Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
No Result
View All Result
فارسی | English
Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
Zamaneh Tajik
No Result
View All Result

Маркази ҷадиди Оғохон дар қалби Ландан бо тарҳ тарроҳи маъруфи жопунӣ

golshan by golshan
19 February 2019
in Фарҳанг

Ҳудуди як моҳ аст, ки кормандон ва асотиди Маркази Мутолеъоти Исмоъилӣ дар Ландан ба сохтмони ҷадид кӯчидаанд. Ин маркази тозасоз бо истифода аз бозсозии тарроҳии боғҳои маъруфи Эрону Ҳинду Марокеш бунёд шудааст. 
 
Дар наздикии истгоҳи байналмиллалии Сант Панкрас, дар қалби Ландан, ин сохтмони сафед ба маҳалле барои тамошои меъмории бозсозишудаи даврони шукуфоии Ислом дар Ховари Миёна табдил шудааст. Дар ъайни ҳол беш аз 800 корманд ва пажуҳишгар дар ин маркази ҷадид машғул ба коранд ва дар 8 табақаи ин сохтмон китобхонаҳои махсус ва дастхатҳои муҳимми торихӣ, иҷтимоъӣ, фарҳангӣ ва динии Ховари Миёна дар дастраси ъалоқамандон қарор дорад. Ин сабк сохтмон дар навъи худ дар Ландан ва куллан дар Урупо назир надорад.

Тарҳи ин биноро, Фуҳимико Маки (Fumihiko Maki), меъмори маъруф ва бособиқаи жопунӣ, анҷом додааст. Ин меъмор дар ъайни ҳол 89 сола аст ва муҳиммтарин ҷавоизи меъмориро ба даст овардааст ва ин марказ аз муҳимтарин корҳои ӯ маҳсуб мешавад, ки бо сабки алтернатив модернисм ва бо истифода аз ъунсурҳои меъмории исломӣ тарроҳӣ шудааст. 

Аз табақаи ҳаштуми ин бинои ҷадид, ки Боғи Нур ва Боғи Зиндагӣ ном дорад, намои кулли сохтмонҳои муҳимм ва баландқади шаҳри Ланданро низ мешавад дид. 

Голерии акс аз ин маркази ҷадид:

Tags: Маркази ҷадид ОғохонМутолеъоти Исмоъилӣ дар ЛанданТрибуни Замона

Related Posts

Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?
Women

Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?

1 November 2019
Чиро диктотурҳо аз қиссагӯён метарсанд?
Minorities

Чиро диктотурҳо аз қиссагӯён метарсанд?

1 October 2019
“Ҷавонон барои волоияти қонун”
Multimedia

“Ҷавонон барои волоияти қонун”

1 November 2019

This ad can be change in the Widget Section – Default Sidebar

“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

© 2018 Radio Zamaneh, Tajikistan

No Result
View All Result
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо