Зафари Суфӣ, шоъири шинохта ва аз рӯзноманигорони бособиқаи тоҷик, аз узвият дар Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон ихроҷ шудааст.
Зафари Суфӣ дар гуфтугӯ бо бахши Тоҷикистони Родиюи Замона хабари ихроҷ шудани худро таъйид кард ва афзуд ҳарчанд ӯ худ низ аз тариқи дӯсте шунида, ки ин хабарро дар сафҳаи фейсбукии Ато Мирхоҷа, муъовини раиси Иттиҳодияи Нависандагон, хондааст.
Далели ихроҷи ин шоъири шинохтаро ноҳамхонии мавқеъият ё дидгоҳи иҷтимоъии ӯ бо дидгоҳи давлат ва иттиҳодияи нависандагони кишвар унвон кардаанд.

Зафари Суфӣ, ки муддатест дар шаҳри Маскав ба сар мебарад, гуфт албатта будан дар ин иттиҳодия барояш ҳеч навъ суди модӣ ва маънавӣ надошт ва боъиси ифтихори ӯст, ки танҳо ӯро ихроҷ кардаанд.
Зафари Сӯфӣ, бунёдгузори ҳафтанома ва торнамои Озодагон буд, ки дар муддати начандон зиёд ба яке аз расонаҳои пешгоми тоҷик байни рӯшанфикрони дохил ва хориҷ аз кишвар шинохта шуд.
Зафари Сӯфӣ ба Замона гуфт фаъъолияти Озодагон моҳи десомбри соли гузашта бо фишорҳои давлати Тоҷикистон мутаваққиф шуд ва ӯро, ки сардабири ин расона буд, хостанд бо зӯр аз Маскав ба дохили кишвар баргардонанд. Аммо ӯ бо кумаки Гузоришгарони Бидуни Марз ба Урупо паноҳ бурд ва ба Тоҷикистон барнагашт. Ӯ гуфт ба ҷони ӯ таҳдидҳое ҳам шуда ва борҳо аз ӯ хостаанд, ки сокит бошад.
Зафари Суфӣ аввалин шоъир ва рӯзноманигори тоҷик нест, ки ба Урупо паноҳ бурдааст. Дар тӯли чанд соли гузашта чандин тан аз шоъирону рӯзноманигорони шинохта ва озодбаёни тоҷик аз Олмон дархости паноҳандагии сиёсӣ кардаанд ва парвандаҳояшон пазируфта шуд. Вазъи озодии баён дар Тоҷикистон рӯз то рӯз вахим шуда ва кишварҳои урупоӣ аз ин вазъ бахубӣ огоҳанд.
Аз Зафари Суфӣ то ҳол дар Тоҷикистон китобҳои «Наҷво», «Пажвоки дардҳои гунг», «Пушти пардаҳои пиндор», «Садои сукут» ба чоп расидааст. Намоишномаҳои ӯ дар теотри Лухтак (арӯсак) дар шаҳри Душанбе ҳамчунон рӯи саҳна мераванд.



