Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
No Result
View All Result
فارسی | English
Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
Zamaneh Tajik
No Result
View All Result

Барои нахустин бор як зан ба муъовинати Вазорати дохилаи Афғонистон мансуб шуд

golshan by golshan
19 February 2019
in Uncategorized

حسنا جلیل به عنوان نخستین زن کار خود را در سمت معاونت استراتژیک وزارت داخله افغانستان آغاز کرد. این مقام تا پیش از این در انحصار مقامات نظامی بلندپایه بود. این مطلب را با خط فارسی می‌توانید در اینجا بخوانید.

Ҳусно Ҷалил дар дафтари кораш дар Вазорати дохилаи Афғонистон (Акс: шабакаҳои иҷтимоъӣ)

Ҳусно Ҷалил ба унвони нахустин зан кори худро дар симати муъовинати истротежики Вазорати дохилаи Афғонистон оғоз кард. Ин мақом то пеш аз ин дар инҳисори мақомоти низомии буландпоя буд.

Ба гузориши хабаргузории Осушиэйтид Прес, Ҳусно Ҷалил рӯзи чаҳоршанбеи 14-уми озар/5-уми десомбр баъд аз оғоз ба кораш дар мақоми муъовинати Вазорати дохилаи Афғонистон гуфтааст, аз ин чолиш истиқбол мекунад ва шуғлаш дар Вазорати дохиларо дӯст медорад.

Баъд аз суқути Иморати Исломии Афғонистон (ҳукумати Толибон) дар соли 2001 ҳуқуқи мадании занон дар Афғонистон пешрафт кардааст: духтарон метавонанд ба мадраса бираванд ва занон ҳам аз ҳаққи иштиғол баҳраманд шудаанд. Қонуни асосии Афғонистон ҳуқуқи занон дар ин заминаҳоро ба расмият шинохтааст.

Ҳусно Ҷалил рӯзи чаҳоршанбе гуфт ҳузури ӯ дар сатҳи муъовинати вазир дар давлати Афғонистон ҳомили паёме барои тундравҳои мазҳабӣ аст:

«Ин нишонгари муваффақияти давлати Афғонистон аст, ки як занро дар бахши амниятии давлат ба кор гирифта. Фикр мекунам паёме ҳам барои дигарон бошад.»

Ҳусно Ҷалил, ки фақат 26 сол дорад, таҳсилоташро дар донишгоҳи Амрикоии Афғонистон дар риштаи бозаргонӣ дар мақтаъи коршиносии аршад ба поён расонда ва пеш аз ин раёсати бахши «таҳлил, арзёбӣ ва полисӣ»-и Вазорати маъодин ва нафти Афғонистонро ба уҳда дошт.

Мухолифони давлати Ашраф Ғанӣ мегӯянд Ҳусно Ҷалил ҷавонтар ва бетаҷрубатар аз он аст, ки битавонад дар симати муъовинати истротежики вазорати дохила, ки маъмулан дар инҳисори мақомоти буландпояи низомӣ аст, ба вазоифаш амал кунад. Шоҳҳусайни Муртазавӣ, муъовини сухангӯи риёсати ҷумҳурии Афғонистон, дар посух ба мунтақидони давлат гуфтааст:

«Занони кишвар акнун аз сафорати Афғонистон дар Омрико гирифта, то муъовинати вазорати дохила, муъовинати додситонӣ, вазоратхонаҳо, муъовинатҳо, риёсатҳо, шорволиҳо, муъовинати вилоёт, вулусволӣ ва бахшҳои амниятӣ ва дифоъӣ ҳузур доранд. Ин ҳузур ҳар рӯз қавитар ва пуррангтар хоҳад шуд. Мутаассифона, баъд аз эъломи муъовинати вазорати дохила шоҳиди бархе вокунишҳо дар фазои маҷозӣ ҳастем. Ин вокунишҳо нишон медиҳанд, ки ҳанӯз бархе аз ҳамватанон зарфиятҳои азими халқшуда дар бахши манобеъи башариро дар Афғонистон дарк накардаанд. Беҳтар аст зуд қазоват накунем!»

Tags: АфғонистонАшраф ҒанӣЗамона ТоҷикистонОсушиэйтид ПресТоҷикистонТрибуни ЗамонаҲусно Ҷалил

Related Posts

Пулиси Ҳуланд: Тирандози Утрехт дастгир шуд
Uncategorized

Пулиси Ҳуланд: Тирандози Утрехт дастгир шуд

19 March 2019
Uncategorized

Заҳро Ҳусайнӣ: барои мубориза бо озори ҷинсии занони варзишкори афғон пустҳои мудириятиро ба онҳо биспоред

19 February 2019
Uncategorized

Русия иттиҳоми нақзи Паймони Манъи Мушакҳои Ҳастаиро напазируфт

19 February 2019

This ad can be change in the Widget Section – Default Sidebar

“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

© 2018 Radio Zamaneh, Tajikistan

No Result
View All Result
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо