Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
No Result
View All Result
فارسی | English
Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
Zamaneh Tajik
No Result
View All Result

Ишколоти баргузории “озмуни шеър барои кӯдакон”

golshan by golshan
13 February 2019
in Фарҳанг
Ишколоти баргузории “озмуни шеър барои кӯдакон”

 

Рӯзномаи «Ҷумҳурият», ки аз нашрияҳои расмии давлати Тоҷикистон аст, як озмуни шеър барои кӯдакон эълом кардааст.
Ин озмун дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ дар вилояти Суғд ба манзури тарбият ва иртиқои сатҳи худшиносӣ ва меҳандӯстии насли оянда баргузор мешавад.
Аз шароити озмун чунин бармеояд, ки ин ашъор бояд бештар дар ҳамду санои Ватан ва сарзамин суруда шуда бошанд. Пайдост, ки тақозои ин гуна ашъори сиотишомез аз ширкаткунандагон ба маҳдуд шудани халлоқияти зеҳнии кӯдакон мунҷар шуда ва ба андешаи озод ва пӯёи насли оянда осеб хоҳад зад.
Усулан озмунҳои адабӣ бояд танҳо ба сабку шеваи баён ва теъдоди вожаҳо марбут бошад, на ба таъйину таклиф ва муҳтавои асари адабӣ.
Рӯзномаи “Ҷумҳурият” нивиштааст, ки дар ин озмун “шоъиру адибон ва ҳамаи онҳое, ки ба эҷод алоқаманданд, сарфи назар аз синну сол метавонанд” ширкат кунанд, ки худ мушкилзост.
Озмуне, ки маҳдудияти синнӣ надошта бошад, кӯдаку навҷавону фарди бузургсолро дар як рада қарор медиҳад ва ин шеваи ноъодилона бар эътимод ба нафси кӯдакон ва навҷавонон латма мезанад. Дар ҳеч мусобиқаи варзишӣ инсони расида бо кӯдак ё навҷавон канори ҳам қарор намегиранд, пас чиро дар арсаи шеър бояд кӯдак ва бузургсол бо ҳам қувваозмоӣ кунанд?
Ба ҳар ҳол, баргузоркунандагони ин озмун интизор доранд, ки се шеъри тозаэҷоди худро ба ҳуруфи Arial tj, андозаи 14, ба идораи рӯзнома бифристед.
Озмун аз торихи 1.07.2018 то 1.05.2019 идома дошта ва дар остонаи Рӯзи байналмилалии кӯдак ҷамъбаст хоҳад шуд.
Ҷоизаҳои “Озмуни шеъри кӯдак” аз ин қарор аст:
Барои ҷойи аввал – 5000 сомонӣ.
Барои ҷойи дуюм – 3000 сомонӣ.
Барои ҷойи сеюм – 1500 сомонӣ.

Tags: адабиёти точикЗамона Тоҷикистонозмуни шеърТоҷикистон

Related Posts

Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?
Women

Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?

1 November 2019
Чиро диктотурҳо аз қиссагӯён метарсанд?
Minorities

Чиро диктотурҳо аз қиссагӯён метарсанд?

1 October 2019
“Ҷавонон барои волоияти қонун”
Multimedia

“Ҷавонон барои волоияти қонун”

1 November 2019

This ad can be change in the Widget Section – Default Sidebar

“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

© 2018 Radio Zamaneh, Tajikistan

No Result
View All Result
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо