Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
No Result
View All Result
فارسی | English
Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
Zamaneh Tajik
No Result
View All Result

Рӯзгоре барои ибрат

golshan by golshan
19 February 2019
in Фарҳанг

به مناسبت نودمین زادروز گلچره سلیمانی، شاعر تاجیک، بزرگمهر بهادر، روزنامه‌نگار تاجیک، یادی از این چهره شناخته در تاجیکستان کرده است. گلچهره سلیمانی در ایجاد و ارتقای ادبیات کودک در تاجیکستان دوران شوروی، سهم برجسته‌ای دارد. اشعار او ورد زبان کودکان نیم قرن آخر تاجیک است.

گلچهره سلیمانی

Шоири халқии Тоҷикистон Гулчеҳра Сулаймониро бештар тавассути шеърҳои кӯдаконааш мешиносему ёд мекунем. Бавижа, байни чанд насли охир касе нест, ки шеъри «Бибиҷонам меояд, Дилу ҷонам меояд…» – ро надониставу насуруда бошад. Ӯ ҳар куҷое мерафт, кӯдакони сершумори диёр ба гирдаш ҳалқа мезаданд ва муроҷиати аксари онҳо бо вожаи «Бибиҷон» сурат мегирифт. Ва, баъдан, аксари пажӯҳандагон ва аҳли адаб Гулчеҳрабонуро бо тахаллуси ифтихории «Бибиҷони кӯдакон» ёд карда, чунин ба қалам додаанд.

Ин бонуи адабпарвари тоҷик духтари шоири бузурги тоҷик Пайрав Сулаймонист. Ӯ дар муҳити хонаводагиаш атри меҳру муҳаббат ва шеъру фарҳанг мешамид ва нахустчакидаҳои хомааш аз шоирии ӯ дарак медоданд. Албатта, шеърҳои аввалини Гулчеҳра аз ишқу отифа ва ҷудоиву васли ёр ҳарф мезаданд, аммо баъдтар бо тавсияи устодон Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода ва Боқӣ Раҳимзода ба гуфтани шеърҳои кӯдакона ҷазм намуд. Зеро он замон дар фазои адабиёти бачагона як навъ холигӣ ба вуҷуд омада буд, бавижа аз миёни бонувон шоире, ки бо рӯҳу равони кӯдакон сарукор гирад, кам ба мушоҳида мерасид. Баъдан Гулчеҳра шеърҳои кӯдакона навишт ва зуд ба дили хонандаи кӯчкакаш роҳ ёфт. Ашъораш имрӯз ба 18 забони дунё тарҷума ва чоп шудааст.

Гулчеҳра қисмати аъзами умри хешро ба нашри босифату пурмазмуни маҷаллаи маъруфи «Машъал» (имрӯза «Истиқбол») бахшида, то синни нафақа дар ин нашрия кор кард. Дар ҳамаи мақолаву матлабҳои ӯ рушди адабиёти кӯдак, нашри ҳар чи бештари барнома, китоб ва ҳафтаномаву моҳномаҳои бачагона қотеона тақозо мешавад. Ба андешаи ӯ, адабиёти асилу мондагори ҳар миллат аз адабиёти бачагонааш оғоз меёбад. Зеро таваҷҷуҳ ба ин бахши адабиёт таваҷҷуҳ ба ояндаи халқу миллат аст. 3 январ 90-сола шуд Гулчеҳраи азизи мо. Ҳумоюнмелоди Шоира хуҷаста бод!

Бузургмеҳри Баҳодур

Tags: ادبیات تاجیکادبیات کودکگلچهره سلیمانی

Related Posts

Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?
Women

Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?

1 November 2019
Чиро диктотурҳо аз қиссагӯён метарсанд?
Minorities

Чиро диктотурҳо аз қиссагӯён метарсанд?

1 October 2019
“Ҷавонон барои волоияти қонун”
Multimedia

“Ҷавонон барои волоияти қонун”

1 November 2019

This ad can be change in the Widget Section – Default Sidebar

“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

© 2018 Radio Zamaneh, Tajikistan

No Result
View All Result
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо