Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
No Result
View All Result
فارسی | English
Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
Zamaneh Tajik
No Result
View All Result

Пулиси Ҳуланд: Тирандози Утрехт дастгир шуд

shahzoda by shahzoda
19 March 2019
in Uncategorized, Сиёсат, Хабарҳо, Ҷомеъа
Пулиси Ҳуланд: Тирандози Утрехт дастгир шуд

Бино бар иттилоъи пулиси Ҳуланд, фарде, ки муттаҳам аст, омили тирандозӣ дар шаҳри Утрехт ва куштани се нафар аст, дастгир шудааст. Пулис билофосила пас аз мутаворӣ (пинҳон) шудани тирандоз амалиёти густардаеро барои ёфтани ӯ оғоз кард. Пулис тирандозӣ дар метру дар шаҳри Утрехт дар рӯзи душанберо “теруристӣ” хондааст. Пас аз эъломи дастгирии фарди мутавории муттаҳам ба тирандозӣ вазъияти изтирорӣ дар Утрехт таъдил ёфт. Кунтрули пулисӣ ҳамчунон шадид аст.

Тасвири ҷавони гумонбар, ки пулиси Утрехт таҳвили расонаҳо додааст

Пулиси Утрехт ин ҷавонро (дар акс) дар ҳамла ва куштор се нафар дар як тромво кушт ва маҷрӯҳ  кардани панҷ нафар муттаҳам медонад. Ба гуфтаи шаҳрдори Утрехт, ҳамлаи субҳи душанбе, ки дар наздикии маркази шаҳр рух дод, эҳтимолан терруристӣ ва аз қабл барномарезӣ шуда будааст.

Ҳамчунон дар шаҳри Утрехт вазъияти изтирорӣ эълом шуда ва пулис ҳанӯз дар ҷустуҷӯи омил ё омилони аслии ин тирандозӣ аст.

Вазъияти изтирорӣ идома дорад

Тирандозӣ дар тромвои шаҳри Утрехт соъати 10 ва 45 дақиқаи субҳи рӯзи душанбеи 18-и март / 27-и исфанд рух дод. Мақомоти маҳаллӣ фавран ба мардум тавсия карданд, ки аз хона хориҷ нашаванд. Артиши Ҳуланд иқдомоти амниятӣ дар фурӯдгоҳҳо ва сохтмонҳои аслии шаҳрро афзоиш дод. Донишгоҳи Утрехт низ барои соъоте баста шуд ва ба донишҷӯён иҷозаи вуруду хуруҷ дода нашуд.

Вазъияти изтирорӣ то соъати 10-и шаб идома дорад ва маконҳои умумӣ таътил шудаанд.

Хабарнигорони маҳаллӣ ба нақл аз шоҳидони айнӣ гузориш доданд, ки марде дар дохили тромво, дар майдони 24-и октябр, дар роҳи истгоҳи марказии Утрехт силоҳашро берун кашида ва ба сӯи чанд нафар шиллик кардааст.

Чанд соъат баъд аз тирандозӣ пулиси Утрехт тасвири марде 37-сола ба номи Гукмен Тониш (Gokmen Tanis)-ро мунташир ва эълом кард, ки ӯ «дар иртибот бо ҳодиса» будааст. Ин тасвир мардеро дар тромвои шаҳрӣ нишон медод, ки блузи кулоҳдори обӣ ба тан дорад. Аз шаҳрвандон хоста шуд, ки дар сурати иттилоъ аз вазъияти ин фард бо пулис тамос бигиранд.

Ин ҳамла се рӯз баъд аз он рух дод, ки дар ҳамлаи теруристии як нажодпарасти ифротӣ ба ду масҷид дар шаҳри Кристчерчи Зелонди Нав 50 нафар кушта шуданд. Иртиботи мустақиме миёни ин ду ҳодиса гузориш нашудааст.

Шаҳдори Утрехт гузориш дод, ки се нафар кушта ва нуҳ нафар захмӣ шудаанд. Ҳоли се нафар аз онҳо вахим гузориш шудааст. Ӯ ҳамчунин гуфт: «Наметавонем ангезаи теруристиро рад кунем, ҳатто бо фарзи қавитар фикр мекунем ин ангеза вуҷуд дорад. Эҳтимолан як муҳоҷим дар кор аст, аммо мумкин аст теъдоди афроди бештаре ҳам бошад».

Аммо пас аз он пулис дар туите эълом кард, ки шумори дурусти маҷрӯҳон танҳо панҷ тан аст.

Морк Рӯта, нахуствазири Нидерланд, гуфтааст «ангезаи терруристӣ рад намешавад» ва бозхурди мардум дар сартосари кишвар аз ин ҳамла «таркибе аз нобоварӣ ва инзиҷор» будааст.
Ӯ афзуд: «Агар ин як ҳамлаи теруристӣ бошад, мо фақат як посух хоҳем дошт: миллати мо ва демукросӣ бояд қавитар аз ифротигарӣ ва хушунат бошад.»

Ҳамла дар як маҳаллаи маскунӣ ва дар чаҳорроҳии шулуғ рух дод. Пулис як чодари сафедро дар канори тромво афрошт, ки зоҳиран дохили он ҷасади яке аз қурбониён қарор дошт.

Нируҳои зидди терур ҷилави як опортумони наздик ба саҳнаи ҳодиса ҳузур пайдо карданд. Як саг бо ҷалиқа, ки дӯрбине рӯи ҷалиқаи он насб шуда буд, низ беруни сохтмон дида шуд.

Сухангӯи пулис гуфтааст, ки мумкин аст як фард бо худрав фирор карда бошад. Ӯ низ эҳтимоли ин ки бештар аз як муҳоҷим дар ин ҳамла даст дошта бошанд, рад накард.

Занги хатар дар атрофи шаҳр Утрехт дар болотарин сатҳ эълом шуд. Шаҳри Утрехт ҳудуди 350 ҳазор нафар ҷамъият дорад.

Аҳзоби сиёсии Ҳуланд кампейнҳои таблиғотӣ барои интихоботи маҳаллӣ, ки қарор аст рӯзи чаҳоршанбеи ҳафтаи ҷорӣ баргузор шавад, мутаваққиф карданд. Ин интихобот таркиби Маҷлиси сенои Ҳуландро мушаххас хоҳад кард.

Дар Олмон, кишвари ҳамсояи Ҳуланд низ пулис ба муроқибат ва ташдиди иқдомот амниятӣ дар марз иқдом кардааст ва на танҳо ҷоддаҳои аслӣ, балки роҳҳои фаръӣ ва хутути қаторро зер назар дорад.

Tags: Утрехтҳамлаи терористӣҲолланд

Related Posts

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом
Сиёсат

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом

5 November 2019
Аъзами Толиқонӣ: Ҳалқаи пайванди феминистҳои секулору мазҳабӣ
Women

Аъзами Толиқонӣ: Ҳалқаи пайванди феминистҳои секулору мазҳабӣ

5 November 2019
Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?
Women

Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?

1 November 2019

This ad can be change in the Widget Section – Default Sidebar

“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

© 2018 Radio Zamaneh, Tajikistan

No Result
View All Result
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо