Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
No Result
View All Result
فارسی | English
Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
Zamaneh Tajik
No Result
View All Result

Баргузории нишасти чеҳраҳои сиёсии Афғонистон ва Толибон дар Маскав

shahzoda by shahzoda
29 May 2019
in Сиёсат, Хабарҳо
Баргузории нишасти чеҳраҳои сиёсии Афғонистон ва Толибон дар Маскав

Ба муносибати садумин солгарди равобити диплумотики Афғонистон ва Русия, Маскав барои дувумин бор мизбони нишасти сулҳ миёни шахсиятҳои сиёсии Афғонистон ва ҳайъате аз Толибон аст. Аз сӯи давлатиАфғонистон танҳо сафири ин кишвар дар Маскав дар ин нишаст ширкат дорад.

Нишасти дурӯзаи чеҳраҳои сиёсии Афғонистон ва Толибон сешанбеи 7 Хурдод / 28 май дар Маскав оғоз шуд. Рӯзи нахусти ин нишаст ба 100-солагии равобитидиплумотики Русия ва Афғонистон ихтисос дорад ва дар рӯзи дувум шахсиятҳои афғон бо намояндагони Толибон гуфтугӯ хоҳанд кард.

Замир Кобулуф, намояндаи вежаи раиси ҷумҳурии Русия дар умури Афғонистон, рӯзи гузашта, душанбеи 6 хурдод, хабари баргузории ин нишастро таъйид кард. Ў гуфт: «Мо аз Толибон ва сиёсатмадорони афғон даъват кардем, то дар нишасти расмие, ки ба муносибати таҷлил аз 100 солиравобити диплумотик миёни Афғонистон ва Русия аст, ширкат кунанд. Пас аз нишаст онҳо ҳақ доранд бо ҳам гуфтугӯ кунанд.»

Нишасти дурӯзаи чеҳраҳои сиёсии Афғонистон ва Толибон – сешанбеи 7 Хурдод / 28 май дар Маскав

Ҳомиди Карзай, раиси ‎ҷумҳурии пешини Афғонистон, Ато Муҳаммади Нур, раиси иҷроии Ҷамъияти Исломӣ, Ҳанифи Атмар, номзади интихоботи риёсати ҷумҳурӣ, Муҳаммад Карими Халилӣ, раиси Шӯрои олии сулҳ, Рангин Додфари Сипанто, вазири хориҷаи пешин, ЗалмайРасул, мушовири амният миллии собиқ ва низ як ҳайъати14-нафарии Толибон ба раҳбарии Мулло АбдулғанииБародар, муъовини сиёсии Толибон, барои ширкат дар ин нишасти дурӯза ба Маскав рафтаанд.

Толибон рӯзи душанбе ширкати ҳайъати намояндагии худ ба раҳбарии Мулло Бародар дар ин нишастро таъйид карданд. Шермуҳаммади Истоникзай, аз музокиракунандагони аршади Толибон, низ дар ин нишаст ширкат дорад.

Ҳамчунин ба намоянд‎агӣ аз давлати Афғонистон, ЛатифиБаҳонд, сафири Афғонистон дар Маскав, дар ин нишаст ширкат дорад.

Дар рӯзи нахуст Сергей Лавров, вазири умури хориҷаиРусия, ба ҷамъи ширкаткунандагон пайваст ва нишастро бо суханони худ ифтитоҳ кард. Лавров аз ҳимояти Русия аз сулҳ дар Афғонистон сухан гуфт ва афзуд масъалаиАфғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад.

Сипас, Ҳомиди Карзай дар суханоне равобити Русия бо Афғонистонро аз муҳиммтарин равобити Афғонистон донист ва аз нақши Русия дар раванди сулҳ қадрдонӣкард. Ӯ ҳамлаи Иттиҳоди Шӯравии собиқ ба Афғонистонро «иштибоҳи бузурги торихӣ дар равобитиду кишвар» донист.

Пас аз Ҳомиди Карзай, Мулло Абдулғании Бародар суханони кӯтоҳе эрод кард. Ӯ гуфт барои дастёбӣ ба сулҳ ишғоли Афғонистон тавассути кишварҳои хориҷӣ бояд поён ёбад.

Гурӯҳи Толибон дар баёнияе, ки дар ин маросим хонда шуд, аз равобити ду кишвари Афғонистон ва Русия ва ҳамкориҳои ду кишвар гуфт.

Дар моҳи феврали соли ҷории мелодӣ / баҳманмоҳи солигузашта Маскав мизбони нахустин нишасти шахсиятҳои сиёсии Афғонистон ва намояндагони Толибон буд. Ин нишаст низ дар ду рӯз баргузор шуд ва ширкаткунандагони он дар поён баёнияи муштаракемунташир карданд.

Дар нишасти қаблӣ намояндае аз сӯи давлати Афғонистон ширкат накарда буд ва Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳурии Афғонистон, гуфта буд ширкаткунандагон дар ин нишаст салоҳияти иҷроӣ надоранд ва Афғонистонро намояндагӣ намекунанд.

Дар миёни 40 ширкаткунандаи сиёсатмадори Афғонистон танҳо ду зан дар нишасти нахусти Маскав ширкат доштанд.

Бо ин ҳол, аз нишастҳои Маскав ба унвони гоми дигаре дар фароянди ҳаллу фасли ҷанги 17-солаи Афғонистон ном бурда мешавад; раванде, ки аз замони интисобиЗалмай Халилзод, намояндаи вежаи Омрико дар умур сулҳи Афғонистон, дар моҳи сентябри гузашта ташдид шудааст.

Tags: АфғонистонМуҳаммад Ашраф Ғанӣсадумин солгарди равобити диплумотики Афғонистон ва РусияТолибон

Related Posts

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом
Сиёсат

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом

5 November 2019
Моҷарои хезиши септомбри Миср чи буд?
Сиёсат

Моҷарои хезиши септомбри Миср чи буд?

30 October 2019
Чиро Чин даври Тоҷикистон тор метанад?
Economy

Чиро Чин даври Тоҷикистон тор метанад?

30 July 2019

This ad can be change in the Widget Section – Default Sidebar

“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

© 2018 Radio Zamaneh, Tajikistan

No Result
View All Result
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо