(Баргардонандаи матни гуфтугӯ Мужгони Азгулнор, фаъоли фарҳангӣ муқими Олмон)
Дилшоди Фарҳодзод шоъир ва устоди донишгоҳ дар Самарқанд аст, ки ҳоло пои хат дар гуфтугӯ бо родю Замона мехоҳад аз таҳаввулоти фарҳангии ахир дар Ӯзбекистон ва аввалин ҳамоиши форсизабонони ин кишвар бо мо сӯҳбат кунад. Дилшоди Фарҳодзод дирӯз дар шаҳри Тошканд, пойтахти Ӯзбекистон дар аввалин ҳамоиши тоҷикон ширкат дошт ва дар онҷо шеърҳои худашро хонд, дар канори дигар шоъиру нависандагоне, ки барои ин ҳамоиш гирдиҳам омада буданд. Ин аввалин ҳамоиши форсизабонон аст, ки дар тайи 30 соли гузашта дар Ӯзбекистон баргузор мешавад.
Ба ин гуфтугӯ метавонед дар инҷо гӯш диҳед:
– Салом Дилшоди Фарҳодзод мамнун мешавем аз ин ҳамоиш ба мо бигуед, ки чӣ тавр баргузор шуд?
– Ин ҳамоишро мо дер боз интизор будем ва хушбахтона дар санаи 27-уми Январ дар муассиси байнулмилалии шаҳри Тошканд ҳамоиши шоъирони тоҷикзабони Узбекистон бори дигар базми шеъри тоҷик баргузор гашт, ки ман ҳам дар он ширкат доштам. Ин ҳамоиш бо кушишу сайъи маркази миллии тоҷикони ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш дар атрофи 100 нафар аз шоъирони тоҷикзабон ки аз гушаҳои гуногуни, мухталифи кишвар буданд, ширкат доштанд, ба ғайр аз ин ҳофизон низ буданд ва дастпарварони мактаб низ ширкат доштанд. Маълум мешавад ки имруз, бино ба итиллоот, имруз маълум мешавад ки дар кишвари Узбекистон имруз дар атрофи 500 нафар шоъирон ва адибон эҷод мекунанд ва бештари инҳо шоъирон ҳастанд. Ба ҳамин хотир базми шеъре ки дируз баргузор шуд ба унвони “Дустиро ҷустуҷу дорем мо” гузашт.
– Ба ғайр аз шоъирони самарқандӣ ки шумо, Парисо ва боз чанд нафари дигар ҳузур доштанд аз дигар шаҳрҳои тоҷикнишин киҳо буданд ва кадом шоъиронро шеърҳояшонро писандидед. Ва чӣ суҳбатҳое шуд дар канори шеърхонӣ?
– Аз вилояти гуногуни ҷумҳурӣ омада буданд. Ба ғайр аз шоъирони самарқандӣ дар ин ҳамоиш аз вилояти Сурхандаре, Фарғона, худи Тошканд бисер шоъирон ҳузур доштанд. Мутаассифона мо аз Бухоро ҳам шоъироне интизорӣ доштем ки онҳое ки имруз дар Бухоро ҳамчун шоъирони касбӣ шинохта шудаанд Асад Гулзода ва Ҳадяхонум мутаасифона ҳузур надоштанд. Хуб.
– Ин ҳамоиш аз родю ва телвизюни марказӣ давлатӣ ҳам пахш шуд?
– Бале, ба нақша гирифта шудааст ки пахш шавад. Ташкилкунадагони ин ҳамоиш гуфтан лозим аст ки раиси марказӣ миллии тоҷикони ҷумҳурӣ барандаи барнома тоҷикии рангинкамон дар Узбекисотн Шарофат Неъматова ва шоъири маъруф ва ъолим Ҷаъфари Муҳамамди Тирмизӣ буданд. Чӣ хеле ки шумо гуфтед дар нақша гирифта шудааст ки ин барнома ба воситаи телвизион ҳам пахш карда шавад.
– Барнома тилвизюнии рангинкамон ки аз танҳо барномаи форсӣ-тоҷикӣ дар ҷумҳурии Узбекистон ҳаст, ҳар ҳафта пахш мешавад ва фикр мекунед, ки бо беҳбуд ефтани фазо ва тағйир ефтани фазои фаъолият, кайфияти ин барномаҳо ҳам тағйир карда аст? Суҳбате ҳам дар бораи барномаҳо ва е расонаҳои тоҷикӣ шуд? Е танҳо ин ҳамоиш танҳо маҳдуд буд ба шеъру тарона?
– Аслан ин барнома Рангинкамон махсус нест фақат ба мавзуи шеъру адабиёт дар ин барнома доир ба ҳаети иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии мардуми кишвар барномаҳо пахш мешавад. Ва мутаассифона то ба ҳамин руз ин барнома аз назари муддаташ хеле як дақиқаҳои маҳдуд пахш мешавад ва дар охири ҳамин ҳамоиш вақте ки аз ҳозирин андешаҳо ва пешниҳодашон пурсида шуд, аксари ҳозирин пешниҳоди худашонро гуфтанд аз ҷумла яке аз таклифҳое ки карда шуд ҳамин буд ки масалан…
– Афзоиши соати пахш?
– Бале, афзоиши соати пахши барнома. Ва умедвор ҳастем ки минбаъд соати пахши ин барнома афзоиш меёбад.
– Дар ҳоли ҳозир чанд дақиқа аст ин барнома ва ҳар чанд вақт пахш мешавад?
– Тақрибан дар ҳудду ним соат аст.
– Ҳар ҳафта пахш мешавад?
– Фикр намекунам ки ҳар ҳафта аст. Моҳе 2-3 бор фа фикрам. Мутаасифона рузона ки пахш мешавад ва ман худам на ҳамеша имкони тамошо карданро дорам, барои ин ман худ намедонам ки дар чанд вақт мешавад.
– Дар ин ҳамоиш дигар аз чӣ чизҳо суҳбат шуд ва оё қарор аст ки дубора баргузор шавад?
– Бале, дар охири ҳамоиш чунин, ман чи хеле ки гуфтам ҳар кас пешниҳоди худашро пеш гузошт ва яке аз таклифҳо ин буд ки минбаъд ҳамингуна ҳамоиш идома ёбад ва натанҳо дар марказ, балки дар минтақаҳои гуногун дар маҳалаҳои тоҷикнишин аз қабили мисол Самарқанду Бухорову Сурхандарё ва Фарғона ва дигар ҷойҳо низ баргузор шавад. Ва ин аз ҷониби тамоми ҳозирин дастгирӣ карда шуд ва умедвор ҳастем, ки минбаъд ҳамин тавр хоҳад шуд. Бо ҳар баҳона мо метавонем яъне умедвор ҳастем, ки дар манотиқи гуногуни кишвар чунин ҳамоишҳо баргузор шавад.
– Шумо кадом шеъри худатонро хондед дар ин ҳамоиш? Мешавад барои мо ҳам бихонед?
– Аслан гуфтанд ки қарор ҳат ки ҳамин руз асосан дар мавзуи дустӣ ва ватан шеърҳо хонем. Ман гуфтам ки ман шеъри худам ки бахшида шуда аст ба дустҳоям аммо чун мавзуъи дустӣ ва ъишқ астанд моҳиятан ба ҳам дигар наздик ҳастанд ман қарор додам ки шеърҳои ъошиқон хонам ва дигар шеърҳо. Яке аз шеърҳое ки хондам ин буд:
Бе ту на тору пуди сухан тоза мешавад,
Ношоъирии ман ҳама овоза мешавад.
Не асри 21 назари тоза медиҳад,
Ҳар шеър лухт ҷавҳар бевожа мешавад.
???
Роёнаам бар уй чӣ дарвоза мешавад
Боре бе ихтиер бие бин чӣ давлате ҳаст
Нақшат барои сохтан андоза мешавад.
Дар сохтан маҳоратам овоза мешавад,
Бо ту дар ъишқ сухтанам тоза мешавад.
Ҳамагӣ як чиз ба хотирам расид Шаҳзода, яке аз пешниҳодҳое ки дархостҳое ки онҷо пешниҳод карданд. Ин буд ки ба воситаи ҳамин гуна тадбирҳо роҳандоз кардани нақшаи таъсис додани шуъбаи тоҷикӣ дар иттиҳоди нависандагони ҷумҳурии Узбекистон, яъне хеле сазовор аст ки бо чунин теъдоди шоъироне ки дар Узбекистон ъумр ба сар мебаранд ва эҷод мекунанд, шуъбаи тоҷикӣ дар иттифоқи нависандагон таъсис дода шавад. Вакилони адабиетро масалан ба ҳам орад. Дастҷамъи барои пешбурдани назму насрашон саҳм гузоранд. Ба фикри ман бурду бохти адабиети тоҷик бурду бохти муҳити адабии Узбекистон ҳаст. Ин адабиет ҳар ҷо агар муаррифи мешавад аз номи ҳамин кишвар баромад мекунад.
– То ҳол чунин пешниҳоде нашуда буд? То ҳол ин шоъиру нависандагони тоҷик дар воқеъ узвияти иттиҳоди нависандагони тоҷикистонро мегирифтанд дуруст аст?
– Бале, аммо гуфтан муҳим аст ки пештар иттифоқи нависандагон чунин як шуъба мавҷуд будааст ва дар ҷараёни ҳамин ҳамоиш гуфта шуд ки пештар раиси ҳамин шуъбаи тоҷикии иттифоқи нависандагон шодравон Ҷурабеки Қулноқ будааст. Ва баъди ҳамин чандин муддат ин шуъба кори худашро бас кард. Ва чандин муддат дар шуъбаи тоҷикӣ аз кор монданд ва иттифоқи нависандагон. Барои ҳамин мо хеле ниез дорам ба ин гуна як шуъба дар иттифоқи нависандагон чунки масалан дарду розҳои худро шунавем ҷамъ оем ва барои пеш бурдани адабиети тоҷик дар ин кишвар корҳои сазовор кунем.



