Дидори Руҳонӣ ва Ардуғон дар пасзаминаи афзоиши танишҳо байни Ҷумҳурии Исломӣ ва Иёлоти Муттаҳида рух медиҳад. Ин дидор, рӯзи 15 июн/25 хурдод дар ҳошияи панҷумин нишасти сарони Конфронси таъомул ва эътимодсозӣ дар Осиё (СИКО) бо Раҷаб Тайиб Ардуғон, раиси ҷумҳурии Туркия, рух дод.
Ин дар ҳолест, ки панҷшанбеи гузашта ҳамла ба ду нафткаш дар дарёи Умон танишҳоро афзоиш дод. Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидони умдааш дар Ховари Миёна ангушти иттиҳомро ба сӯи Эрон нишона рафтаанд. Теҳрон ҳар гуна дахолатеро такзиб карда ва иттиҳомҳо алайҳи худро «машкук» ва «тавтеъаомез» тавсиф кардааст.
Ҳамлаи панҷшанбе охирин намуна аз маҷмӯъаи ҳодисаҳоедар ҳафтаҳои ахир (ҳамчун харобкорӣ дар нафткашҳо дар наздикии бандари Фаҷираи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, ва ҳамалоти паҳподӣ ва мушакии ҳусиҳои Яман алайҳи Арабистон) буд, ки вазъият дар Халиҷи Форсро буҳронӣ кардааст.
Раисҷумҳурони Туркия ва Эрон дар ҳошияи кунфронси «Таъомул ва эътимодсозӣ дар Осиё» дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, дидор карданд. Раҷаб Тайиб Ардуғон ва Ҳасани Рӯҳонӣ дар ин дидор аз таҳримҳо ва якҷонибагароӣ интиқод карданд. Раиси ҷумҳурии Эрон аз алоқамандии Теҳрон ба тавсеъаи равобит бо Туркия, бахусус дар ҳавзаҳои иқтисодӣ, хабар дод ва хостори афзоиши ҳаҷми мубодилоти ду кишвар ба рақами 30 милёрд дулор шуд. Раиси ҷумҳурии Туркия низ гуфт, ки кишвараш алоқаманд аст муносибот бо Теҳронро тавсеъа диҳад.
Ҳасани Рӯҳонӣ дар ҳошияи панҷумин иҷлоси СИКО зуҳри шанбе бо шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ, амири Қатар,низ дидор кард. Ба навиштаи расонаҳои эронӣ, густариши равобити ду кишвар аз мавзӯъоти аслии ин дидор буд. Ҳарду тараф дар ин дидор бар ройзанӣ ва гуфтугӯ ба унвони шевае барои ҳалли ихтилофот дар минтақа таъкид карданд.
Раиси ҷумҳурии Эрон дар суханронии имрӯзи худ дар иҷлоси СИКО гуфт, ки “Эрон наметавонад яктарафа дар тавофуқи ҳастаӣ боқӣ бимонад ва лозим аст соири кишварҳо саҳми худро барои ҳифзи ин тавофуқи муҳим бипардозанд.” Ӯ ҳамчунин аз тасмими кишвараш ба коҳиши таъаҳҳудот дар тавофуқи ҳастаӣ хабар дод ва афзуд «дар сурати адами дарёфти посухи муносиб, баночор иқдомоти бештаре анҷом хоҳем дод.»
СИКО як иҷлоси осиёӣ барои беҳбуди ҳамкориҳо, иртиқои сулҳ, амният ва пойдорӣ дар ин минтақа аст.
Иҷлоси имсол бар мавзӯъи «биниши муштарак барои як минтақаи амн ва муваффақтар» мутамаркиз аст.



