Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
No Result
View All Result
فارسی | English
Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
Zamaneh Tajik
No Result
View All Result

Интиқоли садҳо зану кӯдаки доъишӣ бо назорати Ружово ба Раққа

shahzoda by shahzoda
4 June 2019
in Сиёсат
Интиқоли садҳо зану кӯдаки доъишӣ бо назорати Ружово ба Раққа

Бузургтарин ҷобаҷоии оворагони сурӣ аз март/фарвардини соли ҷорӣ то кунун: садҳо зану кӯдаки доъишӣ урдугоҳи Алҳавл дар шимоли Сурияро тарк карданд. Хонаводаҳои ситезаҷӯёни Доъиш бо утубусҳое ба Раққа ва Алтабақа дар шимоли Сурия мунтақил шуданд, ки зиндагии рӯзонаи худро аз сар бигиранд.

Якшанбеи 2 июн: занони доъишӣ дар урдугоҳи Алҳавл барои дарёфти маводди ғизоӣ саф кашидаанд

Бадрон Чиё Курд, мушовири аршади идораи худгардони шимоли Сурия душанбеи 3 июн/12 хурдод дар гуфтугӯ бо хабаргузории Осушиэйтид Прес аз интиқоли гурӯҳе аз занону кӯдакони доъишӣ дар шимоли Сурия хабар додааст. Ба гуфтаи ин мақоми масъул 800 зану кӯдаки доъишӣ бо утубус аз урдугоҳи Алҳавл ба Раққа ва Алтабақа дар шимоли Сурия мунтақил мешаванд.

Дар урдугоҳи Алҳавл дар устони Ҳасака, ки таҳти кунтрули нерӯҳои демукротики Сурия қарор дорад, беш аз 10 ҳазор овора зиндагӣ мекарданд. Пас аз фатҳи Боғуз дар устони Дайраззур дар шарқи Сурия ва поёни хилофати исломӣ дар ин кишвар, теъдоди ин оворагон ба 73 ҳазор нафар расид. Созмони Милали Муттаҳид эълом кардааст, ки 15 дарсад аз ин оворагон, ки болиғ бар 11 ҳазор нафар мешаванд, аз хориҷ аз Сурия вориди ин кишвар шудаанд.

Мақомоти курд талош мекунанд бо интиқоли хонаводаҳои доъишӣ ба Раққа ва Алтабақа теъдоди сокинони урдугоҳи Алҳавлро коҳиш диҳанд. Раҳбарони ашоир ва сарони қабоили Сурия дар кунферонсе, ки авоили май/урдибиҳишти соли ҷорӣ баргузор шуд, хоҳони бозгашти гурӯҳе аз сокинони урдугоҳи Алҳавл, ки дар хунрезиҳо нақше надоштанд, ба маҳалҳои сукунаташон шуданд. Раҳбарони ашоир ва сарони қабоили Сурия таъаҳҳуд доданд, ки чунончи ин ашхос муҷаддадан бо Доъиш дар иртибот қарор бигиранд, онҳоро таҳвили мақомоти масъул медиҳанд. Ба далели тарокуми ҷамъият дар урдугоҳи Алҳавл гузоришҳое аз боло гирифтани хушунатҳо дар миёни сокинони урдугоҳ ва камбуди маводди ғизоӣ ва ақломи беҳдоштӣ дар расонаҳо мунташир шуда буд.

Душанбе 3 июн/13 хурдод сарони қабоил ва раҳбарони ашоири Сурия ҳамроҳ бо мақомоти Ружово бар интиқоли 800 зану кӯдаки доъишӣ бо утубус назорат доштанд.Хабаргузории ҲоворНюз эълом карда, ки ин 800 зану кӯдаки доъишӣ ба 217 хонавода таъаллуқ доранд ва ҳамаи онҳо бидуни истисно ғайринизомӣ ҳастанд.

Мақомоти курди сурӣ панҷ кӯдаки ятими доъиширо ҳам, кисарпарастони онҳо дар даргириҳо кушта шуда буданд, ба Нурвеж таҳвил доданд. Кристиян Нетланд, як мақоми Вазорати хориҷаи Нурвеж, ки барои таҳвил гирифтани ин кӯдакон ба шимоли Сурия сафар карда, дар ҷамъи хабарнигорон гуфт:

“Мо хушҳолем, ки метавонем ин кӯдаконро ба Нурвеж мунтақил кунем. Мо ҳамеша ҳамкорӣ ва мусоъидати мақомоти курди Сурияро ба ёд хоҳем дошт.”

Нерӯҳои Доъиш 14-и январи 2014 пас аз набарде шадид бо мухолифони давлати Башор Асад кунтрули шаҳри Раққа дар шимоли Сурияро ба даст оварданд. Ин шаҳр ба муддати чаҳор сол пойтахти гурӯҳи «Давлати исломии Ироқу Шом» буд. Нерӯҳои демукротики Сурия бо ҳимояти эътилоф ба раҳбарии Омрико дар 17 октябри 2017 шаҳри Раққаро аз Доъиш пас гирифтанд.

Tags: Бадрон Чиё КурдСурия

Related Posts

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом
Сиёсат

Замона баргузор мекунад: Таҷрубаҳои додхоҳӣ – намоиши филм, суханронӣ ва гуфтугӯ дар Омстердом

5 November 2019
Моҷарои хезиши септомбри Миср чи буд?
Сиёсат

Моҷарои хезиши септомбри Миср чи буд?

30 October 2019
Чиро Чин даври Тоҷикистон тор метанад?
Economy

Чиро Чин даври Тоҷикистон тор метанад?

30 July 2019

This ad can be change in the Widget Section – Default Sidebar

“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

© 2018 Radio Zamaneh, Tajikistan

No Result
View All Result
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо