Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
No Result
View All Result
فارسی | English
Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
Zamaneh Tajik
No Result
View All Result

“Дидгоҳ”: Нақди гузидае аз мақолоти рӯзномаи “Овози Самарқанд”

Шаҳзодаи Самарқандӣ

shahzoda by shahzoda
13 June 2019
in Матолиби баргузида, Фарҳанг
Фазои фарҳангии тоҷикони Самарқанд: Нигоҳе аз дарун

Дар гузориши имсоли “Гузоришгарони Бидуни Марз” расонаҳои Узбекистон дар раддаи 158 байни 180 кишвари дар ҳоли тавсеъа қарор гирифт. Бар асоси пажӯҳиши густардаи ин созмони байналмиллалӣ вазъи расонаҳои Узбекистон, ба маротиб пойинтар аз вазъи расонаҳои кишвари ҳамсояи Тоҷикистон аст.

Ин мавзӯъ вақте дар шабакаҳои иҷтимоъӣ баҳс шуд, дар идомаи бозтоби ин пажӯҳиш дар сафҳаи Фейсбукии худ навиштам, “муддатест рӯзномаи Овози Самарқандро мехонам ва аз ваховати вазъи забони он нигарону нороҳатам”, “аз вазъи матолиби “Овози Самарқанд” гиряам мегирад”. Гурӯҳе аз ҳамкорони рӯзномаи “Овози Самарқанд” ва ҳомиёни маҳаллии он вокуниши шадид ба ин навишта нишон доданд ва аз вазъи кунунии ин рӯзнома дифоъ карданд. Аз назари онҳо эътиқодҳо алайҳи забон ва сабки хабар ва гузоришҳои ин рӯзнома ҳақиқат надорад.

Обро гил кардани ин дӯстон, далел намешавад, ки хонандагон аз эродҳои навиштории ин рӯзнома бехабар бимонанд. Кофист, ба сойти ин рӯзнома сар занед ва бо насри заъиф ва гузоришҳои бидуни сохтор ва бо забони саршор аз калимаҳои узбекӣ, русӣ ва истилоҳоти норавшани худсохтаи он рӯбарӯ шавед. Аммо аҷиб ин аст, ки ин вазъ ба чашми кормандони рӯзнома аён нест.

Ин буд, ки аз кормандони ин рӯзнома дархост кардам, чанд матбали беҳтарини то ҳол дар ин рӯзнома мунташиршударо бароям бифристанд, то ба нақду баррасии мавридии так-таки онҳо бипардозам. Чун рӯзнома саршор аз хабару гузоришҳои бо забони норавшану номаълуми на узбекӣ, на тоҷикӣ ва на русӣ буд, хостам, бидонам, чи навиштае аз назари ин гурӯҳи рӯзноманигорони ҳамшаҳрӣ хуб ва бар асоси меъёрҳои рӯзноманигории имрӯзӣ аст.

Бо ин ки ишколоти забонии густарда ва эродҳои фаровони гузоришҳо тавҷеҳпазир нест, аммо мехоҳам ёдовари он бошам, ки рӯзномаи “Овози Самарқанд, рӯзномаи давлатӣ аст ва бар асоси дастур ва дархости мақомоти маҳаллӣ амал мекунад. Аз ин рӯ шояд кормандони он аз фазои озоди корӣ ва фикрии чандоне бархурдор набошанд. Шояд бишавад гуфт, ки бештар намояндаи давлатанд то намояндаи мардум, аммо гоҳе дарстурҳои тозаи Тошканд низ дуруст мутаввачех намешаванд ва иштибох бозтоб медиханд. Бинобар ин агар аз Тошканд дастур бирасад, ки расонаҳо бояд матолиби интиқодӣ мунташир кунанд, онҳо ақида ва назарҳои фардии худро бозтоб медиҳанд. Дар ивази интиқод аз давлат ва мақомоти маҳаллӣ ба саркуби мардум мепардозанд. Ин маъниро мешавад аз он ҳамду саноҳое бардошт кард, ки пайваста дар матни бисёре аз хабару гузоришҳои ин рӯзнома ба чашм мерасад ва ин мақола низ орӣ аз ин нукот нест.

Бешак ин рӯзнома аз он озодиҳое, ки бархе аз рӯзномаҳои мустақили Тоҷикистон бархурдоранд, маҳрум аст ва дастхолӣ будан аз маводҳои расонаии дигар кишварҳои ҳамзабон метавонад аз баҳонаҳои маҳдудияти фазои кории ин расона бошад.

Надоштани рӯзномаи мустақил, ё шабакаи телевизиюни 24 соъата барои тоҷикон, худ яке аз эродҳои рӯзноманигорӣ ва фазои фарҳангии Самарқанди кунунӣ аст, аммо он мавзӯъи дигар аст ва шояд замони дигаре ба он бипардозам. Бо вуҷуди ҳамаи ин, ғалатнавиштан, норавшан ва муғлақ навиштан, бахшиданӣ нест.

Аз таҷрубаи кории худ дар ин рӯзнома дар даҳаи 90, метавонам бигӯям, ки фазо барои касоне, ки мехостанд сабку баёни меъёр дошта бошанд, ҳатто дар он даврон, дар даврони Ислом Каримов низ фароҳам буд, маҳдудиятҳо бар сари интихоби мавзӯъ ва адами куллии озодии баён ва озодии пас аз баён буд.

Мақолаи аввал:

Қарор бар ин аст, ки ҳафтае як мақолаи рӯзномаи “Овози Самарқанд”-ро ба таври мунсифона ва бетарафона нақд кунам. Инҷо аввалин нақдеро мехонед, ки аз таҳририяи ин рӯзнома ба унвони беҳтарин мақолаи мунташиршуда дар ин расона, дарёфт кардаам. Ин набояд ба он маъно бардошт шавад, ки вазъи дигар рӯзномаҳои форсизабон дар Осиёи Миёна беҳтар аз вазъи Овози Самарқанд аст. Балки вокуниши шадиди кормандони ин рӯзнома алайҳи интиқод ва напазируфтани вазъи вахими насри нигориши худ боъис шуд, то далоили “гиряовар”-и онро каме ҳам бошад, барҷаста кунам. Чун ҳеч гоҳ душмани ширинзабон набудаам, балки ҳамеша ва дар ҳар гӯшаи ин чаҳон, дӯсти ҳакгӯ ва ростгӯй будаам.

Унвони мақола ин аст: “Тӯйи якрӯза ғавғои садрӯзаро ба миён наорад!”

Ин мақола дар бахши “Минбари халқ”-и сойти расмии ин рӯзнома мунташир шудааст, ба назарам “Садои мардум” ё “Минбари мардум” бошад дурусттар аст.

Ҳайф аст, ки торихи интишори мақолаҳо дар ин сойт оварда намешавад ва ин барои як расона ишколи бузургест. Мақолаҳо бояд бо торихи мушаххас мунташир шаванд, то хабар ё иттилоъоти дарҷшуда дар он аз лиҳози замонӣ мувассақ бошад. Нишон додани замони интишори матолиб суръати бозтоби хабар ва гузоришҳо аз ҷониби кормандони расонаро нишон медиҳад ва аз шаффофияти кории онҳо хабар медиҳад. Умед аст, ки ин рӯзнома аз ин ба баъд матолиби худро бо торихи интишори дақиқ дар дастраси ҳамагон қарор бидиҳад.

Интихоби мавзӯъи мақолаи интихобшуда ва шеваи баёни масъалаҳои марбут ба баргузории маросими арӯсии пурхарҷ дар Самарқанд ва атрофи он қобили таҳсин аст.

Қиссаи марди боғбон ҷаззоб баён шуда ва хонанда бо он иртибот барқарор мекунад. Аммо вожаҳои ғайрифорсии фаровоне дар ин мақола занандатарин ҷанбаи он аст ва зеҳни хонандаро парешон мекунад. Нависанда ба худ заҳмати онро надода, ки ба луғат муроҷеъа кунад ва аз истифодаи густарда аз вожаҳои бегона бипарҳезад.

Вожаҳои бегона ҳатто дар унвони мақола ҳам омада ва калидитарин мафҳум дар баррасии ин мавзӯъ, “ҷашни арӯсӣ”, бо муъодили узбекии он “тӯй” зикр шудааст. Дар матни мақолае, ки аз 1500 калима иборат аст, на як бору ду бор, балки 26 маротиба аз вожаи “тӯй” истифода шудааст ва як бор вожаи арӯсӣ.

Дар ҷумлаи дувум ба ҷои вожаи “фурӯдгоҳ” “аэропорт”, муъодили русии он, ба кор рафтааст. Дар ҷумлаи дувум ба ҷои “дучарха” “велосипед” ба кор рафтааст ва ҳамин тавр дар ҷумлаҳои баъдӣ такрор шудааст.

Шояд муфидтар бошад, ки теъдоде аз вожаҳо ва истилоҳоти ғайрифорсии ин мақоларо дар поёни ин нақд биёварам ва муъодили форсии онҳоро бинвисам, то тоҷиконе, ки ин калимаҳоро фаромуш кардаанд, аз он ба унвони луғатнома истифода кунанд.

Пасванди “-амон”, ки дар ин навишта борҳо ба чашм мехурад, гуфторӣ аст ва беҳтар аст аз корбурди он дар матнҳои навишторӣ худдорӣ шавад. Ин пасвандро, мутаассифона, ҳатто дар матни хабар ва мақолаҳои расмии ин рӯзнома мушоҳида мекунам.

Дар ин ҷумла феъле кам дорем ва дар асл се ҷумла бо се феъли ноҳамхон ба кор рафтааст ё аслан феъл фаромуш шудааст: “Аслан, дар натиҷаи дабдабаҳои барзиёд аксари мардум саломатии худро гум, умрашон кӯтоҳ шудааст, хонавайроншудагон низ ҳастанд.”

Ин ҷумларо ҳам мешавад беҳтар навишт ва аз вожаи “эътибор” дуруст истифода кард. Инҷо “эътибор” ба ҷои “таваҷҷуҳ” ва “тазаккур” омадааст, ки дуруст нест. «Афсӯс, ки танҳо пас аз эътибори Сарвари давлатамон ба ин масъала мо ҳам таваҷҷӯҳ мекунем.” Беҳтар буд ин ҷумларо ин гуна навишт: «Ҳайф, ки танҳо пас аз тазаккури раҳбар ба ин масъала, мо низ ба он мепардозем.”
Дар ҷумлаи дигар феъли ҷумла эрод дорад: “Дуруст, ки пештар низ дар бораи ихтисор кардани тӯю тантанаҳо ҳазорон мақолаҳо навишта шуд, корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ амалӣ ва барномаҳо омода гардид, аммо дар ҳаёти ҷамъият дигаргуние ба назар нарасид.” Ин ҷумларо баосонӣ мешавад чунин навишт: “…барномаҳои огоҳирасонӣ ба мардум роҳандозӣ шуд, аммо натиҷаи чашмгире надод.” Ё шабеҳи ин, аммо ҷумлаи кунунӣ ниёз ба вироиш дорад.

Дар ин ҷумла аслан маълум нест, ки манзури нависанда чист: “Акнун боз дар ин самт муносибатҳо, нуқтаи назар, фикрҳо, корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ оғоз гардид.” Муносибатҳо оғоз гардид? (Робитаҳои корӣ ба роҳ андохта шуд.) Нуқтаи назар оғоз гардид? (Таҷдиди назарҳо сурат гирифт.) Фикрҳо оғоз гардид? (ҳамфикрӣ ё табодули афкор сурат гирифт.) Дар ин ҷумла танҳо “корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ оғоз гардид” дуруст аст ва бақия ба феъли ҷудогона ниёз дорад.

Дар ин ҷумла равшан нест, ки билохира чанд намуд ғизо бояд дар мизи маросимҳои арӯсӣ бошад? “Дар натиҷаи корҳои тарғиботие, ки бо мақсади пешгирии исрофкориҳо гузаронида шуд, овардани чанд намуди таомҳо кам гардида, чорабиниҳои гуногун ихтисор гардид.»

Мутаассифона, забон ва лаҳни мақола аз ним ба баъд зананда ва ғайри қобили қабул мешавад: “Домоде, ки ин қадар тӯҳфаҳои қиматбаҳо гирифтааст, барои ба арӯс сухани бад гуфтан ҳам дар андеша мемонад. Бо як сухан ин як намуди муттаҳам кардан асту халос.”

Чиро бояд нависанда тарафдори ҳарфи бад шунидани арӯс бошад? Дар ҷумлаи аз ин болотар низ нависанда бо лаҳни бисёр бад ба тарафи домод чунин сухане мегӯяд. 

Мо намунаҳои зиёде аз наварӯсон дорем, ки танҳо издивоҷи худро сабти қонунӣ карда ва бидуни ҳатто ҳеч ҷашне ба зиндагонии муштарак идома медиҳанд ва нависанда набояд ба таври сад дарсад ҳамаро ба зери по гузоштани ахлоқи роиҷи ҷомеъа муттаҳам кунад.

Миёнунвони баъдии “Love story ё ки тараннуми беҳаёӣ” ба иштибоҳ маънӣ шудааст. «Love story» аз забони инглисӣ “қиссаи ошиқона” тарҷума мешавад, ки ҳеч рабте ба беҳаёӣ надорад.

Аз лаҳни нависанда равшан аст, ки мухолифи унсурҳои мудерн дар ҷомеъа аст ва наворҳои дунафараи арӯсу домодро “ин ибтидои таназзули маънавӣ, пастии маънавият, дебочаи манманӣ ва беҳаёӣ” медонад, ки комилан иштибоҳ аст. Кишвари Узбекистон демукротик ва озод аст ва ҳар завҷ ихтиёр дорад шеваи наворбардорӣ аз лаҳзаҳои ширини рӯзгори худро дошта бошад. Ҷонибдории нависандаи мақола аз “пиросносол”-е, ки мухолифи рафтори ҷавонони ҷомеъаанд, дуруст нест. Нависанда бояд бетараф бошад ва назари ҳамаи ҷавонибро баён кунад ва мунсифона ҳарфи дили онҳоро бозгӯӣ кунад.

Аммо байни ин ҳама навишта чанд ҷумлаест, ки боъиси нигаронии ман аст ва маро ба ёди лаҳну баёни Толибон дар Афғонистон меандозад: “Наход падару модари духтар барои пеш аз тӯй бо домод ба навор гирифтани чунин «ҳикояи муҳаббат» розӣ шаванд. Ба фикри ман, дар ин самт фазилатҳои мардонагии домод низ соҳибаҳамият аст. Зеро, ҷавонмарде, ки оянда сарвари як оила аст ва худро ҳурмат мекунад, ҳамчун мард дар назди умум ҷуфти ҳалоли худро ба намоиш намегузорад. Аз ин чунин хулосаи мантиқӣ кардан мумкин аст, ки дар баъзе ҷавонони мо ғурури мардӣ ва орият низ коста мегардад…»

Ин занситезонатарин навиштаест, ки дар як расонаи муътабар мехонам. Равшан нест, ки чиро нависанда зидди рафтори иҷтимоъии ҷавонон аст ва аз дида шудани зеботарин лаҳзаҳои арӯсони ҷавон нигарон аст. Магар нависанда намояндаи ислом ва ё ҳизбе исломӣ аст, ки ин қадар мазҳабӣ аст ва алайҳи шодӣ ва зебоиҳои ҷомеъа сухан мегӯяд?

Бо ин хол, аз поёнбандии мақола хушам омад. Ин ки нависанда муътақид аст, дар баробари ин ҳама пуле, ки маросимдорон харҷ мекунанд, мешавад манзиле барои ҷуфти ҷавон харид, ки зиндагонии муштараки худро ба таври ҷудогона шурӯъ кунанд, ва ин воҷибтар аз он аст, ки барои хариди зару зеварҳои беҳуда ва ё меҳмонӣ додан ба ҳазорон нафар аз афрод харҷ шавад.

Феҳрасти вожаҳои ғайрифорсӣ:
1.Тӯй = Арӯсӣ
2. Аэропорт = фурӯдгоҳ
3. Велосипед = дучарха
4. Президенти мамлакатамон = раиси ҷумҳури кишвар
5. Аҳли зиё = чеҳраҳои фарҳангӣ ё фаъолони фарҳангӣ, равшанфикрон
6. Инсулту инфаркт = сактаи мағзӣ ва сактаи қалбӣ
7. Хароҷот  = беҳтар аст махориҷ ё ҳазина истифода кунем
8. Асосҳои ҳуқуқӣ = моддаҳои мушаххас дар Қонуни асосии кишвар
9. Келин = арӯс ё арӯсшаванда
10. Андоз = ҳадя (бояд бошад дар ин матн, вагарна бо молиёти расмии давлатӣ иштибоҳ гирифта мешавад).
11. Оила = хонавода
12. Мукофот = ҳадя
13. Шов-шув = шоеъа, овоза
14. Бистто санъаткор = бист нафар ё бист тан овозхон ё ҳунарманд (пасванди “то” барои ҳайвон ё ашё ба кор меравад)

Шаҳзодаи Самарқандӣ
21 майи 2019

Tags: "Дидгоҳ"вазъи рӯзномаҳо форсизабонОвози Самарқанд

Related Posts

Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?
Women

Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?

1 November 2019
Чиро диктотурҳо аз қиссагӯён метарсанд?
Minorities

Чиро диктотурҳо аз қиссагӯён метарсанд?

1 October 2019
PCOS чи навъ беморӣ аст?
Women

PCOS чи навъ беморӣ аст?

1 October 2019

This ad can be change in the Widget Section – Default Sidebar

“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

© 2018 Radio Zamaneh, Tajikistan

No Result
View All Result
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо