Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
No Result
View All Result
فارسی | English
Zamaneh Tajik
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо
Zamaneh Tajik
No Result
View All Result

Унвони ифтихории профессори Донишгоҳи байналмилалии мутолеъоти бунёдии Русия ба Заур Дахте, аккоси номии томии Тоҷикистон

golshan by golshan
19 February 2019
in Фарҳанг

زاور دخته، فیلمبردار و عکاس مشهور تاجیکستان، عضو ریاست کانون بین‌المللی عالم‌پور عنوان افتخاری پرفسور دانشگاه بین‌المللی متالیعات بنیادی روسیه را دریافت کرده است. همچنین گروهی از هنرمندان روس به آقای دخته برای سهمش در تحکیم روابط بین‌المللی و توسعه فرهنگ جهانی سپاسنامه تقدیم کردند.

Заур Дахте ва Муҳддини Олимпур (аз боугонии Конуни Олимпур дар Душанбе)

Заур Дахте, филмбардор ва аккоси машҳури Тоҷикистон, узви раёсати Конуни байналмилалии Олимпур унвони ифтихории профессори Донишгоҳи байналмилалии мутолеъоти бунёдии Русияро дарёфт кардааст. Ҳамчунин гурӯҳе аз ҳунармандони Русия ба оқои Дахте барои саҳмаш дар таҳкими равобити байналмилалӣ ва тавсеъаи фарҳанги ҷаҳонӣ сипоснома тақдим карданд.

Ифтихорномаи Заур Дахте

 

Ахиран дар чорчуби рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия дар китобхонаи давлатии Русия дар шаҳри Маскав намоиши аксҳои Заур Дахте таҳти унвони “Тоҷикистони муосир” баргузор шуд. Ин намоишгоҳ 60 акси ин аккоси шинохташударо дар бар мегирифт ва аз манзараҳои зебои Тоҷикистон, чеҳраи афрод ва ҷашну маросими миллӣ иборат буд. Ин намоишгоҳ панҷ рӯз идома дошт ва онро садҳо тан аз сокинону меҳмонони шаҳри Маскав ва тоҷикистониёни муқими Русия тамошо карданд. Барои баргузор кардани ин намоишгоҳ, мудири кулли Китобхонаи давлатии Русия В.В.Дуда ба Заур Дахте номаи сипос навишта,ки дар аксҳои зер мебинед.

Заур Дахте, аккоси номии Тоҷикистон

 Имрӯз ҳам дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон намоиши осори аккосии Заур Дахте баргузор шуд.
Ба ин аккос ва филмбардори маъруф, ки бо вуҷуди синни боло ҳамчунон дар муаррифии таъриху фарҳангу ҳунари мо ба ҷаҳониён бедареғ заҳмат мекашад, изҳори сипос мекунем.
Хаста набошед Заур Рустамович!

Tags: Донишгоҳи славянии Русия ва ТоҷикистонЗамона ТоҷикистонЗаур ДахтеКонуни байналмилалии ОлимпурТоҷикистон

Related Posts

Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?
Women

Китобҳои кӯдаки феминистӣ барои чи касе нивишта мешаванд?

1 November 2019
Чиро диктотурҳо аз қиссагӯён метарсанд?
Minorities

Чиро диктотурҳо аз қиссагӯён метарсанд?

1 October 2019
“Ҷавонон барои волоияти қонун”
Multimedia

“Ҷавонон барои волоияти қонун”

1 November 2019

This ad can be change in the Widget Section – Default Sidebar

“Замона” як бунёди расонаии мустақил аз давлатҳо ва аҳзоби сиёсӣ аст, ки дар заминаи хабаррасонӣ, арзаи гузориш ва таҳлилу омӯзиш фаъолият мекунад. Вебсойти аслии “Замона” ба забони форсӣ аст. “Замона” илова бар Эрон ба Тоҷикистон ва Афғонистон ҳам таваҷҷуҳи вижа дорад. Мабнои ин таваҷҷуҳ, талош барои тафоҳум, дӯстӣ ва сулҳ ва табодули фарҳангӣ дар минтақа ва кулли ҷаҳон аст.

© 2018 Radio Zamaneh, Tajikistan

No Result
View All Result
  • Хона
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Ҷомеъа
  • Фарҳанг
  • Муҳити зист
  • Дар бораи мо