Шарофиддин Гадоев, яке аз чеҳраҳои мухолифини Тоҷикистон, барои сафар ба Русия рафта буд, ки ногаҳон сар аз Душанбе даровард. Ӯ дар ҳоле дар пойтахти Тоҷикистон ҳузур ёфта буд, ки давлати тамомиятхоҳи ин кишвар солҳо мухолифинро саркӯб кардааст.
Гадоев дар телевизиюни давлатӣ зоҳир шуд, эътироф кард ва гуфт ба майли худаш ба онҷо рафтааст. Каме баъд аммо мушаххас шуд, ки ӯро дар Русия рубудаанд, таҳвили давлати Тоҷикистон додаанд, шиканҷааш кардаанд ва аз ӯ эътироф гирифтаанд.
Бахши муҳимме аз ин эътирофҳо эъломи ҳимояти ӯ аз Рустами Эмомалии Раҳмон, шаҳрдори Душанбе ва писари диктотури феълӣ аст, ки коршиносон пирӯзии эҳтимолии ӯ дар ба истилоҳ интихоботи риёсати ҷумҳурии 2020-ро дар сурати канор кашидани падараш аз қудрат ҳатмӣ медонанд. Гадоев билохира дувуми март ба Олмон бозгашт.
Моҷаро як моҳ пеш оғоз шуд. Эътилофи миллии Тоҷикистон, эътилофе аз чаҳор ҳизбу созмони мухолифини тоҷик, авосити феврал эълом кард, ки яке аз аъзои барҷастаи ин эътилоф рубуда ва ба Тоҷикистон мунтақил шудааст.
Эътилофи миллиро Маҷмаъи озодандешони тоҷик, Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Миёна, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Ҷунбиши мардумии ислоҳот ва тавсеъа дар Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Ба гуфтаи ин гурӯҳ, Шарофиддин Гадоев, аз аъзои барҷастаи Ҷунбиши ислоҳот ва тавсеъа ва раҳбари пешини он, ба дасти нерӯҳои амниятии Тоҷикистон ва «бархе ҳалқаҳои фосид дар Русия» дар ҷараёни сафар ба Маскав рубуда ва ба Душанбе мунтақил шудааст.
Гадоев пас аз раҳбарии Ҷунбиши ислоҳот ва тавсеъа дар як созмони мухолифини дигар ба номи “Гурӯҳи 24” узвият дошт. Ӯ пас аз қатли Умаралӣ Қувватов, бунёнгузори Гурӯҳи 24, дар моҳи марти 2015 раҳбарии ин гурӯҳро бар уҳда гирифт ва то 2016 дар ин симат монд. Ӯ сокини Ҳуланд буд.
Давлати Тоҷикистон тамоми ин гурӯҳҳои мухолифро “гурӯҳҳои ифротӣ” мехонад ва фаъолияти онҳоро дар кишвар мамнӯъ кардааст. Ба ҳамин хотир, вақте Гадоев 14-уми феврал дар Душанбе зоҳир шуд, ҳама пешопеш аз иттифоқе, ки уфтода буд, камобеш огоҳ буданд.
Дидабони ҳуқуқи башар дар ниҳоят ривояти ин одамрубоиро чунин ироа дод: Пулис ва аъзои Сервиси иттилоъотии федероли Русия (Эф-эс-бӣ) ӯро дар Маскав мерубоянд ва таҳвили мақомҳои тоҷик медиҳанд. Ҳарчанд ба гуфтаи яке аз наздикони Гадоев, сафари ӯ ба Русия ба даъвати Николай Николаев, яке аз вукалои рус, ва бо ваъдаи кафолати ӯ ва тазмини амнияташ дар Русия сурат гирифта буд.
Влодимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, аз ҳомиёни давлати тамомиятхоҳи Тоҷикистон, ин ҷумҳурии тозаистиқлолёфта пас аз суқути Шӯравӣ аст.
Эътирофи иҷборӣ ё таблиғ барои риёсати ҷумҳурии писари диктотур
Истив Свердлов, пажӯҳишгари Осиёи Миёна дар созмони Дидабони Ҳуқуқи Башар, чаҳоруми феврал ба шабакаи хабарии родиюи Озодӣ гуфт, ки Гадоев шиканҷа шудааст: “Медонем чунон хушунате алайҳи ӯ ба кор гирифта шуд, ки вақте [аз Маскав] ба Душанбе расид, либосҳояш хиси хун буд.”
Ба гуфтаи Свердлов, вақте Гадоев дар фурудгоҳе дар Маскав фарёди кумак зад, маъмурон ба ӯ ҳамла карданд, кутакаш заданд ва даҳонашро бастанд.
Аммо мақомҳои тоҷик, ки дар баробари иддиъои рубоиши як мухолифи машҳур қарор гирифта буданд, дар баёнияе эълом карданд, ки ӯ ба майли худ ба Тоҷикистон бозгаштааст. Онҳо барои исботи иддиъояшон филми эътирофоти ӯро низ пахш карданд; эътирофҳое, ки ҳоло мушаххас шуда таҳти фишор забт шудааст.
Эътирофоти ӯ дарвоқеъ таблиғи ҳукуматӣ барои ҳимоят аз писари Эмомалии Раҳмон, диктотури Тоҷикистон, барои расидан ба риёсати ҷумҳурӣ пас аз падараш буд. Гадоев дар ин эътирофоти иҷборӣ мегӯяд:
“Ман имрӯз дар кӯчаҳо ва хиёбонҳои шаҳр қадам задам ва дидам, ки кишвар чи қадр пешрафт кардааст. Мудирияти шаҳрӣ (Рустами Эмомалии Раҳмон, писари раиси ҷумҳурии Тоҷикистон) бисёр хуб кор кардааст ва албатта ҷавон аст ва бояд ба ӯ кумак кард. Раҳбарии кишвар низ таъкид кардааст, ки бояд ба ҷавонон баҳо дод. Мо бояд идеҳо ва афкори худро ба ҳукумат бирасонем ва ман медонам, ки аз онҳо истифода мешавад. Фаъолиятҳои сиёсӣ низ дар кишвар озод аст.”
Эмомалӣ Шарифович Раҳмон аз соли 1994 раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Рустам, писари 31-солаи раиси ҷумҳурӣ, симатҳои муҳимме, аз риёсати хадамоти гумрукӣ то риёсати сервиси зидди фасоди Тоҷикистонро, бар уҳда дошт. Падараш ӯро дар 2017 ба шаҳрдории Душанбе гумошт ва Муҳаммадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори қаблӣ аз 1996 то он замонро, барканор кард. Ҳамапурсии Қонуни асосии 2016 Тоҷикистон на танҳо роҳро барои модомулъумр кардани риёсати ҷумҳурии Раҳмон боз кард, ки синни қонунии риёсати ҷумҳуриро низ аз 35 ба 30 коҳиш дод. Дар соли 2020 Рустам 33-сола хоҳад буд.
Гадоев дар ниҳоят субҳи дувуми март аз Душанбе ба фурӯдгоҳи Фронкфурт парвоз кард. Яке аз муншиҳои ӯ ба хабаргузориҳо гуфта буд, ки намояндагони Визорати хориҷаи Ҳуланд дар фурӯдгоҳи Фронкфурт ба истиқболи Гадоев рафта буданд. Файз Сафаров, яке аз аъзои пешини Гурӯҳи 24, ба расонаҳои тоҷикӣ гуфта буд, ки ин узви барҷастаи мухолифини Тоҷикистон, машмули афв шуда ва ба ҳамин хотир тавоноии бозгашт ба Олмонро ёфтааст. Додситонии Тоҷикистон аммо то кунун дар бораи имкони афви ӯ изҳори назар накардааст.
Қарор аст замоне дар соли ояндаи милодӣ интихоботи риёсати ҷумҳурӣ ва порлумонӣ дар Тоҷикистон баргузор шавад. Ҳануз торихе муъайян нашуда, аммо таҳлилгарон натиҷаро аз пеш мушаххас медонанд: ё пирӯзии дигаре барои Эмомалии Раҳмон, раиси ҷумҳури 66-сола, ё агар ҳавсалаашро надошта бошад, пирӯзӣ барои писараш Рустам. Мухолифон дар талошанд, то аз ин даври ботили диктотурӣ ҷилавгирӣ кунанд.



