъзами Толиқонӣ ва даъвати гурӯҳҳое мисл мо, ки гароиши маданӣ ва ислоҳталабӣ доштем ва гурӯҳҳои чапу секулор, ки дар Маркази фарҳангии занон намояндагӣ мешуд, бо ҳам ба вуҷуд омад.» (7)
Дар соли 1386 дар замони давлати Маҳмуди Аҳмадинажод лоиҳае бо ҳимояти давлат ва қувваи қазоия таслими маҷлис шуд, ки “лоиҳаи ҷадиди ҳимоят аз хонавода” ном гирифт. Ин лоиҳа ҳеҷ синхияте бо лоиҳаи ҳимоят аз хонаводаи соли 1354 надошт ва баръакси он теъдоди завҷотро барои мардон осон мекард ва синни қонунии издивоҷи духтаронро ҳам коҳиш медод. Толиқонӣ дар корзорҳои алайҳи ин лоиҳа фаъол буд ва садои кунишгарони секулор ва феминистро ҳам тақвият мекард. Ӯ дар тамоми фаъолиятҳои алайҳи ин лоиҳа нақш дошт ва узви ҳайъате панҷоҳнафарӣ аз занони муассир буд, ки ба ҳамроҳи Ширини Ибодӣ ва Симини Беҳбаҳонӣ ба маҷлис рафтанд, ки ҷилави тасвиби ин лоиҳаро бигиранд. (8)
Марями Ҳусейнхоҳ дар мавриди нақши Толиқонӣ дар эҷоди иттиҳод байни занони феминисти мазҳабӣ ва секулор мегӯяд:
«Соли 1384 аз ҳамаи фаъолони зан аз мазҳабӣ ва чап ва секулор даъват мекард, то дар эътироз ба қавонини табъизомезе, ки ба занон иҷозаи риёсати ҷумҳурӣ намедиҳанд, дар муқобили сохтмони риёсати ҷумҳурӣ таҷаммуъ кунанд. Аъзами Толиқонӣ бо ҳамгомияш бо фаъолони секулори ҷунбиши занон дар эътирозот ба лоиҳаи ҳимоят аз хонавода дар соли 1387, ҳузураш дар «ҳамгироии ҷунбиши занон барои тарҳи мутолибот дар интихобот» дар соли 1388 ва мизбонияш аз маросими ҳашти морс дар соли 1392 нишон дод, ки фаъолони зан фаротар аз эътиқодоти мазҳабияшон метавонанд бар сари хостаҳои ҳадди ақалли муштаракашон ба тавофуқ бирасанд ва чодари мишкии ӯ ва эътиқодаш ба ислом монеъе барои бардоштани гомҳои муштарак дар канори заноне бо боварҳои мутафовит набуд.»
Толиқонӣ монанди пуле ҳимоятӣ, иртиботи занони секулорро, ки дар тайи солҳо ҳамкорӣ бо ӯ ҳамразм шуда буданд, бо сандалиҳои қудрат мумкин мекард. Ин шояд яке аз муҳимтарин дастовардҳои ӯ ва зеботарин сӯяи ҷунбиши занони Эрон пас аз Ҷумҳурии Исломӣ бошад, ки дар он занони секулор ва мазҳабӣ барои мубориза барои ҳуқуқи занон даст ба дасти ҳам доданд ва бо вуҷуди ихтилофҳои сиёсӣ бо ҳам ҳамкорӣ карданд.
Понивисҳо:
1 – Нигоҳ кунед ба нақди Ҷонет Офорӣ аз хотироти Маҳнози Афхамӣ.
2 – Нигоҳ кунед ба:
Tohidi, N. (2002). The International Connections of the Women’s Movement in Iran: 1979-2000. In Nikki Keddie and Rudi Matthee (Eds.), Iran and the Surrounding World: Interaction in Culture and Cultural Politics. (205-231).
3- Ҳамон қаблӣ.
4- Ҳамон қаблӣ.
5- Нигоҳ кунед ба инҷо.
6- Нигоҳ кунед ба:
Ahmadi, F. (2006). Islamic Feminism in Iran: Feminism in a New Islamic Context. Journal of Feminist Studies in Religion 22(2 ), 33-53. https://www.muse.jhu.edu/article/207344.
7- Нигоҳ кунед ба инҷо.
8- Нигоҳ кунед ба инҷо.



