Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
No Result
View All Result
فارسی | English
Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
Zamaneh Tajik
No Result
View All Result

Пешниҳоди қадамҷои рамзӣ барои Аҳмади Дониш дар Тоҷикистон

golshan by golshan
19 February 2019
in Minorities, Фарҳанг

اسکرعلی رجبوف، پروفسار تاجیک، به رسانه‌های داخلی تاجیکستان اعلام کرده است که قبر احمد، دانشمند آخر قرن ۱۸ و اول قرن ۱۹ تاجیکان و چند تن از دیگر بزرگان تاجیک را در بخارا، پیدا کرده است. او به رستم اماعلی، شهردار دوشنبه پیشنهاد داده است که قبر نمادینی برای احمد دانش در شهر دوشنبه بنیاد کنند و با این منظور کفی از خاک تربت این دانشمند همچنان شناخته و معروف تاجیک را با خود به تاجیکستان آورده است. 

تصویر و گزارش با خط سیریلیک از سایت اسپوتنیک

Профессори тоҷик Асқаралӣ Раҷабов қабри Аҳмади Дониш, донишманди тоҷик ва чанде аз бузургонро дар Бухоро пайдо кардааст. Вай мегӯяд, аз гӯри эшон қабзае хокашро овардааст ва ба раиси шаҳри Душанбе пешниҳод мекунад, ки дар пойтахт қадамҷои рамзии онҳо бунёд шавад.

ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Профессори тоҷик Асқаралӣ Раҷабов марқади донишманди номии тоҷик Аҳмади Донишро дар Бухоро пайдо кардааст, хабар медиҳад “Фараж”.

Ба гуфтаи профессор, ӯ натанҳо қабри Дониш, балки Шамсиддин Шоҳин, Наҷмиддини Кавкабӣ, Сайидои Насафӣ ва Калободии Бухороӣ ро низ пайдо кард.

“Ҳамроҳ бо шахсиятҳои фарҳангии Бухоро маълум кардем, ки  Аҳмад Махдуми Дониш соли 1897 дар яке аз қабристонҳо, ки махсуси шахсиятҳои бузург буда, “Дахмаи биҳиштиён”( ин дахма аз садаи VIII то нимаи аввали садаи ХХ амал мекард) ном доштааст, гӯронида шудааст. Дар ин ҷо соли 1893 шоири бузург Шамсиддини Шоҳин ҳам дафн шудааст”, – менависад “Фараж” аз қавли профессори тоҷик.

Ба мо даст дод, ки марқади Аҳмад Махдуми Донишро пайдо намоем ва орзуву омоли шахсиятҳое  чун устодон  Сотим Улуғзода, Расул Ҳодизода, Муҳаммадҷон Шакурӣ ва Лоиқро, ки дар ҳасрати пайдо намудани гӯри Дониш буданд, амалӣ гардид, афзудааст Раҷабов.

Профессори тоҷик мегӯяд, қабзае аз хоки гӯри Аҳмади Донишро бо худ ба Тоҷикистон овардааст ва ба раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ пешниҳод кардан мехоҳад, ки бо ин хок дар боғи Аҳмади Дониши пойтахт марқади рамзии донишманди номиро бунёд кунанд.

Раҷабов боварӣ дорад, ки он зиёратгоҳи аҳли илм ва фарҳанг хоҳад гардид.

Tags: Аҳмади ДонишБухороЗамона ТоҷикистонТоҷикистонТрибуни Замона

Related Posts

Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?
Women

Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?

1 November 2019
Чиро диктотурҳо аз қиссагӯён метарсанд?
Minorities

Чиро диктотурҳо аз қиссагӯён метарсанд?

1 October 2019
“Ҷавонон барои волоияти қонун”
Multimedia

“Ҷавонон барои волоияти қонун”

1 November 2019

This ad can be change in the Widget Section – Default Sidebar

“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

© 2018 Radio Zamaneh, Tajikistan

No Result
View All Result
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо